Куҷо хаёл бо воқеият бархӯрд мекунад?
Нависанда: Шералӣ Ризоиён, номзади илмҳои сиёсӣ (Тоҷикистон)
Рӯйдодҳои охири сиёсати ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзи Осиёи Марказӣ парда аз рӯйи хеле маъносозиҳои геополитикӣ бардошт. Баъзе падида ва тамоюлҳое, ки пештар дар бораи будан ё набудан ва сохта ё ростинии онҳо гумонҳо зада мешуданд, асли худро ба намоиш гузоштанд.
Яке аз чунин падидаҳо – маъносозии геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат аст. Ин кор (таблиғоти худ ва аҳримансозии рақибон) барои таъмини фародастӣ анҷом шуда, аз сӯйи ҳамаи қудратҳои ворид ба равандҳои Осиёи Марказӣ пиёда мегардад. Дар пасманзари чунин “амалиёти иттилоотӣ” ҷудо кардани “мӯй аз хамир” кори душвор аст. Чун ҳамаи қудратҳо ва абзорҳои расонаии онҳо худро ҷонибдори пешрафту шукуфоии кишварҳои минтақа ва рақибонро монеи ин раванд шиносоӣ мекунанд.
Пештар падидаи устувори фазои расонаӣ ин рақобату аҳримансозӣ миёни кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ва Русия буд, ки ба муқобили якдигар ва шарикону рақибони худ маъносозиҳо, бавижа ривоятсозиҳои мусбату манфиро анҷом медоданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки Туркия низ абзори таблиғотии худро барои ривоятсозиҳо фаъол кардааст. Шояд хонандаи гиромӣ бипурсад, ки ин барои мо тоҷикон чӣ аҳамият ва паёмад дорад?
Ҳоло ҳарф задан дар бораи аҳамияту паёмад мушкил аст, чун “дастурчаҳои таблиғотӣ” дар шакли урён шиносоӣ нашудаанд, вале корбурди моделҳои мавҷуд ва рафтори қудратҳои дигари пешсаф ба назар мерасад. Шояд бо гузашти чанд моҳ, пас аз густарда гардидани таблиғоти расонаӣ моҳияти “дастурчаҳои маъносозию ривоятсозӣ” шиносоӣ шаванд, ки ҳатман дар ин бора бояд навишт, то “мӯйро аз хамир” ҷудо кунем.
Имрӯз се унсури дидашаванда ва калидии онро метавон шиносоӣ кард:
Якум, аҳримансозии рақибон. Чунин иқдом бо мақсади самтдиҳии бадбинии қудратҳои дигар ва рӯйкарду роҳбурди онҳо дар давраҳои гуногун анҷом мешавад, ки як андоза ба кӯшиши мудирияти равандҳои “истеъморзудоӣ” дар ҷомеаи мо монанд аст. То куҷо ба бурдборӣ мерасанд, ҳоло маълум нест, вале дақиқ аст, ки ривоятҳои бисёри бадбинонаро рӯйи кор меоранд. Ин падида ҳатман ба афкори умум таъсир мерасонад ва гуфтан мумкин, ки аллакай самараҳоеро ба бор овардааст.
Барои чӣ бояд ин корро ҷиддӣ бигирем ва биомӯзем? Барои он ки, фарзи мисол, муносибати мардуми мо ба Русия, Чин ва Эрон – кори худи мост ва ҳеҷ ҷониберо ба инҷо роҳ надиҳем. Агар худро “тарафдорамон” вонамуд кунанд ҳам, дар “бағал” ҳадафҳои дигар доранд. Яъне, ҳеҷ як кишвари худсолор, ки манфиатҳои миллии худро мешиносад – як фародастро ба фародасти дигар иваз намекунад. Чун тавозунсозӣ ва халосӣ аз фародастон ҳадафи асосӣ аст.
Дуюм, корбурди абзори маҳзабӣ ва бартар гузоштани он аз унсури миллӣ. Барои ҷомеаҳои мусалмонӣ абзори пуртаъсир ба афкори умум – корбурди унсурҳои мазҳабӣ будааст. Паёмади манфии чунин мудохила кишварҳои гуногунро ба буҳрон рӯ ба рӯ кард. Барои ҷомеаҳои мусалмонӣ домҳои бисёре барои бадбинии дигарон (мусалмонҳои мазҳабҳои дигар) офарида шуданд ва бо гузашти вақт (дар натиҷаи густариш ёфтани таблиғот) устувор гардиданд.
Пешбарони чунин ривоятсозиҳо барои кори таблиғотии худ аз ду абзори ба ҳам зид корбурд мекунанд: аз як сӯ, бартаридиҳӣ ба унсури динӣ, яъне “ҳамаи мо мусалмонем ва бандаи Худо ҳастем. Пеши Офаридагор аз кадом қавму нажод будан аҳамият надорад ва ғайра”; аз сӯйи дигар ба аҳримансозии мусалмонони мазҳаби дигар машғуланд. Ин ду падидаро корбарони ватании шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон дидаанд ва ҳоҷат ба овардани мисолҳо ҳам нест.
Барои чӣ мо бояд ин гуна ривоятсозиҳоро ҷиддӣ бигирем ва биомӯзем? Барои он ки мусалмон будани бештари мардуми мо ҷойи баҳс нест. Беш аз ҳазор сол мусалмон будем, ҳоло ҳастем ва дар оянда мемонем. Вале корбурди абзории эҳсоси динию мазҳабии мо аз сӯйи кишварҳои дигар ба зарари меҳан анҷом мешавад. Ин ба монанди он аст, ки “гургро чӯпони рама” пиндорем. Рӯйдодҳои як соли охири Эрон, яъне ду ҷанги Амрико ва Исроил бар зидди ин кишвар нишон дод, ки барои кишварҳои низомашон исломӣ ва онҳое, ки худро ҳомии мусалмонон дар тамоми ҷаҳон вонамуд мекунанд, аз дини мубини Ислом ва мусалмонон дида – манфиатҳои имрӯзии сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳампаймонӣ муҳимтар будааст. Аз ин рӯ, мусалмон будан ва мусалмон боқӣ мондани мо пеш аз ҳама ба худамон муҳим аст. Ҳамаи кишварҳо ё қудратҳое, ки ин қарта ё омилро мехоҳанд ба кор баранд, дар паси он ҳатман манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва хостаҳои фародастӣ доранд.
Сеюм, “кашф”-и туркситезӣ дар ҷомеи кишвар. Камбахтона дар фазои расонаии кишвар ривоятҳои бисёри туркситезона дар як садаи охир офарида шуданд, ки намунае аз корбурди густардаи ҳикмати румии “Пароканда гардону фармонравоӣ кун (Divide Et Impera)” мебошад. Мо тоҷикон аз мардумоне ҳастем, ки дар ҷуғрофиёи аслии будубоши худ бо сабаби ба пантуркизм гаравидани касони таҳсилдидаи худ шикастҳои бузурге дидем ва захмҳои он то ба ҳанӯз дармон наёфтаанд.
Камбахтона, имрӯз низ чанде аз ҳаммеҳанон ба эҷоди ривоятсозиҳои мусбат ба суди Туркия дар фазои маҷозӣ машғуланд ва абзори таблиғотии ин кишвар дар муҳити дохилии мо ҳастанд. Сабақи рӯйдодҳои солҳои 1920 маълум мекунад, ки зарари асосиро ба мо на турктаборҳо, балки мардуми туркгарои худамон расондаанд. Мардуми дорои ёди ниҳодӣ ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, ки чархаи таърих бори дигар таъсири манфӣ ба онҳо бирасонад.
Сарфи назар аз ин омил, мардуми мо эҳсоси зотии туркситезӣ надоранд ва тасвири мусбате аз Туркия ва кишварҳои дигари туркзабон дар ҷомеаи мо ба назар мерасад. Гуфтугузор ё андешаҳое, ки дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд ва шартан онҳоро “туркситезона” метавон гуфт – посух ба рӯйкарду роҳбурди расмии имрӯзи Туркия аст. Гармшавии чунин баҳсҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Туркия имрӯзҳо Осиёи Марказиро расман “Туркистон” номиданд.
Дар паҳнои кишварҳои туркзабон солҳои охир бознависии таърих ва дуздии донишмандони шинохтаи эрониасл ба назар мерасад. Бо назардошти ҳамин омилҳо мутаҳҳамкунии мардуми кишвар ба туркситезӣ монанд ба ҳикмати мардумии “дузди зӯр соҳиби говро мебандад” аст. Яъне, мардум дар шакли гуногун ва бо корбурди вожаҳои номақбул муносибати худро ба тамоюли мавҷуд ба намоиш мегузоранд.
Барои чӣ бояд ба ин мавзуъ муносибати ҷиддӣ кунем ва роҳи бурунрафтро биҷӯем? Барои он ки густариши эҳсоси бадбинии мардуми дигар ва ё кишварҳои алоҳида – як омили осебпазирӣ ва фурсати муносиб барои корбурди абзорӣ аз сӯйи қудратҳои дигар аст. То замоне, ки ҳамин гуна падидаҳо ба назар мерасанд, шароит барои корбурди ҳикмати румии “Пароканда гардону фармонравоӣ кун” ҳамеша боз мемонад. Ҳамзамон, имрӯзҳо маъносозиҳои манфӣ бар зидди Туркия ва турктаборон аз сӯйи қудратҳои гуногун дар фазои расонаӣ ба назар мерасад, ки баҳси вижа буда, арзандаи арзёбии густарда аст.
Ба унвони натиҷагирӣ ҳаминро метавон зикр кард, ки ҳар куниш вокунишеро ба вуҷуд меорад ва ҷуғрофиё сарнавишт аст. Аз ин рӯ, шинохтани манфиатҳои роҳбурдию бунёдии кишвар ва асл қарор додани худсолорию шукуфоии меҳан барои мо муҳим аст. Бинобар ин, ташхиси сохтаю ростин ва донистани ҳадафҳои таблиғотии қудратҳои дигар фурсати муносиб барои раҳошавӣ аз доми бадбинии мардум ва кишварҳои дигар мебошад.