Нигоҳи амрикоиҳо ба Аҳмад Масъуд стреотип аст ва онро мустақим бо Аҳмадшоҳи Масъуд робита медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ дӯсти Амрико пиндошта намешуд
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон неруҳояшро бурун сохт, то бо абзори каммасраф, вале мухарриб нуфузашро ҳифз кунад.
- Суқути Кобул бидуни иттилоъ ва тасмими амрикоиҳо сурат гирифта наметавонист.
- То пеш аз тавофуқи Доҳа миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Толибон, мақомҳои ҳокими амрикоӣ дар Афғонистон барномаи ҳимоят аз Кобулро гом ба гом ба сӯи ҳамкорӣ бо Толибон ба ҳайси чамоқи мутмаин дар “стротижии глобалӣ” тағйир доданд.
- Наздикӣ бо Толибон, дар воқеъ баргашт ба стротижии даҳаи ҳаштоди Амрико барои ҷуғрофияе ба номи Афғонистон буд, ки ҷиҳодизми минтақаӣ ва байналмилалиро низ шомил мешавад.
- Ду сол пайвандҳои гарм ва бидуни ҷанги Толибон бо неруҳои амрикоӣ ва НАТО сароғози омодасозии Толибон барои гирифтани қудрат ва масъулият буд.
- Мутобиқи барнома зиндониҳои Толибон дар Багром, ба вежа аз миёни вобастаҳои Шабакаи Ҳаққонӣ ҳамчун сутуни фуқарот барои гирифтани қудрат ва амалиёти истихборотии оянда тарбия шуданд.
- Ҳазорон зиндонии Толибон пас аз мағзшӯӣ барои плони Б омода гардиданд, ки дар оянда бо чеҳраҳои дасти дувуми паштунтаборҳо аралаш сохта шаванд ва ҳамкории муштарак намоянд.
- Пас аз раҳоӣ ва баргашти зиндонён ба оғӯши Толибон, дарвоқеъ сайтараи вобастаҳои амрикоӣ дар миёни ҷангҷуёни Толибон таъмин гардид.
- Ҳарчанд аз суқути Кобул ба роҳатӣ метавонистанд ҷилавгирӣ кунанд, аммо давоми ҷумҳурият хилофи “стратегияи ҷадиди глобалӣ” пиндошта мешуд.
- Дар стратегияи ҷадид, эҷоди давлат тавассути Толибон ҳадаф набуд, балки ҳамкории онҳо барои «Осиёи Миёнаи бузург» аҳамият дошт.
- Супурдани захоири бузурги таслиҳот барои Толибон ба ҳамин манзур сурат гирифт.
- Инҷимоди захоири арзӣ аз сӯйи Амрико аз як сӯ, хаймашаббозие беш набуд ва, аз сӯи дигар, дар набуди пул ва фурӯпошии низоми иқтисодӣ, фақр ва гуруснагӣ дар байни 35 миллион мардум дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон густариш меёбад ва радикализмро тақвият мекунад.
- Толибон 2.0 баракси давраи пешин дар баробари басо масоил, аз ҷумла, мавзӯъи тазоҳуроти занон вокуниши шадид нишон надоданд, ҳарчанд омӯзиш ва корро ба рӯйи онҳо бастанд. Ҳамчунон, дар баробари озодиҳои нисбии расонаҳо хештандорӣ нишон медиҳанд.
- Пас аз суқут баргашти тадриҷии паштунтаборҳои вобаста ба Амрико ба Кобул бахше аз барномаест, ки Амрико аз тариқи лобиҳои онҳо амалӣ месозанд.
- Ва болохира ниёз буд то Покистон низ дохили стратегияи глобалӣ сохта шавад.
***
- Акнун равшан шудааст, ки хуруҷи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО аз ҷуғрофияе ба номи Афғонистон, на ба далели тамаркуз ба сӯйи Шарқи Дур, балки бо баргашт ба Аврупо аз тариқи Украина робита доштааст.
- Равобити Русия бо Толибон ҳарчанд муаммо нест, вале нишона аз ду гароиш дар сиёсати хориҷии Русия аст, ки боз ҳам бо рӯйдодҳои Украина робита дорад.
- Муҳосибаи стратегистҳои англосаксон бар ин меҳвар мутамаркиз буд, то нахуст Русияро аз тариқи кашондани пояш ба ҷанг дар Украина тазъиф намуда ва монеъи эҷоди меҳвари Русия, Олмон ва Фаронса шаванд.
- Ин барнома бо “брегзит” brexit оғоз гардид ва мунҷар ба тазъифи Иттиҳодияи Аврупо шуд.
- Барои пешгирӣ аз эҷоди меҳвари аврупоӣ талош шуд, то аз пирӯзии Ҳизби демократи масеҳии Олмон дар интихоботи парлумонӣ ҷилавгирӣ сурат гирад, зеро Ангела Меркел ба ҳайси яке аз охирин сиёсатмадори ботаҷрибаи Аврупо ба ҳамроҳи ҳизбаш алоқаманди эҷоди ташаннуҷ дар муносиботи байналмилалӣ, бавежа бо Русия набуд.
- Эмануэл Макрон низ дар басо масоили стратегӣ дар Аврупо, аз ҷумла сохтани лӯлаи гази “Норд Стрим- 2” бо Олмони таҳти раҳбарии Меркел ҳамсӯӣ дошт.
- Вале ҳукумати эътилофии ҷадиди Олмон бо ду ҳизб “Транс Атлантик” - и сабзҳо ва либерал- демократҳо дар кӯтоҳмуддат тавонистанд равобити беш аз ним қарн наздикии тадриҷӣ бо Шарқро ба суди Ғарб ва манофеи Амрико тағйир диҳанд ва ҳатто ба шиддат гомҳои милитаристӣ бардоранд.
- Сафи кишварҳои, ба истилоҳ демократии ҳарфшунав ба Амрико ташкил шуд.
- НАТО пас аз хурӯҷ аз ҷуғрофияе ба номи Афғонистон душмани “кӯҳна” - и ҷадидро бар асоси стратегияи глобалии амрикоӣ дубора фаъол сохт, ки дар ваҳлаи нахуст Русия мебошад.
- Русия ба ҷанги Украина кашонида шуд ва дар даруни НАТО пас аз ду даҳа прокандагӣ то ҳадде ҳамбастагӣ эҷод шуд.
- Украина ба майдони тақобули Шарқу Ғарб барои ҳифзи назми такқутбии қадим аз як сӯ ва эҷоди назми чандқутбии ҷадид аз сӯи дигар мубаддал гардид.
Ҳамон тавре, ки Русия дар оғози ҷанг дучори иштибоҳҳои истихборотӣ ва тактикӣ шуд, Ғарб ба раҳбарии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико низ иштибоҳи бузурги стратегиро муртакиб гардид. Ғарбиҳо муҳосиба намуда буданд, ки бо оғози ҳамлаи тамомаёри Русия ба Украина, ҷанги чандбуъдии иқтисодиро алайҳи он кишвар ба роҳ бияндозанд. Чунончи онро бо таҳримҳои густурда амалӣ карданд. Аммо аз он чӣ бехабар буданд ин ки Русия дар ин густара омодагии қаблӣ дошт. Дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ ба ивази Русия ба суръат домани иқтисоди Ғарбро гирифт. Акнун кишварҳои маъруф ба иқтисоди аввал ба сӯи буҳрони сохторӣ ва рукуди бузург дар ҳаракатанд.
Таърихи сармоядорӣ нишон медиҳад, ки роҳи ҳали буҳронҳо аз тариқи роҳандозии ҷангҳо то ду ҷанги ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир силоҳҳои ҳастаӣ то ҳадде омили боздоранда будааст. Аммо чунон ки дида мешавад, сиёсатгарони моҷароҷӯ кам нестанд, ки ҷаҳонро ба гунаи воқеӣ ба сӯи партгоҳи нобудӣ мекашонанд.
***
Ғарб, ки бо “ҷанги барқосо” - и иқтисодӣ ва вазъи таҳримҳо натавонист Русияро аз по дарандозад, акнун дар садади эҷоди конунҳои ташаннуҷи ҷадид барои Русия мебошад, ки дар Аврупо ҳамоно пазириши Финляндия ва Шветсия ба НАТО ва густариши низомигарӣ дар Лаҳистону ҷумҳуриҳои Балтика мебошад.
Дар Шарқи Миёна Амрико бо Бритониё ба гунаи муштарак мекӯшанд то аз тариқи радикалҳои исломӣ ва эҷоди даргириҳо бесуботӣ ба бор оваранд. Ва дар Ҷануби Осиё ва Осиёи Миёна мехоҳанд ҷуғрофияе ба номи Афғонистонро ба конуни ҷадиди бесуботӣ барои ҳаёти хилвати Русия ва ақибгоҳи Чин мубаддал созад.
Тамоми ин кӯшишҳо дохили як стротижии бузургтаре, яъне Чин сурат мегирад.
Ҳамон тавре, ки дар боло ишора намудам, Ғарб бо берун шудан бо аҷала ва гӯё фирор аз Кобул сенарияи иғвогаронаи “заъф” - ро амалӣ кард.
Таҳлилгарони ғарбӣ бар пояи ҷанги идрокии cognitive warfare ва ҷанги таркибӣ дар дохили стратегияи бузурги глобалӣ кӯшиданд то мавзӯи “хуруҷ” - ро бо доктринаи Трамп пайванд диҳанд, ки истидлол мекард: коҳиши нерӯ дар Афғонистон бояд ба афзоиши нерӯ ва вазоиф дар Шарқи Дур алайҳи Чин мунтаҳӣ шавад.
Вале доктринаи Байден баргашт ба Аврупо буд. Чун паймони Авкус Aukus (Австралия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) алайҳи Чин тоза эҷод шудааст. Нахустинагӣ аз Шарқи Дур бояд ба Аврупо мунтақил мешуд. Ҳадафи нахуст он буд то Паймони Атлантики Шимолӣ - НАТО тақвият гардад ва ҳамзамон ба инҳисороти низомии Амрико дар вазъияте, ки буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дар дами дар истодааст, ҳаракати тоза дода шавад.
Дар канори он бояд Русия тазъиф шавад, то дар баробари чолиши бузург, яъне мусобиқоти таслиҳотӣ тоби муқовимат наёварда ва ҳамчун муттаҳиди қавии низомӣ барои Чин нагардад. Ҳам Русия ва ҳам Чин аз ин тарҳ воқиф буданд ва аз пеш иқдомоти пешгирона иттихоз намуданд.
Албатта, фаҳми стратегияи бузурги Амрико барои ҳамаи кор душвор аст, аммо агар хулоса намоем, амрикоиҳо барои Афғонистон барномаи бузург доранд, ки дигар дар масири баргашт ба вазъияти қаблӣ нест!
Аз ҳамин рӯ, аз Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят намекунад, чун нигоҳи амрикоиҳо ба Аҳмад Масъуд стреотип аст ва онро мустақим бо Аҳмадшоҳи Масъуд робита медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ дӯсти Амрико пиндошта намешуд.
Афроди тарафи муомилаи амрикоиҳо ва бритониёиҳо, яъне чеҳраҳои фосиди низоми ҷумҳурият метавонанд бошанд, ки дар остонаи суқути аввали Толибон бо як сумка доллар худашонро фурӯхтанд ва то охир ба худфурӯшӣ идома доданд.
Ҷамъомади Анқара барои эҷоди «Шӯрои Олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон» ҳам робита бо стратегияи Амрико дорад ва ҳам бахши афроди мутеъ ба Амрикоро ба намоиш мегузорад, ки ҳар лаҳза омодаи ҳамкорӣ дар таҳти раҳбарии Толибон ва паштунтаборонанд.
Том Вест намояндаи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон аз муддате ба ин сӯ бо Толибон ба гунаи мустақим ва ғайримустақим масруфи танзими умур аст.
Ҳугу Шуртар, кордори сафорати Бритониё дар Афғонистон бепарда ҳимояти кишвараш аз Толибонро эълон кард ва гуфт: кишвараш аз хушунат барои тағйири сиёсӣ дар Афғонистон ҳимоят намекунад.
***
Толибони руспӣ бо ақабаи қавмии паштунӣ/афғониашон омодаи муомила бо ҳар қудратеанд, ки пули беҳтар бипардозад.