Хабари рӯз

Зиддиҳамлаи муттафиқини осиёӣ бар зидди муттаҳидони фароминтақаӣ шуруъ шудааст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Замир Кобулов, намояндаи вижа раис ҷумҳур Русия дар умури Афғонистон дар дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири умур хориҷаи гурӯҳи Толибон гуфт, ки "бархе кишварҳо" аз тарси густариш ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа ва гурӯҳи Толибон, талош мекунанд, то бо эҷоди механизмҳои ҷадид дар ин фарояндаҳо дахолат карда ва онҳоро печида кунанд, ҳарчанд, ки қолаби нишастҳои дуҷониба барои ҳалли таноқузот бо Кобул мавҷуд аст.

Чанд маврид дар ин хусус, равшан аст:

Аввал - мавқифи Русия дар муқобила бо таҳдидҳои террористии ношӣ аз мавҷудияти паноҳгоҳҳои амни онҳо дар Афғонистони зери ҳокимияти Толибон, ки теъдоди онҳо ба беш аз бист гурӯҳ мерасад, як мавқифи собит, бо диди дурнигарона ва мубтанӣ бар воқеиятҳо аст. Изҳороти Кобулов метавонад ҷанбаҳои токтикӣ дошта бошад ,то аз бурузи бештари буҳрон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, ҷилавгирӣ шавад. Талоши Кобулов ба асоси хутути аслии доктринаи сиёсати хориҷӣ ва амниятии Русия, ки дар соли 2023 иҷроӣ шуд, ҷилавгирӣ аз ҳалқаи ташаннуҷ дар моварои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки мумкин буҳрони Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, онро ба василаи шуои ноамниаш таҳти таъсир қарор диҳад;

Дувум - Русия дар талош аст, то аз тариқи дипломатик ва ройзанӣ бо шарикҳои минтақаӣ Толибонро водор ба ташкили як ҳукумат фарогир намояд, то аз ҳама мардум намояндагӣ кунад ва мухолифони Толибон ҷузъи он бошанд. Агар ин кор сурат бигирад, ҳеҷ ниёзе барои мудохилаи фароминтақа дар вазъияти Афғонистон нест ва ин ба маънои шикаст аҷандоҳои террористӣ хилофи манофеи Русия аст;

Севум - агар Толибон ҳушдорҳои Русия ва муттафиқини осиёиро мадди назар нагиранд, ба лиҷоҷат ва якданагӣ ба ҳукумати истибдодиашон дар Афғонистон, идома диҳанд, гузинаҳои муносиби ҳамгароӣ бо минтақа ва талош барои оромсозии Афғонистонро, ки дар дастури кори муттафиқини осиё қарор дорад, интихоб накунанд, бадили Толибон, яъне мухолифони ин гурӯҳ, намояндаи минтақа хоҳад буд ва ин ба маънои хатми проект толибонӣ аст. Толибон ҳоло кам-кам ин мавзӯъро дарк кардаанд ва талош мекунанд қабл аз вуқӯи буҳрони ғайри қобили пешгирӣ, корҳоеро анҷом диҳанд. Аммо бояд мадди назар дошта бошем, ки дар чунин мавориде ин гурӯҳ наметавонад якдаст ва муттаҳид ва дар як масир ҳаракат кунад. Чун бо корти Толибон кишварҳои мухталифе бозӣ мекунанд, ки ҳама суботу сулҳи Афғонистон ва минтақаро намехоҳанд. Кишварҳои мухталиф аз абзоре монанди Толибон дар ҷиҳати манофеи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодиашон баҳра мебаранд. Ин кори Толибонро дар мавқеияти душворе қарор медиҳад;

Русҳо медонанд, ки амрикоиҳо диди мутафовите аз Толибон дар таъқиб аҷандоҳои низомӣ ва амниятзудоӣ, ки қарор буд ин гурӯҳ дар табонӣ бо соири гурӯҳҳои террористӣ онро иҷроӣ созанд, доранд ва талош мекунанд ибтидо бо абзори фишор ва дар марҳалаи баъдӣ, бо ироа бадилҳои Толибон, вазъиятро ба нафъи худ тағйир диҳанд. Ба ҳамин малҳуз аст, ки Роберт Вуд, ки рӯзи чоршанбеи 20 сентябр дар нишасти вижа Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар мавриди Афғонистон сухан мегуфт, ба сароҳат аз Шӯрои амният хост Толибонро ба далели «тағйири масири мухарриб»-и ин гурӯҳ таҳти фишор қарор диҳад. Ў хотирнишон кард: "Аъзои Шӯрои амният бояд бо ҳамкории якдигар Толибонро таҳти фишор қарор диҳанд, то масири мухаррибашро тағйир диҳанд. Толибон бояд ба хостаҳои мардуми Афғонистон, поён додан ба нақз ҳуқуқ башар ва иҷоза додан барои кумак ба афроди ниёзманд ва оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ бо мардум тан диҳанд".

Чизе, ки возеҳ аст,  ин аст, ки дигар Амрико наметавонад бо рӯйкарди якҷонибагароёна, аҷандоҳои сиёсӣ ва амниятии худро дар Афғонистон татбиқ кунад. Чун ҳам вокуниши минтақа ба ҳузур ва мудохилаи мустақими Амрико шадид аст ва ҳам буҳронҳои фарогир дар арсаи низоми байналмилал маҷоли чунин кореро барои Амрико намедиҳад. Русҳо ин масъаларо дарк кардаанд ва талош доранд, то муъзали Афғонистонро қабл аз ҳар гуна иқдоми амниятисоз, ки мунҷар ба ташаннуҷи бештар дар сатҳи минтақа шавад, бо абзорҳои дипломатик, сиёсӣ ва мудохилаи маънидори сиёсӣ, ҳаллу фасл кунанд ва иҷоза надиҳанд, Амрико дубора контроли вазъиятро ба даст гирад ва буҳрони таҳдидҳои амниятӣ бар манофеи Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин бештар шавад.

Минтақа бисёр дар қиболи вазъияти Афғонистон ҳассос шудааст ва мехоҳад ибтикори амалро дар даст дошта бошад, то дигар аҷандои амниятӣ бар хилофи манофеи он, фурсати иҷроӣ шудан надошта бошад. Русҳо дар як эътилофи сиёсӣ ва амниятӣ бо Чин ва Эрон муштаракан ин мавқифро гирифтаанд. Дар ҳоле ки Ҳинду Покистон ду мавқифи ҷудогонаро пеш бурда ва думболи манофеи худанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!