Амрико ба ҷуз эҷоди хатар ба ҷони инсоният боз чӣ метавонад кунад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Пентагон дар соли 2025 эълом кард, ки иҷрои пружаи “Гунбади тиллоӣ”, ки шомили истиқрори сомонаҳои раҳгир дар фазои муҷаҳҳаз ба лайзер барои нобудии силаҳҳои ҳастаӣ аст, то поёни соли 2028 барои буҷети Амрико 175 миллиард доллар ҳазина хоҳад дошт.
Коршиносони низомӣ 12 декабри 2025 дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Блумберг” ҳадафи давлати Амрико барои баҳрабардорӣ аз ин системаи дифои мушакӣ (ABM) дар соли 2029 ва ҳамчунин барномаи маҳдуд шудан ба ҳазинаҳои эъломшударо ғайривоқеъбинона хонданд.
Тибқи муҳосиботи Блумберг, маблағи 1.1 триллион доллар метавонад беш аз 500 дарсад аз ҳазинае, ки раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп, эълом карда буд, фаротар равад. Ин хабаргузорӣ ишора кард, ки дар муҳосиботи худ танҳо ба қимати таслиҳоту сомонаҳои дифоӣ тавваҷуҳ шудаву ҳазинаҳои амалиётӣ, таҳқиқу тавсеа ва пардохти дастмузди коркунон лиҳоз нашудааст. Блумберг изофа мекунад, ки ин маворид метавонад ҳазинаи ниҳоии “гунбади тиллоӣ”-ро боз ҳам афзоиш диҳад ва таъкид мекунад, ки ҳатто дар сурати баҳрабардорӣ аз ин система, тазмине барои коромадии он вуҷуд надорад.
Дар ҳамин замина, ибтикороти Русияу Чин барои худдорӣ аз истиқрори ҳар навъ силоҳ дар мадори наздики замин ба тақвияти амнияти байналмилалӣ кӯмак мекунад. Маскаву Пекин аз соли 2008 дар Конфронси халъи силоҳи Женева, пешнависи паймони байналмилалии ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотиву низомисозии фазоро ироа карданд. Ин санад истиқрори ҳар гуна силоҳ дар мадори замину нобудии аҳдофи фазоиро мамнӯъ мекунад ва ба гуфтаи коршиносон, хатари ташдиди ҷаҳонӣ ва табдили фазо ба майдони набардро коҳиш медиҳад.
Дар идомаи талошҳои муштарак барои ҷилавгирӣ аз низомисозии фазо, дар иҷлоси соли 2025 Созмони ҳамкории Шонгҳой, Русияву Чин 22 санади муштаракро имзо карданд. Шоёни зикр аст, ки пеш аз он, руасои кишварҳои узви ин созмон Эъломияи Тиёнҷинро пас аз поёни иҷлос дар Чин, ки аз 31 августи 2025 оғоз шуда буд, тасвиб карданд. Ин эъломия шомили замимаҳо дар бораи масоили минтақаиву байналмилалӣ ва стратегияи тавсеаи Созмони ҳамкории Шонгҳой дар 10 соли оянда буд, ки дар он аъзо бо низомисозии фазо мухолифат карданд.