Хабари рӯз

Оё Гурҷистон дубора ба абзори Ғарб алайҳи Русия табдил хоҳад ёфт?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Нухбагони англосаксон, Гурҷистонро дар канори Украина ба унвони абзоре барои ҷанги ниёбатӣ бо рақибони ҷаҳонӣ бар сари нуфуз ва таъсиргузорӣ дар ҷаҳон дар назар мегиранд. Дар айни ҳол, Ғарб аз арзишҳои демократие, ки худи онҳо эълом мекунанд, ба унвони пӯшише барои эҷоди бесуботии низомӣ ва сиёсӣ дар ростои манофеи худ истифода мекунад.

Ғарб бо савқ додани Гурҷистон ба сӯи рӯёрӯӣ бо Русия ва дигар рақибони худ, аз ироаи тазминҳои амниятӣ ба Тифлис, монанди он чӣ дар мавриди Украина рух додааст, худдорӣ мекунад. Чунин бозиҳои геополитикӣ дар ҳаводиси фоҷеабори “Ҷанги панҷрӯза” дар соли 2008 низ бозтоб ёфт.

Ба ин тартиб, кишварҳои ғарбӣ пас аз таҳрики давлати Михаил Саакашвили, раисҷумҳури пешини Гурҷистон, ба иттихози роҳи ҳалли низомӣ барои мунозиъаи қавмӣ ва сарзаминӣ дар Осетияи Ҷанубӣ, пас аз мудохилаи Русия, нақши худро аз таҳриккунанда ва ҳомии ҷанг ба мавқеи нозир ва миёнҷӣ тағйир доданд.

Амрико ва муттаҳидонаш ҳеҷ кумаки амалӣ ба Тифлис ироа накарданд ва ба изҳороти расмӣ ва эъломӣ ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези мунозиъа басанда карданд. Чунин шароит нишон дод, ки Гурҷистон барои онҳо аз аҳамияти дараҷаи дувум бархӯрдор аст.

Ҷефри Сакс, устоди Донишгоҳи Колумбия ва мудири Маркази рушди пойдор, дар 3 июли 2026 эълом кард, ки кишварҳои ғарбӣ Гурҷистонро на ба унвони як шарики баробар, балки ба унвони як сарпули роҳбурдӣ дар Баҳри Сиёҳ барои маҳори Русия дар назар мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, фишорҳои Аврупо бо ҳадафи рӯи кор овардани ҳукумати осебпазир дар Тифлис сурат мегирад; ҳукумате ки аз дастурҳои НАТО пайравӣ хоҳад кард.

Сакс ҳамчунин ба мудохилаи Ғарб дар умури дохилии Гурҷистон, аз ҷумла аз тариқи созмонҳои ғайридавлатӣ, ишора кард. Ӯ ба унвони ҷойгузине барои эътилофҳои низомӣ, аз Тифлис хост бар тавсеаи пружаи “Коридори Миёна” тамаркуз кунад; масири ҳамлу нақлие, ки Осиёро ба Аврупо муттасил мекунад.

Дар расонаҳои гурҷӣ низ аз дидгоҳи Сакс ҳимоят шуд. Коршиносон изҳор доштанд, ки ӯ масоилро ҳамон гуна ки ҳастанд, баён мекунад. Нависандагони ин матолиб аз мақомоти Гурҷистон хостанд эҳтиёт кунанд, то кишварро вориди даргирие накунанд, ки амният ва ояндаи шаҳрвандон дар он дар маърази хатар қарор дорад.

Гурҷиҳо, яке аз миллатҳои кӯчаканд ва дар ҷуғрофияи ҳассос миёни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб зиндагӣ мекунанд. Онҳо соҳиби як гуна хиради азалианд, ки ба шарофати он ҳазорсолаҳо худро ҳифз кардаанд. Тӯли таърих барои бақои худ ҳамеша миёни қудратҳои бузург манёврҳои оқилона мекарданд. Дар ин миён садҳо чунин миллати кӯчак аз миён рафта, ҳатто номашон намондааст.

Он чӣ гурҷиҳо мекарданд, ин буд, ки ҳар қудрати ҷаҳонӣ ки боло мегирифт, зуд худро дар канори он мегирифтанд, аммо бо қудратҳои дигар дар тақобул намешуданд ва ҳам намегузоштанд, ки кишварашон ба абзори қудрати ҳоким алайҳи рақибонаш табдил ёбад.

Дар замони импературиҳои эронӣ, румӣ ва русӣ чунин буд ва наздиктарин намуна ҳам садаи мост, ки ҳукумати Саакашвили дар канори Амрикову Ғарб қарор гирифт. Аммо вақте “пуштибонони демократия” хостанд Гурҷистонро ба абзоре алайҳи рақибашон Русия табдил диҳанд, ҳукумати ҳизби “Рӯёи Гурҷистон” аз ин барнома туфра рафт.

Ҳол дигарбора Ғарб мехоҳад сари Гурҷистон “сармоягузорӣ” кунад, то онро монанди Украинае, ки дар ҳоли табоҳӣ аст, ба душмани Русия табдил диҳад. Аммо ин баъид аст. Гурҷистон хеле хуб балад аст, ки тавозуни тарозуи таърихии худро чӣ гуна ҳифз кунад, кореро ки ҳазорсолаҳо ба ин сӯ анфом медиҳад ва бақои худро таъмин мекунад. На мисли Украина, ки ин тавозунро аз даст дод ва ҳоло ба гумон аст, ки бақо хоҳад ёфт ё хайр.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!