Донишгоҳҳои Русия дар соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ нақш мебозанд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
6-уми майи соли 2009 дар Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов кушода гардид. Ин воқеа дар таҳкими робитаҳои таълимии Русия ва Тоҷикистон, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои донишҷӯёни тоҷик як иқдоми муҳим мебошад. Аз лаҳзаи кушодашавӣ то имрӯз филиал зиёда аз 960 нафар мутахассисони баландихтисоси насли навро омода кардааст. Ин як ҷузъи дастгирии васеъмиқёси низоми маорифи Тоҷикистон аз ҷониби Русия аст, ки таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои пешсафи худро ба роҳ монда ва барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия квотаҳо пешниҳод мекунад.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2009 таҳти рақами №655 филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз кард. Муассисони филиал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов мебошанд. Ҳудуди 1000 нафар хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ мутахассисони ояндаи Тоҷикистон мебошанд, ки қариб нисфи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки 12 фоизи хатмкунандагон муассисаро бо баҳои аъло хатм кардаанд. Илова бар ин, ҳамасола 40%-и хатмкардагон таҳсилро ё дар донишгоҳҳои дохили кишвар ва ё дар хориҷи кишвар идома медиҳанд. Ин аз сатҳи баланди омодагии донишҷӯён ва рақобатпазирии онҳо дар бозори байналмилалии таҳсилот шаҳодат медиҳад.
Дар тӯли 15 соли фаъолияташ филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба як ҷузъи системаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар омода кардани мутахассисон, рушди илм ва таҳкими ҳамкориҳо бо Русия фаъолона саҳм мегузорад. Дар ин муассиса мунтазам чорабиниҳои мавзӯӣ баргузор гардида, донишҷӯён дар озмунҳои гуногун иштирок мекунанд. Барои мисол, аввали моҳи май донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-и ихтисосҳои «Математикаи амалӣ ва информатика», инчунин, донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ»-и филиали донишгоҳ дар Душанбе дар дарси маҳорат (мастер-класс) оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ дар «TechnoHub Dushanbe» ширкат варзиданд. Ҳамчунин, санаи 8 майи соли 2024 дар филиали Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҷашнвора баргузор гардид. Меҳмонони чорабинӣ мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон М.В. Власова ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Е.М. Леонидова буданд. Дар иҷрои гурӯҳи «M.SIRIUS-U» сурудҳо дар бораи ҷанг садо доданд, ки як фазои пур аз ҳиссиёти ватандӯстӣ, мардонагӣ ва ҳамраъйиро эҷод карданд.
Дар назди филиали Донишгоҳ дар Душанбе литсеи хусусӣ низ амал мекунад, ки дар он хонандагони синфҳои 7-11 таҳсил мекунанд. Онҳоро барои дар оянда дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар омода месозанд. Соли гузашта хонандагони литсей дар фестивали XVIII-и умумироссиягии илмии «ИЛМ 0+» иштирок намуда, маҳорати хуб нишон доданд. Чанде пеш хонандаи синфи 10 "Б"-и литсей Зубкова Мария дар озмуни "Тоҷикистон – Ватани азизи ман" аз рӯи номинатсияи "Вокали академикӣ" ҷои дуюмро ва хонандаи синфи 8 "А" Камолова Сабрина аз рӯи номинатсияи "Баромади академикӣ" ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои дигари Русия низ фаъолият мекунанд, аз ҷумла филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ». Инчунин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати сифати таълим ва сатҳи омодасозии мутахассисон дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон мақоми аввалро ишғол мекунад.
Таҳсил дар Русия
Системаи маориф дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимтаринро ташкил медиҳад. Русия дар ин самт бо таъсиси мактабҳо ва кушодани филиалҳои донишгоҳҳои пешрафта ба мо кумак мерасонад.
Доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев аҳамияти ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро дар соҳаи маориф чунин қайд менамояд: “Ҳамкории Русияву Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дорад, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф инъикос меёбад. Русия ба мактабҳои ҷумҳурии мо аз ҷиҳати молиявӣ ва таъмини китобҳои русӣ пайваста кумак мерасонад.
Маъруфияти таҳсилоти русӣ на танҳо бо нуфуз ва сифати он маънидод карда мешавад. Бисёре аз волидон ният доранд, ки фарзандони худро барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия равон кунанд ва барои ин онҳо бояд дониши хуб дошта бошанд. Дар Русия кӯшиш мекунанд, ки донишҷӯёни бештарро аз кишварҳои Шарқ ва Африқо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷалб кунанд ва саъй доранд, ки ин барномаро на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар минтақаҳои Русия низ ҷорӣ кунанд.
Дар Тоҷикистон корфармоён ҳангоми ба кор қабул кардан ба дипломи русӣ бартарӣ медиҳанд. Мо бо Русия дар самти маориф ҳамкории зич дорем: дар назди Вазорати маориф ва илми Русия шӯроҳои диссертатсионии мо амал мекунанд, ки дар тӯли 10 соли охир тавассути ин шӯроҳо беш аз 40 номзади илм ва зиёда аз 10 доктори илмро омода кардем”.
Ба даст овардани маълумоти олӣ дар Русия нуфузу эътибори калон дорад. Квотаҳо ба донишҷӯёни тоҷик имкон медиҳанд, ки аз ҳисоби буҷаи Русия дар донишгоҳҳои бонуфузи ин кишвар таҳсил намоянд. Ин барои рушди илмӣ ва касбии ҷавонони тоҷик имкониятҳои беназир фароҳам меоварад. Сифату стандартҳои баланди таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст ва ба хатмкардагони ин муассисаҳои таълимӣ дар бозорҳои меҳнати кишварҳои гуногун талабот хеле зиёд аст.
Ба шарофати чунин барномаҳо дар Русия ҳамасола ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон ва нисфи онҳо ба тариқи ройгон таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин, донишҷӯён тавассути грантҳои донишгоҳӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда мешаванд, ки ин ба ҷавонони лаёқатманд барои амалигардонии иқтидори худ имконият фароҳам меоварад.
Илова бар ин, бештари хатмкунандагони тоҷики донишгоҳҳои Русия (тақрибан 90%) ба Ватан бармегарданд ва дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, илм ва фарҳанги кишварамон саҳм мегузоранд. Дониш ва таҷрибаи дар Русия андӯхта барои омода кардани мутахассисони баландихтисос, ки барои пешрафти минбаъдаи кишвар заруранд, нақши калидӣ мебозад.
Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе дар тӯли 15 соли фаъолияти худ дар рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти маориф саҳми назаррас гузоштааст. Дастгирии Русия тавассути таъсиси филиалҳои донишгоҳҳо ва пешниҳоди квотаҳо барои таҳсил ба омода кардани кадрҳои соҳибихтисос дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриамон мусоидат мекунад. Сатҳи омодасозии мутахассисон дар донишгоҳҳои Русия ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба хатмкунандагони ин донишгоҳҳо ҳам дар худи Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои дигари ИДМ талаботро бештар мегардонад.