Хабари рӯз

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон чӣ гуна аз ҳошия ба матн биравад?

Нависанда: доктор Яъқуб Лайси Саффор

Якум, замоне, ки донишҷӯи улуми сиёсӣ будам, бахше аз корҳои ман тааммулот ва тафаккуроти геополитикӣ буд. Имрӯз истилоҳоти геостротегия, геоэкономика, геокултура ва амсоли инҳоро хондаед ва шунидаед.

Дувум,  ман имрӯз мехоҳам як вожаи ҷадид барои риштаи ҷуғрофияи сиёсӣ халқ кунам. Ин таъбир "геополитикаи мусаллаҳ" ё "ҷуғрофияи сиёсии мусаллаҳ" аст.

Севум, дар як тақсим метавон бар асоси фалсафаи сиёсии Ҳобз (Thomas Hobbes) ҷомеаҳоро ба ду ҳолат тақсим кард: ҷавомеъи дар вазъияти табиӣ ва ҷавомеъи дар вазъияти маданӣ ё қарордоди иҷтимоӣ.

Чаҳорум, имрӯз дар ҷаҳон ҷомеаҳое ҳастанд, ки дар як қарордоди иҷтимоӣ ба ҳолате расидаанд, ки аз тариқи Қонуни асосӣ ва фарояндаи демократӣ мушкилоти сиёсии худро ҳал мекунанд ва ба ҳолати субот ва тавсеаи сиёсӣ расидаанд.

Панҷум,  Афғонистон ҷомеае мебошад, ки дар 20 соли ахир, пас аз соли 2001 нишон дод, ки ба вежа қавми ғолиб, яъне паштун ва раҳбарони паштунисти он омодаи зисти сиёсии маданӣ бар асоси қарордоди иҷтимоӣ ва қонуни сиёсӣ нестанд. Тақаллуб, интиҳор ва ҷангро барои гегемония ё тамомиятхоҳии паштунисм ва паштунволӣ интихоб кардаанд. Чаро ки дар вазъияти маданӣ ва интихобот дар баробари эътилофи ақвоми ғайрипаштун бозанда ҳастанд. Бартариталабиашон аз даст меравад ва бад-ин гуна кишварро ба “геополитикаи мусаллаҳ” табдил кардаанд.

Шашум, “геополитикаи мусаллаҳ” ё “ҷуғрофияи сиёсии мусаллаҳ” вазъияте аст, ки бозигарони сиёсӣ дар он бо истифода аз абзори зӯру аслиҳа мехоҳанд ба қудрат бирсанд ва вазъияти “ҷанги ҳама алайҳи ҳама”-ро ҳоким бисозанд ва бо сиёсати “тафриқа биандозу ҳукумат кун” саранҷом душманонро заиф сохта, гегемонияи гурӯҳӣ (ҳизбӣ, мазҳаби ё қавмӣ ё иқтисодӣ) – и худро ҳоким бисозанд.

Ҳафтум, таҷриба нишон додааст, ки дар замони ҷангҳои Ҳикматёр алайҳи ҳукумати муҷоҳидин вазъияти “ҷуғрофияи сиёсии мусаллаҳ” дар Афғонистон ҳоким шуда буд ва пас аз он Покистон бо ворид кардани бозигарони мусаллаҳи тозанафас, яъне таҳрики Толибон вазъиятро ба нафъи бартариҷӯии худ табдил кард.

Ҳаштум, бо оғози соли 1401 ва ташдиди муқовиматҳо алайҳи Толибон ва шаклгирии ҷабҳаҳои муқовимати узбекҳо, ҳазораҳо, бархе аз қумандонҳои паштун, дубора вазъияти “ҷанги ҳама алайҳи ҳама" ҳоким хоҳад шуд ва имкон дорад, муқовиматгарон алайҳи якдигар худ биҷанганд.

Нӯҳум пешниҳоди ман ин аст, ки Ҷабҳаи муқовимат стратегияи ҷангии Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд), яъне "аз кӯҳ ба русто ва аз русто ба шаҳр"-ро ҳоким бисозад ва ин стратегияро ба зисти доимии форсизабонон табдил кунад. Бояд дар қоидаи зисти сиёсии худ ба ҳеҷ ваҷҳ ва таҳти таъсири ҳеҷ қудрати низомии миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ тан ба халъи силоҳ надиҳад.

Даҳум, як хатаре, ки ин стратегияи “зисти мусаллаҳи доимӣ” дорад, қудрат ёфтани ҷангсолорон аст. Роҳи ҳал ин аст, ки дар даврони муқовимат то ташкили давлат "стратегияи иҷтимоӣ-низомӣ"-и Омир Соҳиб дар Панҷшерро дар саросари ҷуғрофияи муқовимат амалӣ кунад ва он ин ки фақат қариядорон таъминкунандаи неруи ҷангӣ ва фиристодани ҷавонон ба Ҷабҳа бошанд. Қумондонон бояд дар қария (деҳа)-и худ қудрат надошта бошанд, балки дар манотиқи ғайр аз қарияҳои худ фаъолият кунанд. Ба ин тартиб қудрати ҷангсолорӣ дар сатҳи қарияҳо тазъиф мешавад.

Ёздаҳум, зисти доимии мусаллаҳи форсизабонон зарурати асосии назарияи “ҷуғрофияи сиёсии мусаллаҳ” ё “геополитикаи мусаллаҳ” аст. Ба хотири ин ки ҳазинаҳои иқтисодии ин роҳбурд, яъне “зисти доимии мусаллаҳ” таъмин шавад, пешниҳоди ман ин аст, ки аз роҳбурди мардумии форсизабонон дар ҳифзи ниҳоди динӣ, яъне масҷид ва мадраса истифода шавад.

Дувоздаҳум, роҳбурди мардумии нигаҳбони ниҳоди динӣ тавре аст, ки ҳар фарди мутааҳҳил маҷбур аст, ки миқдоре аз ҳаққи узвияти таъйиншуда аз тарафи шӯрои қарияро ба хотири масорифи масҷид бипардозад. Ҷабҳа бояд миқдори ҳаққи узвияти Ҷабҳаро мутобиқи тақозоҳои иқтисодӣ ҳар сол таъйин кунад ва аз мутааҳҳилин (одамони зандор) ҳусул кунад. Ин ҳаққи узвият болои тамоми форсизабонон дар русто ва шаҳр маҷбурӣ шавад ва ба ризоят ва ё икроҳ (маҷбурӣ) ахз шавад. Ба ин тартиб дар ҳолати одӣ Ҷабҳа худкифоии низомӣ пайдо мекунад.

 Сездаҳум, Ҷабҳа бояд тоҷирони форсизабон дар саросари ҷаҳонро нишонӣ кунад ва равобити қавӣ бо онҳоро барқарор созад. Онҳоро қаноат диҳад, ки ба шакли доимӣ ба андозаи сармояшон, ҳаққулузвияти моҳона ё солона барои Ҷабҳа бипардозанд. Ба ин тартиб “зисти доимии мусаллаҳона”-и форсизабонон тазмин шавад.

Чаҳордаҳум, Ҷабҳа бояд эълом кунад, ки масалан, аз ҳар хонаводае, ки се ё чор фарзанди ҷавон дошта бошад, як танро ба Ҷабҳа бифиристад, дар сурати нафиристодан, ҳазинаи як тан аз сарбози мусаллаҳи ҳофизи тамаддуни форсиро бипардозад.

 Понздаҳум, “зисти доимии мусаллаҳ” гом ба гом барои тамаддуни форсӣ ҷуғрофияи мустақил ба вуҷуд меоварад. Қадам ба қадам ин ҷуғрофияро густариш медиҳад, заминасози ҷуғрофияи мустақили тамаддуни форсӣ дар ин сарзамин мешавад.

Манбаъ: PanjsherNews


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!