Хабари рӯз

Бардаҳои фикрии паштунҳо эҷоди як гуфтумони миллии тоҷикиро барҳам мезананд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Он чи Рошидуддин Муҳаммадӣ доӣ/момо/тағои Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар бораи “афғоният ва исломият” баён кард, бояд ба ҳисоби нодонии ӯ гузошт.

Дар бист соли давраи ҷумҳурият, хеле аз тоҷикон, ки дар давлат кор карданд, дарки чандон амиқе аз масоили калони миллӣ, сиёсӣ ва қавмӣ надоштанд. Метавон гуфт, ки бисёре аз онон мисли Рошидуддин фикр мекарданд ва бар мабнои чунин фикре амал ҳам карданд, ки ин яке аз далоили умдаи заволи қудрати тоҷикон дар давраи ҷумҳурияти бистсолаи амрикоӣ ба шумор меравад.

Дарвоқеъ раҳбарони сиёсии тоҷик на фаҳме аз масоили таърихӣ, сиёсӣ ва қавмӣ доштанд ва на тааҳҳуде ба арзишҳои қавмиву ҳувиятӣ. Дар натиҷа онон пулу чавкии давлатро бар ин арзишҳо тарҷеҳ дода ва тамоми дастовардҳои низомиву сиёсиро, ки Масъуди бузург ва муқовиматгарони давраи аввал барои тоҷикон ба армуғон оварда буданд, ба қимор заданд ва дар ниҳоят ҳама аз сохтори давлат берун ва имрӯз дар хориҷ фирорианд.

Бархе аз дӯстон истидлол мекунанд, ки момои Аҳмад Масъуд аз назари ташкилотӣ узви расмии Ҷабҳаи муқовимат нест ва бинобарин, изҳороташ марбути худаш аст ва таъсире бар сиёсатҳои Ҷабҳаи муқовимат надорад. Ин дуруст, аммо ҷудо аз баҳси ташкилотӣ, ин мавзӯъ муҳим аст, ки дида шавад, ки оё афкори афроде мисли оқои Муҳаммадӣ бар рафтори ҷабҳа таъсире дорад ё на. Ин саволи муҳим аст. Бисёр иттифоқ меафтад, ки шахсе узви расмии як созмон нест, аммо андешаҳо ва афкораш бар рафтори як созмон таъсир дорад.

Барои тоҷикони Афғонистон ин бисёр муҳим аст, ки бубинанд, ки Ҷабҳаи муқовимат чӣ масиреро тай мекунад. Бисёре аз мардуми тоҷик чун аз раҳбарони сиёсии худ дар давраи ҷумҳурият ноумед шуда ва ононро муттаҳам ба фурӯши арзишҳои ҳувиятии худ мекунанд, рафтору амалкарди Ҷабҳаи муқовимат ва раҳбарони ҷадиди низомӣ ва сиёсии хешро низ дар тарозуи ҳамон сиёсиюни давраи ҷумҳурият вазн мекунанд. Ба истилоҳ чун мардуми тоҷик моргазида шуда, аз ресмони дароз метарсанд. Метарсанд аз ин ки мабодо Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷавони Ҷабҳаи муқовимат таҳти таъсири афроде мисли Рошидуддин қарор гирифта ва масири иштибоҳи бистсоларо тай кунад, ки барои тоҷикон хеле хатарнок аст. Ҳассосиятҳое, ки ба изҳороти Муҳаммадӣ нишон дода шуд, реша дар ҳамин тарс дорад ва ин тарс воқеӣ аст ва мардум ҳақ доранд мӯҳтот бошанд ва сахтгирона бархӯрд кунанд.

Дар ҳамчу мавоқеъ эҷоб мекунад, ки Ҷабҳаи муқовимат ба наҳве мавқифи расмии худро баён кунад ва эълом кунад, ки чунин изҳороте назари шахсии афрод аст ва ҷабҳа ба арзишҳои ҳувиятии мардум мутааҳҳид аст. Аммо то ҷое, ки баҳсу андешае дар миён аст, бояд гуфт, ки тоҷикон дар як халои гуфтумонӣ қарор доранд ва ин хало боис шуда, ки бисёре аз тоҷикони миллигаро дар чорчӯби миллигароии паштунӣ биандешанд. Дарвоқеъ метавон гуфт, ки он чи миллигароӣ хонда мешавад, бештар паштунгароӣ/афғонгароӣ аст.

Паштунҳо дар замони шоҳ Амонуллоҳ бунёди андеша ва тафаккури миллӣ ба маънои модерни онро гузоштанд ва ҳамон шуд таърифи арзишҳои миллӣ, ки бисёриҳо дар гароишашон ба арзишҳои миллӣ ва фароқавмӣ вафодории худро ба он баён мекунанд. Ба баёни дигар фаҳми ин ки чӣ чизе паштунгароӣ ва чӣ чизе миллигароӣ аст, барои бисёриҳое, ки аҳли хиради сиёсӣ нестанд ва ба масоили сиёсӣ ва қавм нигоҳи амиқ ва андешаварзона надоранд, душвор аст ва онон ба содагӣ дар доми афғонизм меафтанд ва шиори афғонияту исломиятро ба баҳонаи ваҳдати миллӣ сар медиҳанд, ки равшанфикрони тоҷик ин қумош одамҳоро сарсупурдаҳо ва бардаҳои фикрии паштунҳо мехонанд.

Оқои Муҳаммадӣ дар ҳамин радиф қарор дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тоҷикҳо асосан бино бар ин даъвое заомат ва раҳбарии кишварро доранд, бояд гуфтумони миллии тоҷикиро ҳам таъриф кунанд ва ба истилоҳ, натсионализми тоҷикӣ ё ҳамон арзишҳои миллӣ аз нигоҳи тоҷикиро ҳам таъриф кунанд то сиёсиюни миллигаро ба он тамассук ҷӯянд. Дар набуди чунин андешаҳое, одамҳое мисли Рошидуддин лобуд, ки вақте тахайюлоти романтики миллиашон гул кард, сухан аз ниёзи мардум ба девонагии ғанӣ ва ҷинояткории Мулло Ҳайбатуллоҳ мезананд ва исми онро миллигароӣ ва ваҳдати миллӣ мегузоранд.

Ин ҷо мо бо навъе муғолата рӯбарӯ ҳастем, ки реша дар нафаҳмӣ дорад. Ин хало бояд тавассути равшанфикрони тоҷик пур шавад. Ҷабҳаи муқовимат бояд ба ҳарфи равшанфкрон ва андешаварзони тоҷик гӯш кунад ва аз афроде, ки шуури сиёсии бисёр омиёна доранд, фосила бигирад то эътимоди насли ҷадиди тоҷикро ҷалб кунад. Чунонки дар расонаҳои иҷтимоӣ дидем, бисёриҳо изҳороти Рошидуддинро бо сӯҳбатҳои Аҳмад Масъуд дар нишасти Вена рабт доданд, ки зиёд афғон-афғон гуфт ва боиси шаклгирии мавҷе аз норизоиятиҳо гардид. Дар ин асно вақте момояш ҳам аз афғоният гуфт, мардум онро ба изҳороти Аҳмад Масъуд рабт доданд ва ин натиҷаро гирифтанд, ки инҳо муртабит ба ҳам аст ва Аҳмад Масъуд ҳам мисли момояш фикр мекунад.

Раҳбари ҷавони Ҷабҳаи муқовимат бояд мутаваҷҷеҳи ин нукот бошад. Ӯ умеди як насл сархӯрдаву фиребхӯрда ва шикастхӯрда тоҷик аст ва ҳар ҳарфаш бо диққат ва васвос мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Дуруст аст, ки Аҳмад Масъуд ба унвони як чеҳраи миллӣ, талош мекунад, ки суханони фароқавмӣ баён кунад ва ба истилоҳ ҷалби ризояти паштунҳоро ҳам дар назар дошта бошад, аммо бояд мутаваҷҷеҳи ризоият ва адами ризояти тоҷикҳо ҳам бошад. Зеро дар ниҳоят ин тоҷикҳо ҳастанд, ки барои ӯ меҷанганд ва ӯро раҳбар мехонанд ва то охир канораш мемонанд, на паштунҳо. Чун сиёсат дар Афғонистон қавмӣ аст ва ин як воқеияти собитшудаи айнӣ аст.


Дин

Тероризм

30-июн-2025 By admin

Чеҳраи хатарноки бозии…

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!