Хабари рӯз

Ишора: ин матнро муаллиф беш аз як соли қабл ба Арг, Сапедор ва парлумони Афғонистон навишта, гуфта буд: “миллат шуданро аз покистониҳои "долхӯр" бояд омӯхт!” Дар Афғонистон ақлҳои равшан зиёданд, аммо касе ба онҳо гӯш намедиҳад, зеро зоҳиран, касе ба раҳбарии ин кишвар на барои хизмат ба ватан, балки иҷрои барномаҳои худ меояд ва меравад...

Муаллиф: АЗИЗ РАФЕЪӢ

Масъалаи сарнавишти миллат мо ва, ба истилоҳ "явмулбадтар"* будани рӯзгори мо розу рамз нест, балки як ҳақиқати дардноки сиёсӣ-иҷтимоӣ дар кишвари мост. Агар тавонистем мисл кишварҳои дигари ҷаҳон ва ё ҳадди ақал, мисли покистониҳо барои худ манофеъи миллӣ ва ҳувияти миллӣ таъриф кунем, бар ин мушкил фоиқ меоем ва ин вазъият “явмулбадтар”-ро ба "алявму би ал-тарҳ" табдил хоҳем кард.

Дар Покистони "долхӯр" бештар аз 48 гурӯҳи қавмӣ, болотар аз 40 забон, ҳафт дин бо даҳҳо тариқат (исломӣ ва ғайриисломӣ) вуҷуд доранд. Қонуни асосии Покистон ҳамаро ба расмият шинохта ва баробар медонад.

Оё медонед, муассиси Покистон як шиамазҳаби исмоилист (Ҷиноҳ), нахустин раисҷумҳури Покистон Искандар Мирзо як шиамазҳаб ҷаъфарии ҳанку-кашмирии ҳазоратабор (афғониуласл) аст. Улгуиҳои маънавии Покистон яке эронӣ, муҳоҷири форсизабон Иқболи Лоҳурӣ ва дигаре як афғони ғазнавӣ Алии Ҳуҷвирианд. Алӣ Ҳуҷавириро дар шибҳи қораи Ҳинд ва Покистон бештар ба номи Додо Ганҷбахш (аз тариқати суфияи асноашария) мешиносанд.

Оё медонистед, ки ҳарчанд бунёнгузорони Покистон синдӣ ва панҷобианд, аммо забон миллиашон синдӣ ва панҷобӣ нест ва суруди миллиашон низ ба забони форсӣ аст. Нахустин маршалҳои низомии Покистон афғонҳои сокин ва муҳоҷир (ҳазораи муҳоҷири ҷоғурӣ ва шиъаҳои қизилбоши Ғазнӣ ва Кобул) маршал Асғархон, маршал Мӯсохон, Маршал Озодбег, маршал Айюбхон, маршал Яҳёхон ва .... анд.

Дувумин ва севумин раисҷумҳурони Покистон афғонҳои ҳазора ва паштун (генерал Айюбхон ва генерал Яҳёхон)-анд. Бузургтарин мутафаккири тавсеа ва ташкилдиҳандаи аҳзоби сиёсии пешрав дар Покистон як шиамазҳаб (Зулфиқор Алӣ Буту) аст. Нахустин зани нахуствазир ақаллиятӣ-мазҳабӣ дар таърихи Осиё (Беназир Буту) марбут ба Покистон аст. Фақат ҳамин чанд соли қабл садриаъзами Покистон ва раисҷумҳури Покистон аз ақаллиятҳои мазҳабӣ-қавмӣ (Осиф Алӣ Зардорӣ-шиъаи асноашарӣ ва Ғулом Исҳоқхон-ҳанку) буданд.

Панҷобиҳо ба унвони қавми бартар дар Покистон қаламдод мешаванд, аммо раҳбари ҳамин қавми бартар дар баробар қонун аз пости садриаъзамӣ ба зиндон фиристода мешавад ва ҳатто духтарашро низ ҳамроҳаш ба зиндон мебаранд. Эътимод дар миён миллат ба андозае болост, ки падари атоми ин миллат аз минтақаи қабоили озод (он ҳам тундравтарин минтақа) таъйин мегардад. Онҳо бовар доранд ҳама покистонӣ ҳастанд ва Покистон хонаи муштаракашон аст, ки ҳама дар он бародар ва баробар ҳастанд, ҳам масъулият доранд ва ҳам салоҳият. Ба ин таҷрибаҳои таърихӣ мегӯянд миллигароӣ, фароқавмӣ, фарозабонӣ, фаромазҳабӣ, фаросамтӣ ва фарохуднигарӣ!

 Мо ҳамеша ба соли таъсиси Покистон (1948) нигаристаем, ҳаргиз аз таърих ва тамаддун Таксало ва Гундҳоро бо 7200 сол собиқаи тамаддунаш баҳс намекунем. Гоҳе иддао мекунем, ки Покистон бахше аз хоки мост ва гоҳе менависем, ки Маҳмуд ва Аҳмади мо Покистонро фатҳ ва мусулмон кардаанд. Аммо ҳаргиз наандешидаем, ки рози пирӯзии покистониҳо дар харид ва муздур сохтани калонҳо (ба истилоҳ, раҳбарон) - и мост.

Оё гоҳе аз худ пурсидаем, ки мо таҳаммуле барои иштироки мусовӣ ва сиёсии дигаронро дорем? Оё сиёсатмадорони мо сиёсат (тафаккур) медонанд? Оё мо манофеъи миллии таърифшуда дорем? Оё мо ҳувияти қобили қабул барои ҳамаи мо сохтаем?

 Бо касе дар ин навишта тараф нестам, аммо намешавад ин ҳақиқатро нагуфт, ки бештарин сиёсатмадорони мо, ҳатто касоне, ки то болотарин сатҳи академӣ ва иқтидор расидаанд, аҳзоб (ё тимҳои) қавмӣ, забонӣ ва мазҳабӣ ташкил додаанд. Алқобашон профессор, доктар, инҷинер, пуҳонд, мавлавӣ, шайхулҳадис, оятуллоҳ, охунд, ҳазрат, хоҷа, сайид, пир, доӣ, сардор, арбоб, хон, бой ва... аст, аммо дар лаҷанзори догмаандешӣ ва ҷаҳолат ғарқанд. Ин бузургони "ғарқшуда" дар лаҷан, ба андозае осебпазирии иҷтимоӣ-инсониро боло бурдаанд, ки ҳатто авомуннос маҷбур шудаанд худро дар локҳои қавмӣ, мазҳабӣ, забонӣ ва самтӣ бипечонанд. Дар ин вайронкада ҳар он ки ба фикри миллат парвардан шуд, таҷрид мешавад, иттиҳом мехӯрад ва саркӯб мегардад. Одам шох мекашад вақте вакили таҳсилкардае (фавқуллисонс) дар парлумон бигӯяд: ман барои Муҳаммад Амин Фарҳанг раъй надодам, чун падараш китобе зидди падари ман навишта буд!

Дар ин шаҳристони бадбинӣ ҳатто маданиандештаринҳо чун давлатӣ шуданд ва ба иқтидор расиданд, дигар мадани намеандешидаанд. сиёсатҳои ғайримиллӣ маънӣ ва мафҳумаш ҳамин аст, мутаассифона. Фақат роҳе, ки мемонад ҳамон аст, ки бинависам:

 Эй доду бедод!

 *эҳтимолан ин истилоҳ аслан "ал-явму би ал-тарҳ" будааст, яъне "ҳар рӯзро тарҳе". Аммо каҷу догмаандешии мо онро ба "явм ул-бадтар" табдил кардааст (валлоҳу аълам).


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!