Хабари рӯз

Cафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов

Посухи сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба суолоти хабаргузории русии ТАСС

 

- Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ гуфт, ки тамаркузи маҳсуси “Толибон” дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон вуҷуд дорад ва ҳар аз гоҳе бо гурӯҳҳои мухолиф даргирӣ мешавад. Оё ба назари Шумо, хатари воқеӣ аз сӯи Афғонистон барои Тоҷикистон вуҷуд дорад?


ИГОР ЛЯКИН-ФРОЛОВ: Бале, дарвоқеъ, як таҳдид вуҷуд дорад. Бар асоси бархе гузоришҳо, ҳудуди 6000 шибҳи низомӣ (ҷангӣ) ба намояндагӣ аз созмонҳои террористии мухталиф дар манотиқи шимолии Афғонистон мутамаркиз шудаанд. Бузургтарин хатар аз созмонҳое ношӣ мешавад, ки дар он афроде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бархе манотиқи Русия ҳузур доранд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо метавон ба “Давлати исломӣ” (ё ДОИШ, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст), ҷамоати “Ансоруллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ишора кард. Тибқи мушоҳидоти мо фаъолияти онҳо дар замистон коҳиш ёфтааст, зеро акнун масирҳои кӯҳистонӣ ва ҷодаҳои аслӣ пӯшида аз барф аст. Ин як иттифоқи роиҷ дар манотиқи кӯҳистонии Афғонистон аст. Дар баҳор, замоне, ки ҳаво тағйир мекунад, мумкин аст фаъолияти онҳо афзоиш ёбад. Ба таври куллӣ, робита байни “Толибон” ва созмонҳои террористӣ як падидаи мубҳам аст ва пешбинии чигунагии тавсеаи он дар оянда душвор аст. Аммо бояд барои ҳар таҳаввули ғайримунтазира омода бошем.

 

- Созмони Паймон амнияти ҷамъӣ чӣ навъ кумаке дар тазмини амнияти Тоҷикистон ироа мекунад? Таҳти пӯшиши паноҳандагон ситезаҷуён, ифротгароён ва ифротиён метавонанд ба хоки Тоҷикистон нуфуз кунанд. Оё бояд аз созмонедеҳӣ ё тақвияти эҳтимолии аносир ифротӣ ҳарос дошт?

 

ИГОР ЛЯКИН-ФРОЛОВ: Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАҶ) аз наздик пешрафти вазъият дар Тоҷикистонро думбол мекунад. Ба пешниҳоди шарикони тоҷик, механизмҳое барои ҳифозат аз марзҳои ҷанубии он дар ҳоли кор аст. СПАҶ мӯътақид аст, ки акнун Тоҷикистон беш аз ҳар замони дигаре ба чунин кӯмакҳое ниёз дорад. Иқдомоте дар ин росто анҷом шуда ва ҳам дар ҳоли анҷом аст.
Дар поёни соли гузашта, таҳвили густурдаи таҷҳизот ва муҳимоти низомӣ, силоҳ, муҳиммот барои таҷҳиз ва навсозии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Русия анҷом шуд. Мо мӯътақидем, ки чунин иқдомот боиси тақвияти омодагии размии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хоҳад шуд.
Аз ҷумла, ба лутфи ин кӯмакҳо, кори муносибе барои тақвияти ҳифозат аз бахшҳои саъбулубури кӯҳистонии марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом шудааст, посгоҳҳои марзии воқеъ дар онҳо акнун бо нерӯҳо ва таҷҳизоти низомии изофӣ тақвият шудааст. Илова бар ин, кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ омодаи афзоиши талошҳо барои муқобила бо таблиғоти терроризм ва ​​ифротгароӣ ҳастанд.

Тарафи русӣ ҳамроҳ бо шарикони тоҷикистонӣ дар поёни соли гузашта тарҳи муштараки моро барои эҷоди як посгоҳи марзии модерн дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсуддини Шоҳин оғоз кард. Қарордоди марбута қаблан имзо ва будҷа низ тасвиб шудааст.
Мо аз манзари мусбат, мавзӯъи афзоиши теъдоди размоишҳои низомии муштарак аз тариқи Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ва ба сурати дуҷонибаро баррасӣ мекунем. Бешак, пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки зомини мутмаини амнияту субот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли фазои Осиёи Марказӣ аст, нақши бузурге дар ҳифозат аз марзҳои ҷанубии созмон дорад. Тайи чанд соли гузашта, ин пойгоҳ ба таври комил нерӯҳои худро такмил кардааст ва муҷаҳҳаз ба силоҳҳои модерн шудааст.
Омодагии размии пойгоҳи русӣ афзоиш ёфтааст, ки метавонад посухи шоиста ба таҳдидот ва чолишҳои ношӣ аз Афғонистон бидиҳад.
Илова бар ин, ба унвони бахше аз талошҳои муштараки кишварҳои СПАҶ, қарор аст робитаи хадамоти махсус барои шиносоӣ ва хунсо кардани ҳастаҳои террористии ифротие, ки саъй дар нақзи марзҳои Тоҷикистон доранд, фаъол шавад.
Баргардем ба саволи Шумо дар мавриди паноҳандагон. Тибқи омори Созмони Милал, соли гузашта ҳадди ақал 5700 нафар аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд, ки метавон онҳоро паноҳанда донист. Бархе аз онҳо қаблан ба кишварҳои солис рафтаанд, аммо бештари онҳо дар ин ҷо боқӣ мондаанд. Мо аввал аз ҳама дар мавриди тоҷикҳои Афғонистон сӯҳбат мекунем, ки бузургтарин ақаллияти миллӣ дар Афғонистон ҳастанд, ки ба таври қонунӣ ба ин ҷо омадаанд ва метарсанд ба сарзамин худ, ки таҳти контроли “Толибон” аст, бозгарданд.
Дар сурати вахомати бештари вазъият дар Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир бо як буҳрони амиқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва башардӯстона мувоҷиҳ аст, мумкин аст "амвоҷ"-и ҷадиде аз паноҳандагон ба Тоҷикистон биёяд. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон, ҳамроҳ бо шарикони байналмилалӣ ба раҳбарии дафтари Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, дар ҳоли тавсеаи тарҳҳои вокуниши муносиб ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати пешрафти манфии рӯйдодҳо дар Афғонистон, мумкин аст 11 то 12 ҳазор тани дигар аз сокинони он то поёни соли 2022 тасмими фирор ба Тоҷикистон бигиранд.
Дар айни ҳол, мо умедворем, ки Душанбе битавонад аз як "ҳуҷум"-и густурдаи ҷадиди паноҳандагон ҷилавгирӣ кунад, ки зарурат ба ҳазинаҳои молии ҷиддӣ ва кори созмонии зиёде барои пазириш, баррасӣ ва ускони онҳо дорад.
Илова бар ин, ҳамеша ин хатар вуҷуд дорад, ки шибҳинизомиён ва ифротиёни билқувва дар миёни паноҳндагони сулҳҷӯ бошанд. Раҳбарии Тоҷикистон, албатта, инро ба хубӣ дарк мекунад. Бинобарин, мақомоти зисалоҳи ҷумҳурӣ кори амалиётии муназзамеро дар ин замина аз ҷумла бо ҳамкории идороти марбутаи Русия анҷом медиҳанд.

- Равобити Русия ва Тоҷикистонро ба таври куллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

ИГОР ЛЯКИН-ФРОЛОВ: Равобити мо бо Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ дорад. Мо барои муддати тӯлонӣ дар як кишвар зиндагӣ кардем ва акнун ба пайвандҳои мушорикати стратегӣ ва иттиҳод маҳдуд шудаем. Ба таври куллӣ, мардум бо Русия ва русҳо рафтори дӯстона доранд, бо ҳамдардиву эҳтиром ва меҳмоннавозӣ бархӯрд мекунанд.
Гуфтугӯи сиёсӣ ҳамчунон ба таври фаъол дар ҳоли тавсеа аст. Соли гузашта саршор аз боздид дар сатҳҳои болову олӣ буд. Имсол дар моҳи апрел, кишварҳои мо сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн хоҳанд гирифт. Ба ҳамин муносибат, қарор аст теъдоде аз чорабиниҳои сиёсиву башарӣ баргузор шавад.
Ҳамкориҳои башардӯстона ба таври фаъол байни Русияву Тоҷикистон дар ҳоли тавсеа аст, ки дар чорчӯби он Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ), шӯъбае аз Донишгоҳи давлатии Ломоносови Маскав ва дигар донишгоҳҳои Русия дар ин ҷо фаъолият мекунад. Ҳудуд 30 ҳазор донишомӯз аз Тоҷикистон дар Русия таҳсил доранд. Барои панҷумин сол дар ҷумҳурӣ, тарҳе бо муваффақият иҷро шуд, ки дар ҷараёни иҷрои он 50 муаллими русӣ барои кор дар макотиби маҳаллӣ эъзом шуданд. Мо интизор дорем, ки имсол панҷ мактаби русӣ ба забони русӣ дарҳои худро боз кунанд. Дар заминаи иқтисодӣ низ муваффақиятҳои зиёде ҳосил шудааст. Медонед, ки Русия шарики аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст. Ҳаҷми тиҷорат байни кишварҳои мо дар соли гузашта болиғ бар 1, 352 миллион доллар будааст.
Масоили муҳоҷират низ яке аз мавориди муҳим дар дастури кори ҳамкории мо боқӣ мондааст. Солона ҳудуди 1 миллион нафар барои кор ба Русия мераванд. Бисёре аз мардум ҳамроҳ бо шиносномаи тоҷикӣ тобеияти Русияро низ доранд. Дар соли 2021 беш аз 65000 тоҷик тобеияти Русияро дарёфт карданд.
Дар ин ҷо аз нақши мусбате, ки Русия дар Осиёи Марказиву ҷаҳон ифо карда ва мекунад, бисёр қадрдонӣ мекунанд. Ва ман низ ба навбаи худ ба истеҳком ва давоми равобити байни кишварҳо ва мардумонамон мутақоид шудаам.

 

 

 


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!