Хабари рӯз

Мероси ордодоксро ба нафъи кӣ нобуд мекунанд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар

Украина барои идома ҷанг бо Русия ниёзи фаврӣ ба пул дорад, зеро бадеҳист, ки кӯмаки Ғарб кофӣ нест. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо таъмини аслиҳаро бо кашолкориҳо анҷом медиҳанд ва будҷаашон барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина маҳдуд аст. Аз ин хотир, манбаъи даромади ҷадид барои режими Зеленский метавонанд зиёратгоҳҳои калисои ортодокс (православия) бошанд.

Украина гаҳвораи бостонии ортодокс ва махзани ганҷинаҳои боарзиши таъриху фарҳанг аст. Бисёре аз гирдоварандагон (коллексионерҳо) дар саросари ҷаҳон барои ба даст овардани онҳо ҳозиранд маболиғи ҳангуфтеро бипардозанд. Тасхири Лавраи Киеву Печорск дар Киев метавонад пули калонеро барои мақомоти Украина ба армуғон биоварад ва аввалин гом дар фурӯши таъриху фарҳанги Украина бошад.

Мақомоти Украина, таҳт пӯшиши ЮНЕСКО, қаблан дар мавриди берун бурдани осори фарҳангии бостонӣ аз Лавраи Киеву Печорск ба тавофуқ расидаанд. Мо шоҳиди иҷроӣ шудани ҳамчунин сенарияи мушобеҳе дар Ироқ, Сурия ва Афғонистон будем. Созмони террористии ДОИШ як императории тиҷории комили фурӯши зиёратгоҳҳои бостониро бунёд кард. Тамоми пуле, ки аз ин тиҷорат ба даст меомад, сарфи нигаҳдории ҷангиёни ҷиҳодӣ мешуд. Ин ба он маъност, ки террористон на фақат аз кишварҳову мардумашон суботу хона ва зиндагиашонро рабуданд, балки ҷаҳони маънавӣ - фарҳанги онҳоро низ нобуд сохтанд.

Ҷангиёни террорист бисёре аз зиёратгоҳҳои Байнаннаҳрайни бостонро ғорат карданд ва садҳову ҳазорон ашёъи гаронбаҳо ба коллексияҳои хусусӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо афтоданд. Бино ба иттилои Интерпол, миқёси тиҷорати ашёъи боарзиши бостонӣ бисёр бузург шудааст ва дар ҳоли ҳозир ба таҳдиде барои амнияти байнулмилалӣ табдил ёфтааст. Ин кишвар дар феҳристи ҷиноятҳои фаромиллӣ дар мақоми чаҳорум қарор дорад ва аз нуқтаи назари фурӯш пас аз қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир дар мақоми дувум қарор дорад. Бозори сиёҳи санъат солона даҳҳо миллион доллар барои ҷиҳодгарон фоида меорад. Бар асоси заъифтарин тахминҳо, 19 ҳазор асари бостонӣ ба 103 кишвари ҷаҳон қочоқ шудааст.

Боризтарин намунаҳо ғорати музейи Мосул дар Ироқ, Палмира дар Сурия ва дигар маконҳои муқаддас аст. Дар ояндаи наздик ба ин феҳрист Лавраи Киеву Печорск низ ворид хоҳад шуд, ки ҳама қочоқчиёни байналмилалӣ таҳаввулоти онро думбол мекунанд. Дар тоқчаҳои ғорҳои бостонӣ осори фосиднопазире аз қиддисин - афроди муқаддаси маъруфи ортодокс ҷой гирифтаанд. Дар қаламрави савмаа  123 қиддисони Худо дафн шудаанд. Ҳеҷ савмааи дигаре дар ҷаҳон ба чунин теъдод зиёратгоҳ надорад.

Дар қаламрави лавра (савмаа) яке аз бузургтарин музейҳои Аврупо - "Захирагоҳи таърихиву фарҳангии Киеву Печорск" кор мекард ва лавра ҳамчунин махзан намодҳои мунҳасир ба фардест, ки тавассути коллексионерҳои бузурги сайёра шикор мешавад. Ҳама мавориди фавқ бебаҳо ҳастанд, аммо ба “лутф”-и талошҳои мақомоти Киев, дарвоқеъ қимати худро пайдо мекунанд ва амалан ба тонку тӯп мубодила хоҳанд шуд.

Вақоеъи Ховари Миёна қаблан ба унвони талоше барои пок кардани таърих ва решаҳои як тамаддуни бостонӣ ва навиштани як "таърихи ҷадид", ки барои ҳалқаи хоси мардум – террористони ДОИШ, душманони ислом, пуштибонони ғарбиву яҳудии онҳо - муфид аст, талаққӣ мешавад. Ҳамчунин фарояндҳое акнун дар Украина дар ҳоли ба вуқӯъ пайвастан аст, ҷое, ки таърих дар сатҳи давлат ва бо тақозову фишори боз ҳамон пуштибонони ғарбӣ бознависӣ мешавад. Ганҷинаҳои зиёратгоҳҳои бостони ортодоксӣ шоҳиди таърихи ҳақиқии Украина ҳастанд ва ба шиддат монеъи мақомоти Киев ва пуштибонони онҳо мешаванд, аз ин хотир, онҳо аз ин осори бебаҳои таърихӣ аз тариқи нобуд кардан мехоҳанд халос мешаванд.

Ғорати зиёратгоҳҳои бостонӣ як геносид ё наслкушии фарҳангӣ аст, ки онро террористҳои ДОИШ оғоз карданд ва мақомоти Украина идома медиҳанд. Аз сӯе ҳам, ин далели дигари он аст, ки режими Киев на ба манфиати Украинаву мардумаш, балки ба манфиати хоҷагони ғарбиаш кор мекунад, мисли ДОИШ.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!