Бо муборизаи айнӣ барои тамаддуни худ дар баробари тамаддуни ҷаҳонии шайтонӣ, ба дигар тамаддунҳо кӯмак мекунем то ҳамон корро анҷом диҳанд.
Нависанда: Александр Дугин, файласуфи рус
Масъала тақобули нухбагону тӯдаҳо нест. Мавзӯъ ҳам ба ин содагӣ нест. Ду навъи нухба вуҷуд дорад: нухбаи маънавӣ ва нухбаи шайтонӣ. Ҳар ду мекӯшанд тӯдаҳоро дар ҷиҳатҳои мутазод ҳидоят кунанд. Модернитаи ғарбӣ лаҳзаи зуҳури нухбагони шайтонӣ аст. Онҳо қудрат доранду душмани худ, яъне моро саркӯб мекунанд.
Тӯдаҳо истидлол нестанд. Онҳо он чӣ ба онҳо дода мешавад мепазиранд; наметавонанд мутафовит бошанд. Онҳо сирфан бозтобдиҳандаи хиради воқеӣ ё хиради шайтонии таҳрифшудаи андакшуморанд. На хубанд ва на бад, ҳамонанди мода. Ин рӯҳ аст, ки ҳамаи чизро таъйин мекунад ва шайтон низ рӯҳ аст.
Тамоми шаре, ки имрӯз бо он рӯбарӯ ҳастем, бисёр куҳан аст. Сад сол пеш он қадар ошкор буд, ки қудратҳо ва ҷунбишҳои сиёсии азим барои муқобила бо он бархестанд. Аммо шикаст хӯрданд. Шар қудрат гирифт. Мо бо пайомадҳои он зиндагӣ мекунем.
Демократия раъйу интихоби тӯдаҳост. Аммо онҳо фақат ба он чӣ нухбагон пешниҳод мекунанд, раъй медиҳанд ва интихоб мекунанд. Нухбагон демократияро контрол мекунанд. Ин абзори онҳост, мошини онҳост. Ҳар касе нухбагонро контрол кунад, ҳама чизи дигар, аз ҷумла демократияро контрол мекунад.
Ҷаҳонигароӣ тавтеъаи ҷаҳонии нухбагони шайтонӣ аст. Онҳо бо зуҳури модернитаи ғарбӣ шакли ниҳоии худро ёфтанд. Акнун доманаи контроли онҳо тақрибан комил аст. Ин дар мутуни муқаддас омадааст. Аммо интихоби урдугоҳи дуруст дар ин набарди охируззамонӣ вазифаи инсон аст.
Тӯдаҳо наметавонанд интихоб кунанд. Онҳо пайравӣ мекунанду итоат. Танҳо инсони нухба воқеан интихоб мекунад. Ин интихоби воқеӣ, озод ва дар ҳама шароит ҳамвора мумкин аст. Агар бо ҳокимияти шайтонии нухбагони шайтонӣ мувофиқ нестем, бояд онҳоро ҳадаф қарор диҳем. Ин аст инқилоб. Ҳеҷ чизи дигар.
Нухбаи шайтонӣ ҷаҳонӣ, муттаҳид ва комилан ҳамбаста бо марказ фармондеҳии худ аст. Ба ҳамин далел аст, ки тамоми расонаҳо ва шабакаҳои мутааллиқ ба онҳо дақиқан аз як ривояти воҳид пайравӣ мекунанд. Нухбаи ҷаҳонӣ кӯчак, аммо бисёр мунзабит аст. Нухбаи маънавӣ, ки бо ҷаҳонигароён меҷангад, пароканда аст.
Нухбаи маънавӣ маҳаллӣ аст ва ба миллату дин маҳдуд мешавад. Наметавонад миқёси воқеан ҷаҳонии Душман — Антикейменос (ба як маъно – Даҷҷол – “Сангар”)-ро дарк кунад. Заъиф ва пароканда аст. Аммо агар воқеан маънавӣ бошад, ҳамаи касонеро, ки нишони рӯҳро доранд, бозмешиносад. Генон ва Евола (онҳое, ки тамаддуни муосирро рад мекарданд – “Сангар”) заминаро омода кардаанд.
Суннатгароӣ бояд ба як воқеияти роҳбурдии айнӣ, як шабакаи инқилобӣ бадал шавад. Наметавонад як ҷунбиш ё ҳизб бошад. Бояд ба чизе мутафовит табдил шавад. Наметавонем тақрибан бифаҳмем, ки чӣ бояд бошад, агар он чиро, ки дар ҳама масоили минтақаӣ беш аз ҳама рад мекунем, бо ҳам муқоиса кунем.
Он чӣ дар ҳамаи кишварҳо беш аз ҳама аз он нафрат дорем, моро муттаҳид мекунаду заминаро барои сатҳи болотар аз андеша фароҳам месозад. Суннатгароӣ бояд ба як роҳбурди ҷаҳонӣ табдил шавад. Ин ҳамон ирода ба сӯи назми тамаддунӣ аст. Тамаддун дар зоти худ ба маънои суннат аст.
Бо муборизаи айнӣ барои тамаддуни худ дар баробари тамаддуни ҷаҳонии шайтонӣ, ба дигар тамаддунҳо кӯмак мекунем то ҳамон корро анҷом диҳанд. Ин нуктаро бояд дарак кард. Ин нуқтаи тағйири бозӣ аст. Мо бояд интернатсионали суннатгароёнро оғоз кунем: оянданигару таҳоҷумӣ, на дифоӣ.
Мушкили аслии сафедпӯстон ин аст, ки худро бо Ғарб, бо модернита, бо истеъмор, бо моддигароӣ, бо сармоядорӣ ва бо фанноварӣ яке донистанд. Ва ҳамаи инҳо суннати муқаддасеро, ки замоне дар гузашта доштанд, аз байн мебарад (ё аз байн бурдааст).
Суннати муқаддаси сафедпӯстон ба дасти худи сафедпӯстон нобуд шуд. Суннат нест —сафедпӯст нест. Ин қатл нест; худкушӣ аст. Сафедпӯстон худкуширо баргузиданд ва онро пайдо карданд.
Сафедпуст будан яъне чӣ? Тақрибан ҳеҷ, ҷуз зоҳири физикӣ. На арзишҳои муқаддас, на дин, на решаҳо. Фақат муваффақияти иқтисодӣ ва тамаъи капиталистӣ. Дигар ҳеҷ далеле барои сафедпӯст будан вуҷуд надорад. Ҷаҳонигароӣ тавассути сафедпӯстон эҷод ва иҷро шуд.
Сафедпӯстони ҷаҳонигаро мехостанд тамоми башариятро дақиқан шабеҳи худ кунанд ва то ҳадде ҳам муваффақ шуданд. Аммо дар нуқтае дарёфтанд, ки дигар далеле барои сафед мондан вуҷуд надорад. Ҳама бояд “ҷаҳонӣ” мешуданд. Ва аз ҳамон ҷой худнобудкунии сафедпӯстон оғоз шуд.
Эй сафедпӯстон, ғайрисафедпӯстонро барои нобудии худ сарзаниш накунед. Худатонро сарзаниш кунед. Ғарбро сарзаниш кунед. Модернитаро сарзаниш кунед.