Хабари рӯз

Ин интихоби раҳбурдӣ барои мардуми Афғонистон аст.

Нависанда: Самир Бадруд, таҳлилгар (Афғонистон)

Дар фазои сиёсии имрӯз Афғонистон як пурсиши ҷиддӣ бойист матраҳ бошад:

Дар тақобул миёни Покистон ва Толибон, кадом интихоб барои Афғонистон маъқултар аст?

Барои посух ба ин пурсиш бояд аз эҳсосот фосила гирифт ва ба воқеиятҳо нигоҳ кард.

1 - Покистон

Покистон ҳамсояи Афғонистон аст; албатта, на як ҳамсояи оддӣ, балки кишваре, ки даҳаҳо дар таҳаввулоти Афғонистон нақш доштааст. Робитаи ду кишвар аз оғоз пуртаниш будааст. Афғонистон танҳо кишваре буд, ки барои узвияти Покистон дар Созмони Милал раъйи манфӣ дод. Аз замони садорати Сардор Довудхон ба баъд низ масъалаи “лару бар” ва Пуштунистон, тамомияти арзии Покистонро зери суол бурдааст.

Дар муқобил, Покистон низ солҳо аз шӯришгарӣ алайҳи давлатҳои Афғонистон ҳимоят кардааст; аз ҳимоят аз гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар даҳаи ҳаштод то ҳимояти густарда аз Толибон. Аммо ин достон яктарафа набудааст. Афғонистон низ дар мақотеъе аз бархе ҷараёнҳои мухолифи Покистон, бавижа миллатгароёни пуштун ва балуч, ҳимоят кардааст.

Бо ин ҳама, як воқеият ҳеҷ гоҳ тағйир намекунад, яъне ҷуғрофия.

Покистон бузургтарин ҳамсояи Афғонистон аст. Тӯлонитарин марзи Афғонистон бо Покистон аст. Наздиктарин бандари обии Афғонистон дар Покистон қарор дорад. Муштаракоти фарҳангӣ ва инсонӣ миёни ду кишвар густарда аст.

Аз назари қудрат низ тавозун рӯшан аст. Покистон як қудрати ҳастаӣ бо ҷамъияти чанд баробари Афғонистон ва дастгоҳи дипломатияи ҷойафтода аст. Афғонистон имрӯз дар инзивои сиёсӣ ва заъфи сохторӣ қарор дорад.

Бо вуҷуди ҳама ихтилофот, агар дар Афғонистон як давлати масъул ва посухгӯ шакл бигирад, зарфияти бузурге барои тиҷорат, транзит ва ҳамкории минтақавӣ миёни ду кишвар вуҷуд дорад; зарфияте, ки метавонад ба суди ҳар ду миллат тамом шавад.

2 - Толибон

Дар сӯи дигар Толибон қарор доранд.

Толибон як гурӯҳи шӯришӣ, ифротӣ ва ақибмондаанд, ки низоми ҷумҳурияти Афғонистон, ҳосили заҳмат ва қурбониҳои мардуми Афғонистонро суқут доданд ва ба ҷои он “иморати исломӣ” барпо карданд.

Низоме, ки на ба мардум посухгӯ аст, на ба қонун ва на ба ҷаҳон.

Қонуни асосӣ лағв шуд. Нҳодҳои давлатӣ фурӯ пошид. Байрақи ҷумҳурият поён кашида шуд.

Дар тафаккури толибонӣ занон ҳаққи таҳсил, кор ва ҳузур дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ надоранд.

Бар асоси гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 22 гурӯҳи террористӣ, аз ҷумла Алқоида ва TTP дар Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон ҳузур доранд.

Иқтисоди кишвар дар вазъияти суқути озод аст. Манобеи табиӣ ба шакли ғайримасъулона тороҷ мешавад. Ақвоми Афғонистон аз мушорикат дар қудрат маҳрум шудаанд.

Ба баёни содатар, иморати Толибон чизе нест ҷуз муллократия, бекифоятии идорӣ ва ақибгардии таърихӣ.

3 - Тақобули Покистон ва Толибон

Имрӯз Покистон ва Толибон амалан дар тақобул қарор гирифтаанд.

Далели он рӯшан аст: ҳимояти Толибон аз Таҳрики Толибони Покистон (TTP).

Покистон аз назари низомӣ бартарии ошкор дорад. Дар муқобил Толибон ба ҳамалоти марзӣ, амалиёти интиҳорӣ ва иқдомоти пароканда мутавассил шудаанд.

4 - Ду сенария

Агар ин тақобулро воқеъбинона бибинем, ду эҳтимол вуҷуд дорад.

Сенариёи аввал: пирӯзии Толибон

Дар ин ҳолат иморати Толибон дар Афғонистон тасбит мешавад. Ифротгароӣ дар минтақа густариш меёбад ва хатари бесуботӣ ба Покистон ва фаротар аз он ба ҷануб ва маркази Осиё сироят мекунад.

Сенариёи дувум: пирӯзии Покистон

Дар ин ҳолат иморати Толибон тазъиф ё фурӯ мепошад. Мардуми Афғонистон мумкин аст бори дигар фурсат пайдо кунанд то як назми сиёсии масъул ва инсонӣ эҷод кунанд ва бо ҳамсоягони худ бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ зиндагӣ кунанд.

5 - Натиҷа

Қазовати ниҳоӣ бо шумост.

Оё бояд аз Толибон ҳимоят кард ё аз ҷанг алайҳи Толибон?

Ин интихоб дар ниҳоят ба мизони таъаққул дар сиёсат ва убур аз эҳсосоти қавмӣ бастагӣ дорад.

Аз диди ман, ҷанг алайҳи Толибон, бо тамоми талхиҳои он, як бади маъқул аст.

Аммо ҳимоят аз Толибон, бидуни тардид, бадтарин интихоб мумкин барои ояндаи Афғонистон хоҳад буд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!