Хабари рӯз

Амният дар Афғонистон танҳо дар пайи ҳамгироии минтақаӣ, минтақагароӣ ва иҷмоии минтақаӣ меояд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар рӯйкарди ҳамкориву таомули минтақа барои ҳаллу фасли муъзали Афғонистон, муқобила бо таҳдидоти амниятии рӯзафзун, ки амнияти тамоми минтақаро бо хатар мувоҷиҳ сохтааст, иҷмоии сиёсӣ ва амниятӣ, минтақагароии маънодор ва ҳамгироӣ бо решаҳои манофеии бозигирони зинфъ, як зарурати мубрам шумурда мешавад.

Мубориза бо чолишҳои ҳаммонанди терроризм, ифротгароии мазҳабӣ, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, суботи сиёсӣ ва талош барои касби фурсатҳо барои мубаддал сохтани Афғонистон ба маъбаргоҳи транзитӣ барои равнақи иқтисодӣ, танҳо дар қолаби иҷмои минтақаӣ имконпазир аст.

Дар ин навиштор, қасд бар ин аст то бо баррасии имкони эҷоди иҷмои минтақаӣ ва бистарсозӣ барои ҳамгироӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, роҳи ҳалли эҳтимолӣ барои муъзали Афғонистони даргири хушунат, ки беш аз чаҳор даҳа аст бо он дасту гиребон аст, пешниҳод гардад.

Аз ин ки то ҳол минтақа аз таомулу ҷӯромади амниятӣ перомуни вазъияти Афғонистон истифода бурдааст, яъне сиёсатҳои ниҳодинашуда барои рафъи бесуботӣ дар минтақа, ки Афғонистон конуни он шудааст, ба гунаи низомманд сурат нагирифтааст. Ҳатто ҳеҷ гоҳ дар мавриди мантиқи минтақагароӣ, ҳамгирои минтақаӣ ва ташкили як иҷмои минтақаӣ, ки ба асоси он, ибтидо сулҳ ва суботи сиёсӣ дар Афғонистон таъмин шавад ва дар қадами дувум, тамоми заминаҳо ва бистарҳои амниятзудоӣ, ки эҳтимолан аз Афғонистон реша хоҳад дошт, зудуда шавад, сӯҳбат нашуда ва минтақа алоқамандӣ ба он нишон надодааст.

Аслан се истилоҳи минтақагароӣ, иҷмоӣ минтақаӣ ва ҳамгароии минтақаӣ, аз ҷумлаи муаллифаҳои асосӣ барои пешниҳоди як роҳҳали пойдор барои таъмини суботу сулҳ дар Афғонистон, бояд мадди назар гирифта шавад, зеро мушкили терроризм, ки минтақаро бо таҳдидҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ сохта, маводи мухаддир, ки манбаи даромади бесуботии сиёсӣ, ноамнӣ ва тамвили терроризм маҳсуб мешавад, ҷудоиталабӣ, ки заминасози бесуботиву ҷангҳои ниёбатӣ аст ва муқобила бо тундравии мазҳабӣ, ки дар талош аст, то назму амнияти минтақаро барҳам занад, аслан аз дидгоҳҳои ҳамгироӣ, иҷмои минтақаӣ ва минтақагароӣ нигариста нашудааст.

Минтақагароӣ иборат аз вуҷуди давлатҳоест, ки дорои алоиқи муштарак ҳастанд ва аз тариқи созмонҳои минтақаӣ бо якдигар ҳамкориҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро дар дастури кор қарор медиҳанд. Ин мафҳум дар даврони “ҷанги сард” ба мафҳуми амниятӣ ва сиёсии он, бештар муравваҷ буд, аммо ҳоло манофеи иқтисодӣ ва барномаҳои судовари молӣ, дар дастури кори он қарор дорад.

Ҳамгироии минтақаӣ дарвоқеъ иттифоқи назар дар мавриди масоили муҳим ва талоши ҷамъӣ барои ҳалли он аст, ки заминаро барои суботу сулҳи минтақаӣ мусоид месозад. Ва иҷмои минтақаӣ, ба ҳолате далолат дорад, ки ба иллати вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, фурсатҳои ҳамсон дар ин арсаҳо, давлатҳо рӯи усуле ба ночор тавофуқ мекунанд. Дар ин мафҳум, иҷмоъ ба маънои тавофуқи назари дохилӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳодд шудани буҳронҳоест, ки мумкин аз манобеи  фароминтақаӣ обишхӯр дошта бошанд.

Аммо дар ин миён мафҳуми ҳамгироӣ, бештар аз он ки ҳадаф бошад, равандест, ки як сӯи он идғоми иқтисодӣ ва сӯи дигараш иттиҳоди сиёсӣ ва иттихози рӯъёҳои муштарак дар сиёсатҳои хориҷӣ ва амниятӣ аст, то кишварҳои маҳсур дар як ҷуғрофия, дар ҷиҳати дахолати маънодор дар он ки суди ҷамъӣ ва ҳамаҷонибаро таъмин мекунад, рӯи як раванд ва ба асоси як механизм кор мекунанд.

Аммо дар Афғонистон, оё раванди ҳамгироии минтақаӣ, иҷмои амнияти минтақаӣ ва минтақагароӣ ба маънои воқеъгароёнаи он, имкону бистари муносиби худро ёфтааст?

Барои ёфтани посухи муносиб ба ин пурсиш, ибтидо бояд вазъияти мавҷуди минтақа, ниёт ва аҳдофи қудратҳои минтақа ва авомилеро баррасӣ кунем, ки боис ва ё иллати татбиқ ва ё адами татбиқи ин раванд мешаванд. Аз ин, ки таҳдидҳо дар минтақа, маъмулан хусусияти амниятӣ доранд ва барометрҳои сиёсиву иқтисодӣ низ бар он чарбӣ мекунад, бояд нақши мустақими қудратҳои минтақаро дар ин раванд ба гунаи мудохилонагароёна баррасӣ ва мавриди баҳс қарор диҳем.

- Ибтидо минтақа бояд як мудохилаи маънидор, бо ҳадафи таъмини амнияту субот дар минтақаро дар як чорчӯби муназзам ва муштараки амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯи даст гирад. Яъне бо мадди назардошти чолишҳо дар равобит миёни бозигарони минтақаӣ, ваҷҳаи таъмини суботу амният дар Афғонистон, бамаротиб пурмафҳумтар ва ҳоизи аҳамият аст. Ин кор бо таваҷҷуҳ ба аҳамияту нуфузи созмонҳои минтақаӣ, ки ҳама қудратҳои минтақаро дар худ ҷо дода, имконпазир аст. Масалан, СҲШ, ки дар он, Чин, Русия, Эрон, Покистон, Ҳинд ва соири бозигарони матраҳи минтақаӣ, ҳузур доранд, метавонад минҳайси як чатри муштараки тафоҳум ва ҳамкорӣ дар арсаи таъмини сулҳу субот дар минтақа ва бахусус дар Афғонистон матраҳ шавад;

 - Талош барои тақвияти як назми босуботи сиёсӣ дар Афғонистон, ки манофеи ҷамъии минтақаиро таъмин кунад ва давлатҳои минтақа дар он, манофеи муштарак ва эътиқод ба муборизаи муштарак дар баробари таҳдидҳои амниятӣ, сиёсиву иқтисодӣ, ламс кунанд. Дар зимни он, тарроҳии як модели сиёсии муваффақ дар сатҳи минтақа, ки тамоми кишварҳои минтақаро ба пайравӣ аз он боздорад, талош барои маҳори чолишҳои барҳамзанандаи суботи сиёсӣ дар сатҳи минтақа ва ҷудо аз мавқеияти хоси ҷуғрофиёӣ, нақши пурранги дипломатияи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва эҷоди заминаҳо барои хатми бистари рақобати амниятӣ ва таъвизи он ба рақобати иқтисодӣ, ки боиси беҳтар шудани вазъияти амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ хоҳад шуд;

 - Талош барои ҳамгироии иқтисодие, ки метавонад бо меҳварияти Афғонистон, бистарсози равнақи иқтисодӣ дар минтақа бошад. Транзити энергияи мавриди ниёз, монанди барқу маводи хоми сӯхт, маводи иртизоқӣ, бозорҳои масрафиро дар ҷиҳати эҷоди як назми минтақаӣ ба вуҷуд биоварад. Эҷоди бозори муштарак, талош барои воҳиди пулии муштарак, тиҷорати озод, рафъи таърифаҳои газофи гумрукӣ, ташвиқи сармоягузории чандмиллиятӣ дар қолаби ғӯлҳои иқтисодӣ, талош барои эҷоди ҳамгироии сиёсӣ дар қолаби дипломатияи иқтисодиву фарҳангӣ. Фақат дар ин сурат аст, ки Афғонистон ба сулҳу субот мерасад;

- Ҳамгироии амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои матраҳи амниятӣ, паймонҳои муртабит ба он, ки бистарсози маҳори таҳдидҳои рӯзафзуни амниятӣ дар минтақа шавадро низ дорад. Иттисоли шабакаҳои амниятӣ дар кишварҳои минтақа, эҷоди воҳиди муштараки ҳамоҳангии амниятӣ миёни кишварҳои минтақа, тафоҳум рӯи роҳандозии размоишҳои муштараки амниятӣ, ташкили як қувои ҳофизи сулҳи чандмиллиятӣ, талош барои маҳори чолишҳои амниятӣ дар як раванди чандҷонибагароёна, ниёзи фаврӣ ҳисоб мешаванд. Чун чолишҳо дар баробари Афғонистон ва мутаоқиби он минтақа, чандваҷҳӣ, дорои абъоди васеи фароминтақаӣ аст, биноан ниёзманди як роҳкори ҷамъӣ барои ҳаллу фасли он аст. Терроризм ҳаммонанди хислати барҳамзанандаи амниятии он, метавонад мӯҷиби ҳамгироии минтақаӣ шавад ва заминаро барои иттиҳодҳо ва эътилофҳои амниятиву стратегӣ, ба вуҷуд биоварад. Ҳамчунин таъйини дастурҳои кори низомӣ барои муқобила бо вазъиятҳои эҳтимолии таҳдидҳои амниятӣ, равиши муназзами бакоргирии қувои чандмиллиятии низомӣ, ки муташаккил аз кишварҳои минтақа бошад, заминаро барои субот у амният дар Афғонистон ва минтақа мусоид хоҳад сохт. Дар буъди иҷмои амниятӣ бояд арз шавад, ки ҳеҷ роҳи ҳалли пойдор барои таъмини субот дар Афғонистон ва мутаоқиби он дар минтақа вуҷуд надорад, то замоне, ки минтақа дасту остин бар назанад ва ибтикори амалро дар даст нагирад. Афғонистон ило расидан ба як ҳолати эътидол ва истиқрори назму суботи сиёсӣ, ниёзманди як қувои ҳофизи сулҳи чандмиллиятӣ  аз минтақа ва махсусан паймони Шанхай аст.

Қудратҳои матраҳи минтақа,  ҳаммонанди Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд ва сохторҳои қудратманди иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ метавонанд бо иттико ба равиши сохторманди иҷмои минтақаӣ, ҳамгироии минтақаӣ ва минтақагароии бомафҳум, дар баробари чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон, мубориза ва муқобилаи маънидор кунанд. Ин раванд чун чандҷонибагароёна аст, ҳам заминаи ҳар гуна мудохилаи фароминтақа барои таъқиби аҷандоҳои амниятзоро мунтафӣ месозад ва ҳам тазмине мебошад барои таъмини сулҳу субот дар минтақа. Дар баҳс се мафҳум зикр шудааст, ки минтақа равнақи иқтисодиашро боз ёфта, ба суботи сиёсӣ ноил шуда ва беҳтар метавонад бо таҳдидҳо муқобила кунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!