Амрико омода аст то аз ҷанги Аҳмад Масъуд бо Толибон ҷилавгирӣ кунад
Нависанда: Андрей Серенко, мудири Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Манбаъ: “Независимая газета”, Русия
Иёлоти Муттаҳида дар назар дорад аз ҷангидани Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон (ҶММА) ва раҳбари он Аҳмад Масъуд бо режими гурӯҳи террористии Толибон (мамнуъа дар Русия) ҷилавгирӣ кунад. Тафсири расмии вазорати умури хориҷаи Амрико дар ин бора дар нашрияи Foreign Desk мунташир шуд. Баёнияи намояндаи вазорат, иттилоотеро, ки пеш аз ин тавассути “НГ” мунташир шуда буд, таъйид мекунад, ки Вашингтон дар ҳол омода шудан барои анҷоми як муомилаи сиёсии дувум бо Толибон аст.
Вазорати хориҷаи Амрико муваффақиятҳои ахири низомии Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар набард бо Толибон дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистонро маҳкум кард. Ба таърихи 8 июл, Foreign Desk матни бисёр ҷолиберо бо унвони "Нерӯҳои муқовамати Афғонистон эъломи пирӯзӣ бар Толибон дар вилояти Бағлон кард, вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида муқовамати афғонҳоро маҳкум мекунад" мунташир намуд, ки дар он мавзеъи расмии мақомоти дипломатии Амрико ироа шудааст: "Мо мехоҳем шоҳиди зуҳури як назми сиёсии пойдор ва босубот (дар Афғонистон) бо абзорҳои мусоламатомез бошем. Мо аз мухолифати хушунатомези созмонёфта бо Толибон ҳимоят намекунем ва аз анҷоми ин кор тавассути нерӯҳои дигар ҷилавгирӣ хоҳем кард”. Баёнияи вазорати хориҷаи Амрико қатъан барои дарки стратегияи Вашингтон дар Афғонистон муҳим аст. Ин иттилооти мунташиршуда дар “НГ” дар 16 июни соли ҷориро таъйид мекунад, ки аз манобеъи афғон, ки дар нишастҳои пӯшида бо намояндагони амрикоӣ дар авохири моҳи май ва аввали июн ширкат доштанд, дарёфт шудааст. Ёдовар мешавем, ки он замон дар ҷараёни машваратҳо бо муҳоҷирони сиёсии афғон, Томас Вест, намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон, барои аввалин бор ба сароҳат гуфт, ки Вашингтон натанҳо бо режими Толибон дар Кобул намеҷангад, балки дарвоқеъ алоқаманд ба тақвият ва машрӯъият бахшидан ба он гурӯҳ аз тариқи модели як давлати фарогир аст.
Бо ин ҳол, яку ним моҳи пеш, дар гуфтугӯ бо фиристодагони амрикоӣ, ҳанӯз ҳеҷ интиқоди ошкоре аз мухолифони мусаллаҳи зидди Толибон дар Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, раҳбари ҶММА вуҷуд надошт. Илова бар ин, ҳамин Томас Вест ба ҷаласоти худ дар Туркия, аз ҷумла намояндагони Ҷабҳаи муқовамати миллиро даъват кард ва онҳоро ширкаткунанда дар проекти ҷадиди Амрико дар Афғонистон - баргузории як конфронси бузурги байнулафғонӣ дар Вашингтон мебинад, ки интизор меравад дар он Толибон ва раҳбарони ҳамаи гурӯҳҳои бузурги муҳоҷирати сиёсии Афғонистон ширкат кунанд. Натиҷаи ин конфронс бояд дувумин тавофуқи сиёсии байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон бошад (аввалин тавофуқ дар поёни феврали соли гузашта дар Қатар ҳосил шуд), ки намояндагони он ҳамчунон ба ифои нақши раҳбарӣ дар кобинаи фарогири эҳтимолии вузарои Афғонистон идома хоҳанд дод.
Дар баёнияе аз 8 июл, вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида натанҳо дар воқеъ ҳимояти ошкор аз режими Толибонро эълом кард, балки барои аввалин бор аланан арзиши сиёсии ин гуруҳро барои Вашингтон нишон дод. Ва ин арзиш ба вузӯҳ болотар аз Ҷабҳаи муқовамати Аҳмади Масъуд аст. Зарурати аланӣ нишон додани чунин интихоб, он гуна, ки мумкин аст тасаввур шавад, на бо заъфи ҶММА, балки баракс, бо тақвияти мавозеъи ҷунбиши Аҳмади Масъуд дар шимоли Афғонистон муртабит аст. Дар ҳоле, ки масъудиҳо фақат аз худ дифоъ мекарданд ва бо ҳуҷуми Толибон дар Панҷшеру Бағлон мубориза мебурданд, суханронони амрикоӣ сукутро ихтиёр карда буданд. Аммо фақат лозим буд, ки ҷанговарони ҶММА дар ҷараёни як ҳамлаи маҳаллӣ, контроли ду рустои нисбатан бузург дар вилояти Бағлонро ба муддати се рӯз ба даст гиранд ва воҳидҳои Толибонро аз онҷо берун бизананд (ба гуфтаи манобеъи НГ, дар ҷараёни ин амалиёт, Толибон дасти кам 12 нафарро аз даст доданд), ки билофосила вокуниши таҳдидомези Вашингтонро ба думбол дошт.
Баёнияи вазорати умури хориҷа ба чанд натиҷа мерасонад. Аввалан он даста аз нозироне, ки дар фурӯпошии режими ҷумҳурии исломӣ дар Афғонистон дар августи 2021 ва интиқоли ин кишвар ба контроли Толибонро муомилае пушти парда байни амрикоиҳо ва раҳбарони Толибону гардонандаҳои онҳо аз сервисҳои вежаи Покистонро медиданд, дуруст мегӯянд. Вашингтон сипас интихоби стратегии худро ба нафъи Толибон анҷом дод ва имрӯз дар талош аст то аз ин гуруҳ дар баробари мухолифони мусаллаҳи зидди Толибон муҳофизат кунад. Сониян, касоне, ки дар проекти ҶММА бо ишора ба иртиботи иддаоии Аҳмад Масъуд бо Лондон ва Вашингтон аз "из"-и амрикоӣ ё англисӣ сӯҳбат карданд, иштибоҳ мекунанд. Ҳама чиз комилан баракс шуд: фиристодагони амрикоӣ ва бритониёӣ чандин моҳ аст, ки талош мекунанд то мақомоти режими Толибон дар Кобул ва Дохаро маҷзуб (ҷазб)-и худ кунанд ва ба “муллоҳои хашмгин” проектҳои мухталифи башардӯстона, молӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ваъда медиҳанд. Раҳбарони ҶММА аввалин корти зардро аз довари Вашингтон дар "Бозии бузург" – и ҷадиди Афғонистон дарёфт карданд.
Ҳаракати алании ҷадиди амрикоиҳо дар сафҳаи шатранҷи Афғонистон, албатта, барои меъморони сиёсати Афғонистон дар Маскав як иттифоқи нохушоянд аст. То ба ҳол, худашон ва муфассиронашон муштоқона мухотибони русиро мутақоид мекарданд, ки Толибон зоҳиран душманони собити Иёлоти Муттаҳида ва ба таври куллӣ Ғарб ҳастанд ва бинобарин Кремл бояд режими Толибонро ҳар чӣ зудтар ба расмият бишносад ва аз он алайҳи Амрико дар як ҷанги сарди ҷадид истифода кунад. Ба ҳамин манзур, созандагони стратегияи Русия дар Афғонистон натанҳо раҳбарон ва ҷангиёни Толибонро бо нафистарин таоруфоти сиёсӣ навозиш карданд, балки сафорати Афғонистон дар маркази Маскавро низ ба Толибон таҳвил доданд. Дар айни ҳол, ҳамон тӯдаҳои афғонистоншиносии ватанӣ аз беэътибор кардани муқовамати зидди Толибон ба раҳбарии ҳамин Аҳмад Масъуд дар чашми афкори умумии Русия ва раҳбарии Федератсияи Русия хаста намешуданд. Бадеҳӣ аст, ки акнун Маскав бояд ба шиддат дар сиёсати худ дар Афғонистон таҷдиди назар кунад (, ки иттифоқан мо барои муддати тӯлонӣ ва беш аз як бор хостори он будаем) зеро ҳифзи раванди феълӣ ба маънои ифои нақши аблаҳони муфид барои рақиби аслии геополотикии Русия аст. Идомаи бовар ба афсонаҳои тавтеаӣ дар бораи “чизҳо дар Афғонистон воқеан он тур, ки ба назар мерасанд, нест” ба маънои анҷоми як бозии аз қабл бохташуда бо чашмандози авоқиби бисёр ғамангез барои манофеъи Русия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд.