Русия ку, ҳатто тамоми ҷаҳон ҳам Толибонро* ба расмият бишносад, муқовимати Афғонистон алайҳи ин вуҳуши исломӣ идома хоҳад кард, зеро ин ҷанги тамаддуну барбарият ва бақои ғайрипаштунҳои Афғонистон, қабл аз ҳама тоҷикон аст, ки ба ҷуз ҷисму ҷон, хонаву дар, зану хоҳар ва... ба тамаддунашон ҷанг эълон шудааст.
Нависанда: Фарид Аҳмад
Эътирофи Сергей Лавров аз сабти ном шудани як диплумоти толиб дар сафорати Афғонистон дар Маскав аз сӯи вазорати хориҷаи Русия як гом ба сӯи эътирофи расмии Толибон аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ, даст кашидани ин қудрати ҷаҳонӣ аз манофеъи калидиаш дар Афғонистон, қабл аз ҳама, пазириши як низомӣ толибонӣ нест.
Дипломатҳои рус аз ҳамон оғози ба қудрат расидани Толибон, ки бешак, бидуни кӯмаки низомиву истихборотии Русия аслан имкон надошт, бозии “мушу гурба” – ро ба роҳ андохта буданд. Бахусус, Замир Кобулов, аз рафиқони Залмай Халилзод ва ҳамнишини Мулло Умар, асосгузори Толибон, ҳама талошҳояшро ба харҷ дод, то ин гуруҳи террористиро (тибқи қавонини Русия) ба Маскав қабулонад. Ӯ ҳатто замоне Ҷабҳаи муқовимати миллиро як “созмони виртуалӣ” хонд, агарчи баъдтар онро як нерӯ ва ҷониби ҷанги Афғонистон эътироф кард.
Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки Русияву Толибон ҳеҷ ваҷҳи муштараки истротежик надоштанду надоранд ва сарнавишти Русия низ ба дасти дипломатҳо набуда, балки ҳамеша низомиёнаш тасмимҳои ниҳоиро гирифтаанд.
Толиб ҳамчун як тарҳи муштарак ва як урдуи ниёбатии Покистон-Инглис-Арабистони Саудӣ-Амрико рӯи кор омад. Беназир Буту, ки дар аҳдаш Толибон вориди бозиҳои истихборотии минтақа шуд, ба вазоҳат эътироф карда буд, ки пружаи Толибон аз сӯи истихбороти Инглис тарҳрезӣ ва бо пули Арабистони Саудӣ эҷод шуд ва таҳти мудирияти Покистон қарор гирифт. Амрико нозири кул ва раҳбари ин тим буд ва барои иҷрои тарҳҳояш, аз қабили интиқоли захоири табии Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, умедворӣ ба Толибон дошт ва дорад.
Маҳз “тарҳи Толибон” сабаби иттиҳоди истротежики Чину Русия шуд, ки то имрӯз мебинем. Пекину Маскав аз замоне, ки Иосиф Сталин вафот кард, як душмании бидуни муросое доштанд. Тааҳҳуди Сталину ҳамтои чиниаш Мао Се Дун ин буд, ки Русияву Чин – ду низоми коммунистӣ то шикасти комили империализми Ғарб дар саросари ҷаҳон муштарак мубориза хоҳанд кард. Аммо Никита Хрушёв омад ва эълони ҳамкорӣ бо Ғарбро дод. Ин чархиш Мао Сзе Дунро ба ҳадде асабонӣ кард, ки дар ҷаласае сафири Шӯравӣ дар Чинро зери борони ҳақорату маломат гирифт.
Вақте Толибон – лашкари ниёбатии тими Амрико вориди саҳна шуд, Русияву Чин дубора ба ҳам омаданд. Намунаи аввали ин ҳамкорӣ Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой буд. Ин иттиҳоди амниятиву низомӣ кишварҳои дахил дар умури Афғонистонро аз шимолу шарқ (Русия, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус) ва ҷануб (Ҳинду Покистон) ба ҳам овардааст ва ҳамон ҳадаф – комилан рондани Амрико аз АвруОсиёро дунбол мекунад. Дар ҳоли пайвастани Эрон Афғонистон комилан дар оғӯши ин созмон хоҳад уфтод. Он чӣ ин созмонро маҷбур мекунад, ки ба Амрико иҷоза надиҳад дигарбора пой дар минтақа гузорад ва ҳамзамон Амрикоро ба сӯи бозгашти дубора ва мавқеъ гирифтан дар миёни кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой савқ медиҳад.
Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввали алайҳи Толибон, моҳи июли соли 2000 дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви ин созмон ширкат ва бо онҳо, аз ҷумла раҳбарони Русияву Чин - Владимир Путин ва Сян Сземин мулоқот карда буд.
Ҳар кас санади ниҳоии ин нишастро, ки ба унвони Эъломияи Душанбе маъруф аст, бихонад, дармеёбад, ки ин созмони бонуфуз, сари буҳрони Афғонистон ҳарфи ниҳоии худ, он ҳам ғайри қобили пазириш будани як низоми толибонӣ дар минтақа ва пуштибонии амалӣ аз Ҷабҳаи муқовимати Масъудро зад.
Далели умдаи ҳазфи Аҳмадшоҳи Масъуд аз саҳна низ ин буд, ки дар ҳоли пуштибонии ин созмон аз муқовимати ӯ, муҳосибаҳои Амрико ва шариконаш, он ҳам ҷойи по пайдо кардан дар минтақаро барои ҳамеша барбод медод. Марҳум Масъуд қурбонии ин муҳосибаҳои бузург шуд.
Замони ҳузури Амрико ва НАТО дар Афғонистон тамоми кишварҳои дахил дар умури минтақа, бахусус, Русия ва Чин аз ҳар тавоне, ки доштанд, истифода карданд ва зарба заданд то ин ки кор ба шикасту фирори Амрико анҷом ёфт. Он замон Толибон танҳо гузинаи ҳамкорӣ буд.
Аммо ду иттифоқ – яке созиши Толибону ИМА ва дигаре ин ки Амрико тамоми силоҳи тайи 20 соли ахир додааш ба нерӯҳои амниятии Афғонистонро дар ихтиёри Толибон гузошт, ба як бор муҳосибаҳои Русияву Чинро тағйир дод ва онҳоро сари Толибон машкук кард.
Қитъаи “Бадрӣ” – и Толибон аз ҳамон замоне, ки миёни онҳову Амрико созиш ба амал омад, дар Покистон эҷод ва бо силоҳу либос, ҳатто тактикҳои ҷангии НАТО муҷаҳҳаз шуд. Ин қабил иттифоқот ҳеҷ гоҳ аз назари истихбороти Чину Русия пинҳон намемонанд.
Ҳарчанд расонаҳои онҳо 15 августи соли 2021 хеле ба завқзадагӣ аз шикасти Амрико дар Афғонистон маъракаи тӯю сурро ба роҳ андохта буданд, бархӯрдҳои Чину Русия дар қазияи Афғонистон аз ҳамон замоне, ки нишонаҳои шикаст ва хурӯҷи Амрико бармало мешуд, тағйир карда буд.
Чин бо кӯмаки Покистон ва ба умеди сармояҳои ҳангуфташ талош ба харҷ дод, ки холигоҳи пас аз Амрико эҷодшударо пур кунад. Аз ин хотир, мутахассисонашро дар чанд бахш ба Афғонистон фиристод, ки муҳимтаринаш инҳо буданд: 1) ҳузури низомӣ дар фурудгоҳи Багром; 2) тарҳ лӯлаи гази Эрон – Афғонистон – Чин; 3) пружаҳои захоири маъдан; 4) таслим гирифтани ӯйғурҳо. Аммо ин мутахассисин ба ин натиҷа расиданд, ки: 1) ҳузури низомӣ дар Багром ҷуз афтодан ба доми Амрико чизи дигаре нест; 2) шароити сармоягузорӣ дар тарҳҳои иқтисодӣ ҳанӯз вуҷуд надорад; 3) Шабакаи Ҳаққонии Толибон уйғурҳоро дар пойгоҳҳояш дар Ҳилманду Пактиё пинҳон кард ва ҳозир нашуд, ки онҳоро таслим кунад.
Чин худро қафо кашид, аммо аз тарҳҳояш ва аз Толибон даст набардоштааст ва аз роҳи эҳтиёт пеш меравад. Ин ҳама конфронсҳо ҳамоно ба хотири қабулондани Толибон ба минтақа аст.
Аммо Русия?
Маскав пуштибони аслии Толибон дар ҷанги онҳо бо Амрикову НАТО буд, аммо сарашон машкук аст. Моҳҳо қабл омодагиҳои худро барои ҳифзи марзҳои ҷанубии ИДМ гирифта буд. Чандин тамрини низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, интиқоли силоҳу муҳимоти ҷадид ба пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ва ғайра далели ин гуфтаҳоянд.
Ҳамзамон моҳҳо қабл аз суқути Кобул бо нерӯҳои зиддитолибонӣ низ ба хотири эҷоди муқовимат корҳояшро шуруъ кард, зеро мутмаин буд, ки кори ҳукумати Афғонистон ва пуштибонони байнулмилалиаш хатм шудааст ва Толибон бо дастёбӣ ба силоҳҳои амрикоӣ ҳатман ба қудрат мерасанд, балки ба як нерӯи хатарноке табдил хоҳанд шуд.
Тими Амрико соли 1994 Толибонро як меҳвар барои тамоми тундравону террористони минтақаву ҷаҳон медид, ки таҳти “байрақи ислом” дарёи Омуро асосан ба қасди забти қаламрави нуфузи Русия убур хоҳанд кард. Ин ҳадафи истротежик ҳоло низ рӯи даст аст.
Аввалин ихтилофи Маскаву Толибон созмонҳои террористии мустақар дар Афғонистонанд. Пас аз пирӯзии Толибон дар саросари Афғонистон, бахусус марззҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ даҳҳо марокиз ва пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ, назири ДОИШ*, Ал-қоида*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* ва Ҷамоати Ансоруллоҳ* ба вуҷуд омаданд.
Созмонҳое, ки 20 сол қабл дар Вазиристони Покистон ҳузур ёфта буданд, ҳамагӣ ба Афғонистон, бахусус манотиқи шимолии он кӯч кардаанд. Гузоришҳои мувассақе вуҷуд доранд, ки дар шимоли Афғонистон, бавижа манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон, дақиқан, вулусволиҳои Нусай, Ёвон, Баҳорак, Роғистон (Бадахшон), Дарқад (Тахор), Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб (Кундуз) ҷангиёни созмонҳои террористӣ мустақар шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Осиёи Марказиянд ва теъдоди онҳо ба ду ҳазор нафар мерасад.
Дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб, ки бо Ӯзбекистону Туркманистон марзи муштарак доранд, ҳанӯз аз соли 2008 бо кӯмаки ҳукумати Ҳомид Карзай ва Амрико як паноҳгоҳи амн ё “давлат андар давлат” – и Ал-қоида эҷод шуда буд, ки аксаран ӯзбекистониҳоянд. Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон раҳбари террористони ӯзбек ва як қазоқ ба номи Абдулрауф Ака, ки дар вилояти Бодғис қароргоҳ дорад, раҳбарии умумии террористони хориҷӣ дар ин минтақаро ба дӯш дорад.
Як пойгоҳи террористони ӯйғуру Осиёи Марказӣ дар минтақаи Инҳисороти шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон эҷод шудааст ва ҳудуди 230 хонавода дар он зиндагӣ мекунанд. Теъдоди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин, ки дар пойгоҳҳои ДОИШ дар вулусволии Чапарҳори Нангарҳор ҳузур ёфтаанд, ба 1000 нафар мерасад. Раҳбари онҳо як шаҳрванди Қазоқистон аст, ки шаш муовин дорад ва яке ҳам як зани тоҷикистонӣ ба номи Хуршеда, фармондеҳи қитъаи занонаи ДОИШ аст.
Ин ҳама фақат муште аз хирвор аст. Ҳақиқат ин аст, ки толиб аз ин гуруҳҳо ҳеҷ гоҳ даст намебардорад, зеро як ақида ва ҳадаф доранд – эҷоди иморат ё хилофати исломӣ, ки ба Афғонистон маҳдуд намешавад. Аз ин хотир, Толибон дасти тамоми ин созмону гуруҳҳоро боз гузоштааст ва “Лашкари Ҳамза” - и Шабакаи Ҳаққонӣ* фаъолиятҳои онҳоро танзим мекунад. Суол ҳам ин аст, ки ба кадом ҳадаф?
Лавров ҳам дар нишасти Чин ба ин нукта ишора кард. Қаблан низ ин мавзуъ борҳо матраҳ шуд. Аммо Толибон ҳеҷ гоҳ ба ин суолҳо посух надодаанд.
Толибоне, ки Русия, дурусттараш, дипломатҳояш бо онҳо сарукор доранд, аз типи Амирхон Муттақиву Забеҳуллоҳ Муҷоҳиданд. Онҳо, мисли Лавров, ҳеҷ нақше дар таъйини тасмимҳои ниҳоӣ надоранд. Он чӣ ба онҳо гуфта мешавад, ҳамонро иҷро ё эълон мекунанд. Ҳарфи ниҳоӣ ба низомиёни Русия аст, ки мебинанд, Толибон созмонҳои террористиро алорағми тақозои ҳамсоягон парвариш мекунанд ва пушти ҳадафи аслии онҳо - убур аз дарёи Ому қарор доранд. Ин ҳамон толиб аст, ки солҳо 90 ба майдон омад, ҳеҷ тағйир накардааст.
Аз сӯи дигар, истиқрори як режими тундгарои динӣ дар Афғонистон ва табдил шудани он ба пойгоҳи густариши ин қабил режимҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари мустақим ба Русия аст, ки низ ҷумҳуриҳои мусулмоннишин дорад. Афғонистони толибонӣ ба як гуна “Исроили исломӣ” табдил шудааст, ки оромро аз минтақа хоҳад гирифта ва амалан ба паноҳгоҳи амни тундгароёни Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин табдил ёфтааст. Ин вазъ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабули, бахусус, низомиёни Русия нест, зеро онҳо хуб дарк мекунанд, ки Толибон ҳеҷ гоҳ аз террористони хориҷӣ даст нахоҳанд кашид, он гуна, ки Мулло Умар аз баҳри Афғонистон гузашт, аммо аз баҳри Усома бин Лодан на.
Ба ҳамин минвол, ба ду далеле, ки дар боло оварда шуд – табдил ёфтани Афғонистон ба парваришгоҳи созмонҳои террористӣ ва тақвияти як низоми тундгарои исломӣ дар ин кишвар – Маскаву Толибонро ҳеҷ гоҳ ба ҳам нахоҳад овард. Дӯстии онҳо ба хотири душманӣ бо Амрико гузашт. Ҳукумати ҳамашумул, тасфияи Афғонистон аз созмонҳои террористӣ, даст кашидан аз як низоми тундгарои асримиёнагӣ ва мухолифат бо дастовардҳои тамаддуни инсонӣ, аз қабили озодии занону баён, ки Толибон пеша кардаанд, на фақат мавриди пазириши Русия, балки ҷаҳон нест. Толибон ҳам ҳеҷ гоҳ омода нахоҳанд шуд, ки ба ҷаҳон писанд оянд, балки тамоюл ба ин доранд, ки ин ҳама ҳамоқати худро ба ҷаҳон қабулонанд.
Аз сӯе ҳам, Русия даргири ҷанги Украина аст. Гумони ғолиб ҳам бар ин аст, ки пас аз фурӯкаш шудани ҷанги Украина, Чин сари Тайван ҳамла хоҳад кард. Мухолифат бо Толибон дар шароити кунунӣ мешавад гуфт, ки як худкушӣ хоҳад буд. Толиб худ чизе нест - на маҳбубияти дохилӣ дорад, на хориҷӣ. Аммо ҷанг бо толиб низ ба ҷанг бо Амрикову ғайра табдил хоҳад ёфт, он гуна ки дар Украина мебинем. Он замон толиб худро ба оғӯши Амрико хоҳад андохт. Ин ҷанг Русия ва Чинро дар миёни обу оташ қарор хоҳад дод.
Чаро Толибон аз чунин фурсати тилоӣ истифода намекунанд? Посух одист: Амрико шарики боэътимод нест. Дар даври аввали ҳукумати Толибон (1996 – 2001) онҳоро истифода кард ва мисли як чизи бекора канор андохт. Аз сӯи дигар, Покистон – пуштибони ҳамешагии Толибон бо Чин робитаи истротежик дорад ва Чин ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки Толибон мушкиле барои Русия халқ кунанд. Аз сӯе ҳам, Толибон хуб дарк мекунанд, ки агар гоме алайҳи Русияву Чин бардоранд, худро табоҳ мекунанд, зеро онҳоро ба пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат таҳрик хоҳад дод. Ва ниҳоят, қойидаи ҷангҳои бузург ин аст, ки вақте кишваре барои ҳамла тасмим мегирад, ҳадди аққал чаҳор баробар аз нерӯи рақиб бештар қудрату зарфият дошта бошад, он гуна ки дар мисоли ҳамлаи Русия ба Украина дидем ва чизе, ки толиб надорад.
Инак, Лавров ва дипломати толиби ӯ ба номи Ғарвол, ки як моҳи қабл дар рӯзҳои нахусти ҷанги Украина сабти ном шуд. Ҳузури як толиб дар як сафорати бузург ҳеҷ гоҳ чолишсоз буда наметавонад. Зоҳиран, ин корро ҳам Русия ба хотири хуш кардани Чин кардааст, ки ҳоло ҳарду манфиати умумӣ доранд.
Аммо ин ба он маъност, ки дасти дипломатии Русия ба домани Толибон ва дасти низомиаш ба домани Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст. Ояндае, ки Русияву Чин мебинад, эҷоди созиш миёни ҷонибайн аст. Он чӣ ҳам ба манфиати Маскав ва ҳам Ҷабҳаи муқовимат нест, ҳамон далоилест, ки дар боло овардем. Ин ҳол Ҷабҳаи муқовиматро рӯз ба рӯз бо Русия наздик ва роҳи толибу Маскавро ҷудо хоҳад кард.
Аз нигоҳи истротежик, шимоли бистари толиби паштун ва Покистон нест. Шимол қаламрави муқовимати ғайрипаштун ва Русия аст. Русия ҳеҷ гоҳ ин иҷозаро нахоҳад дод, ки хилватгаҳи амниятиаш дар ихтиёри Покистон ва Инглису Амрико қарор гирад. Ин манфиати калидии Русия аст.
Толибон агар бақои худу Афғонистонро мехоҳанд, як роҳ доранд: бояд тамоми қаламрави муқовиматро барои соҳибони аслиаш холӣ кунанд, дар акси ҳол, мунтазири ҷангҳои шадиде дар баҳору тобистони имсол бояд бимонад, ки аз ҳоло шуруъ шудааст.
Русия ку, ҳатто тамоми ҷаҳон ҳам Толибонро ба расмият бишносад, муқовимати Афғонистон алайҳи ин вуҳуши исломӣ идома хоҳад кард, зеро ин ҷанги тамаддуну барбарият ва бақои ғайрипаштунҳои Афғонистон, қабл аз ҳама тоҷикон аст, ки ба ҷуз ҷисму ҷон, хонаву дар, зану хоҳар ва... ба тамаддунашон ҷанг эълон шудааст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст