Танҳо минтақа қодир аст амнияти аздастрафтаи Афғонистонро баргардонад ва онро аз терроризм муҳофизат кунад, на Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополотика, махсус барои "Сангар"
Агарчи дар ибтидои ба қудрат расонидани Толибон, нигоҳи мусбати минтақа ба ин гурӯҳ вуҷуд дошт, аммо рафта-рафта, ин нигоҳи мусбат ба як диди манфӣ мубаддал шуд. Иллат он ин аст, ки Толибон моҳиятан як унсури шарр, мухилли амният ва як тофтаи ҷудобофта аз назми амниятии минтақа ва перомунӣ ҳастанд.
Бо мадди назардошти ин воқеият, нигоҳи воқеъбинона ба қазияи Афғонистон, ҳеҷ калидеро минҳайси роҳҳал дар дастрас нишон намедиҳад, ҷуз ин ки минтақа бо тавону зарфияти амалиётиаш буҳрони ин кишварро ҳаллу фасл кунад. Танҳо минтақа қодир аст, то амнияти аздастрафтаи Афғонистонро дубора ба ин кишвар баргардонад ва ин ҷуғрофияро аз хатари терроризму ифротгароии динӣ, ки дар хидмати манофеи Амрикову муттаҳидони ғарбиаш аст, масъун созад.
Нигоҳи меҳварии мо ба зарфияти нуҳуфта дар минтақа аст. Чин қудрат ва тавоноии болои иқтисодӣ дорад, метавонад иқтисоди вобастаи Афғонистонро ҳаддиақалӣ дар ҳолати эътидол нигаҳ дорад ва дар масири тавсеаи иқтисодӣ онро ҳидоят кунад. Эрониҳо тавони баланди амалиётиву зиддитеррористӣ доранд ва метавонанд дар ин росто дар ҳамоҳангӣ бо Чину Русия қудрати рӯ ба рушди ифротгароӣ ва тундравии мазҳабиву диниро маҳор кунад.
Аммо нақши барҷастаи Русияро набояд аз ёд бурд. Ин кишвар шинохти амиқе аз Афғонистон дорад. Дар он ҳузур дошта ва барои солиёни мутамодӣ даргири қазияи Афғонистон будааст. Русҳо бо зарфияти баланди низомӣ, амниятӣ ва нуфузи афазояндаи иқтисодӣ дар минтақа, метавонанд шоҳкалиди субот ва амният дар Афғонистон бошанд. Ба ҳамин манзур аст, ки ин рӯҳия кам-кам дар миёни афғонистониҳо ва минтақа шакл гирифта, ки танҳо минтақа метавонад мушкили Афғонистонро ҳаллу фасл кунад ва буҳрони мудохилаи манфиатҷӯёнаи Амрикоро дар ин кишвар, ки ба як манбаи бузурги бесуботиву ноамнӣ мубаддал шавад, хотима диҳад.
Ҳоло утоқҳои фикрии кишварҳои минтақа нигоҳи тардидомезашонро нисбат ба Толибон бо иттихози як силсила тадобир ошкор сохта ва ба моҳияти аслии Толибон минҳайси дастнишондаи Амрико пай бурдаанд. Ба ҳамин лиҳоз, Русия ибтикори амалро дар даст гирифта ва нишастҳоеро бо ҳузури мухолифони Толибон ва ҷабаҳоти муқовимат доир карда ва ибтикори “Формати Маскав”-ро низ дар ҳамин росто ӯҳдадор шудааст.
Маскав метавонад нақши асаргузоре дар вазъияти Афғонистон дошта бошад, аммо шарти он эҷоди як ҳамгароии сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи минтақа аст, ки бо тавассул бо як рӯйкарди чандҷонибагароёна бояд ҳамроҳ бошад. Ҳузури муштараки минтақа (Чин, Русия ва Эрон) се қудрате, ки аз се муаллифаи таҳдидӣ, монанди терроризм, маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ мутассир аст, метавонад дидгоҳи муштаракро миёни онҳо ба вуҷуд биоварад ва паёми қавие бошад барои фароминтақа, ки даст аз ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ бардоранд ва ба тасмими минтақа дар хусуси масъалаи амният ва суботи Афғонистон тамкин кунад.
Аммо қарори маълум, терроризми таъбияшуда дар Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон аҳдофи фароафғонистониро дар назар дорад ва Амрико мехоҳад ба воситаи он руқабои осиёиашро дучори чолиши густурдаи амниятӣ созад. Ҳузури беш аз бист гурӯҳи террористӣ, ҷо мондани анвои силоҳҳо ва муҳиммот бо таҷҳизоти низомии амрикоӣ, ки барои давлати ҷумҳурият кӯмак шуда буд, супурдани давлату қудрати сиёсӣ ба Толибон ва мубаддал сохтани Афғонистон ба паноҳгоҳи амни террористони хориҷӣ ва судури идеологияи террористӣ ва харобкорона Афғонистонро дар вазъияти душворе қарор дода ва амнияту суботи минтақаро таҳдид мекунад.
Агар ин барнома ба чолиш мувоҷеҳ шавад, имкони мудохилаи Амрико аз тариқи мухталиф вуҷуд дорад. Ин масъала дар рӯзҳои ахир, борҳо аз забони мақомоти амрикоӣ, мақомҳои собиқи ҷумҳурияти соқитшуда ва таҳлилгарони сиёсӣ шунида мешавад. Аммо ҳақиқати масъала дар ин аст, ки дигар фароминтақа намехоҳад ва на ҳам метавонад дар қазияи Афғонистон ва талош дар ҷиҳати ҳаллу фасли он нақши таъсиркунанда дошта бошад.
Минтақа бо зарфияти баланду манёври сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ метавонад, нусхае барои ояндаи Афғонистон ироа кунад. Чун бо ироаи ин нусха, масъулияти таъмини амният, суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодии Афғонистон ба дӯши минтақа мебошад ва хоҳ-махоҳ маҷбур аст, то қабул масуълият кунад. Дар чунин ҳолате сенарияҳои берунӣ эҳтимолӣ, фароминтақавӣ ва аҷандоҳои амниятии муттаҳидини фароминтақавӣ бар зидди муттафиқини осиёӣ ба осонӣ маҳор мешавад, чун бистари лозимро надорад.
Минтақа дарк карда, ки бояд Афғонистон таҳти пӯшиши амниятии сохторҳои сиёсиву амниятӣ, монанди Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) қарор гирад. На камарбанди амниятии Ҷануби Осиё, ки дар гармогарми рақобат миёни Ҳинду Покистон, буҳронҳои мазҳабиву ақидатӣ, тақобули идеологии миллигароёнаи чапу рост даргир аст, тавони онро дорад, то суботу амниятро ба Афғонистон бозгардонад ва на ҳам Ховари Миёна, ки аз самти Ғарб Афғонистонро дар шуои амниятии худ ҳифз дорад.
Танҳо мемонад масъалаи камарбанди амниятии мустақили Чин дар Шимолу Шарқ, ки бидуни шак, чиниҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд ҷудо аз дастурамалҳои амниятии СҲШ ҳаракат кунанд. Биноан, СҲШ бо зарфияти баланд ва иттиҳоди стратегие, ки моҳияти аслии онро месозад ва буҳронҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки Афғонистон даргири он аст, метавонад амнияти онро бо чолиш мувоҷеҳ созад, нақши таъйинкунанда дорад.
Иттифоқи назар ва иттиҳоди амал низ дар амалкарди ин созмон мушоҳида мешавад. Дар зимни он, вуҷуди таҳдиди билқувва дар майдони Афғонистон, моҳияти террористии гурӯҳи Толибон ва адами ҳамхонии ин режим бо сохтори фикриву сиёсии минтақа, роҳи минтақаро аз Толибон дар оянда ҷудо месозад.
Дар ҳоле ки фароминтақа бо дастурамалҳои бесуботкунандаи амниятӣ Толибонро ба маротиб як гузинаи муносиб барои татбиқи ин барнома мебинанд ва то замоне, ки манофеи Толибон ва фароминтақа дар қисмати татбиқи аҷандоҳои бесуботкунанда дар як масир равон аст, Толибон камокон дар қудрат мемонанд ва ба бесуботии минтақаӣ доман хоҳанд зад.
Ин вазъият ило мудохилаи маънидори минтақа тадовум ёфта, бо фишору гомҳои амалӣ вазъият тағйир хоҳад кард. Барои минтақа ниёз аст, то пешбини фардо бошад ва бо як фикри стратегӣ дар ҷиҳати тағйири мусбат дар вазъияти Афғонистон идеологияи таъминкунандаи суботи сиёсӣ ва амниятиро дар дастури кор қарор диҳад.