Хабари рӯз

Ин мақола дар рӯзномаи Columbia Spectator (шумораи 40) ҳаштуми ноябри 1979 чоп шудааст.

Нависанда: Ҷим Хотамӣ

Баргардон: Сабур Сиёсанг

Ҳафизуллоҳ Амин – раисҷумҳури нави Афғонистон [1978] – дар расонаҳои амрикоӣ бо барчаспҳое чун “ифротӣ миёни ифротиён, инқилобии мутаассиб, марксисти нерӯманд ва коммунисти тундрави машҳур ба бераҳмӣ” шиносонда шудааст; вале шуморе аз касоне, ки ӯро аз даврони таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгорӣ (Teachers College)-и Колумбия мешинохтанд, тасвири дигаргуна медиҳанд. Масалан, Вилям Андерсон (William Anderson) – устоди раҳнамояш – ӯро “нармхӯ, хушбархӯрд ва ҳушманди дорои тавоноиҳои фаровон” мехонад.

Ба ҳамин сон, бону Пирл Зейл (Pearl Zale), ки шаш ҳафта (дар 1957) мизбони Амин буд, бо самимият аз вай чунин ёд мекунад: “Ин марди бисёр мулоим ва андешманд пеш аз бозгашт ба Афғонистон, меҳрубонӣ намуд ва ҳадяҳои зиёде барои хонаводаи ман овард”.

Амин нахустин бор дар тобистони 1957 аз тариқи барномаи омӯзиш ва кӯмакҳои фаннӣ, ки аз сӯи Вазорати маорифи Афғонистон ва Дорулмуаллимини Колумбия муштарак пеш бурда мешуд, ба Амрико омад ва дар оғоз дар хонаи Зейл будубош дошт. Чарлз Зейл (Charles Zale) низ мегӯяд: “Ин одами бисёр шоиста ҳаргиз маро ба ёди фарди хунхор намеандохт”.

Дар поизи ҳамон сол, Амин ба Ню-Йорк рафт ва то замони дарёфти санади коршиносии ҳунар дар риштаи мудирияти омӯзишӣ ҳамон ҷо монд. Пас аз бозгашт ба Кобул ба вазорати маорифи Афғонистон пайваст ва дар 1962 бори дигар ба Иёлоти Муттаҳида омад то дар риштаи тарбияи муаллим докторо бигирад.

Ба гуфтаи Вилям Андерсон, “Амин бо омадани бори дувум ба Амрико ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохт ва раёсати “Иттиҳодияи муҳассилини Афғонистон”-ро ба дӯш гирифт. Каркардҳои сиёсии вай дар Амрико хашми давлати Афғонистонро барангехт. Дар натиҷаи ҳамон фишор, визояш тамдид нашуд ва пеш аз он ки битавонад давраи доктороро ба поён расонад, ногузир ба Афғонистон баргашт. Аз мо як хурда озурдагӣ дошт, зеро барои поишиданаш дар Амрико пофишорӣ накарда будем. Албатта, мо ҳам наметавонистем дар тақобул бо давлати Афғонистон мавқеъ бигирем”.

Амин пеш аз тарки Амрико бо Донишгоҳи омӯзгорӣ расман ба тавофуқ расид то битавонад боз ҳам биёяд ва таҳсилро идома диҳад. Чун дар Кобул даргири зиндагии сиёсӣ шуд, дигар наёмад. Ӯ ду бор бар асоси Қонуни асосии ҷадид, номзади интихобот гардид ва дар 1965 ба парлумони Афғонистон роҳ ёфт.

Дар ҳамон давра Ҳизби демократики халқи Афғонистон ба раҳбарии Нурмуҳаммад Таракӣ бунёд гузошта шуд. Ӯ, ки корманди намояндагии Афғонистон дар Вашингтон ва сипас мутарҷими сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул буд, бунёдгузор ва гардонандаи нашрияи ҳизб ва раҳбари қоғазии он ба шумор мерафт.

Залмай Халилзод, профессори ҷавони донишгоҳи Колумбия, дар шумораи баҳори 1978 фаслномаи ORBIS навишт: “Нерӯмандтарин чеҳра дар Ҳизби халқ ва низ масъули барқарорӣ ва таъмини иртиботи ҳизб бо артиши Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин буд” (Ҳамин робитаи хос [низомӣ] ҳам дар сарнагунии режими Муҳаммад Довуд ва ҳам дар барканории Таракӣ ба дасти Амин нақши калидӣ дошт).

Ҳизби халқ нерӯи асосии худро умдатан аз байни омӯзгорон, муаллимин, рӯшанфикрон ва бахшҳое аз низоми аскарӣ, хусусан дар қувваҳои ҳавоӣ мегирифт ва нахустин бор дар 1973, ки Муҳаммад Довуд режими салтанати хонаводагии Зоҳиршоҳро сарнагун кард, қуввати бештар ёфт.

Довуд бо ваъдаи ислоҳот ва ҳимояти мустаҳками Ҳизби халқ ба қудрат расид; вале дар панҷ соли дигар бо канор гузоштани барномаҳои ислоҳоти дохилӣ ва тағйири самти сиёсати хориҷӣ, ба шоҳи Эрон ва Миср тамоил ёфт ва алайҳи Ҳизби халқ мавқеъ гирифт.

Кудетое, ки Ҳизби халқро ба қудрат расонд, зоҳиран бо террори раҳбари иттиҳодияҳои коргарӣ [Мир Акбар Хайбар] ва боздоштҳои густурдаи аъзои Ҳизби халқ дар Кобул ҷарқа зада шуд. Пас аз ду рӯз задухӯрди хунин, ки дар ҷараёни он Довуд ва чандин ҳазор тани дигар кушта шуданд, Ҳизби халқ бо басиҷи ҳаводорони худ қудратро ба даст гирифт: Таракӣ раиси ҷумҳур шуд ва Амин постҳои вазири корҳои хориҷӣ ва маншии умумии Ҳизби халқро ба ӯҳда дошт.

Вазири хориҷа [рӯзи нуздаҳуми сентябри 1978] барои суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк рафт ва ногаҳон ба сараш зад то даме бо ошнои дерин ва мушовири пешини худ дар донишгоҳи Колумбия Вилям Андерсон дидори тоза кунад (Андерсон ба ёд меоварад: “Амин ба расми адои эҳтиром ба диданам омад ва фақат чанд дақиқа нишаст. Гуфт, барномаи суханронӣ дер нашавад”.)

Таракӣ ва Амин пайвандҳои деринаи худро бо Иттиҳоди Шӯравӣ тақвият карданд ва талош варзиданд то барномаи васеи ислоҳоти дохилӣ — аз тавзеъи дубораи замин ва лағви маҳрия то курсҳои саводомӯзӣ барои занон ва мардон — ро ба роҳ андозанд.

Барангехтани хашм ва норизоиятии сарони қабилаҳои нимфеодалӣ ва заминдорҳо дар баробари густариши ислоҳот — ва шитоби давлат дар иҷрои онҳо — қобили пешбинӣ буд. Давлат бо саркӯби тавлиди васеъ ва тиҷорати судовари тарёк дар кишвар, эҳсосоти қабилавиро бештар ба ҷӯш овард. Мухолифат бо ислоҳоти давлатӣ хеле зуд ба занҷираи хезишҳои мардумии бидуни раҳбарӣ ва аҳдофи марказӣ анҷомид.

Аз сӯи дигар, Халилзод пуштибонии маҳдуди Амрико аз шӯришиёнро ҳимоят карда ва хоҳони фароҳамоварии силоҳҳои зиддитонк ва зиддитайёра, туфанги мошиндор ва бомби дастӣ — тарҷеҳан аз маҷроҳое чун Покистон ё Чин — барои нерӯҳои зидди давлати Афғонистон шудааст.

Ба баёни ӯ: “Чунин кӯмак, бавижа пас аз он шикасти фоҷиабори Амрико дар Эрон, эътимоди муттаҳидини Амрико ба Иёлоти Муттаҳидаро эҳё мекунад. Бо мусаллаҳ кардани шӯришиён, Иёлоти Муттаҳида метавонад барои Шӯравӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунад; ҳамон гуна ки Ветнам барои мо карда буд”.

Дар Амрико мухолифини кӯмак ба шӯришиён ишора мекунанд ба моҳияти бесарусомону иртиҷоии нерӯҳои мухолиф ва бо ёдоварии барномаи амалиёти махфии Иёлоти Муттаҳида дар Ангола мегӯянд: шояд ин барнома сарнавишти ҳамсон бо он чи дар Ангола рух дод, дошта бошад: Афғонистон бисёр зиёд қурбонӣ хоҳад дод, аммо таъсири қобили таваҷҷуҳе бар тазъифи нуфузи ҷаҳонии Шӯравӣ нахоҳад гузошт.

Залмай Халилзод бо навиштаҳое дар Washington Post, Wall Street Journal (ба номи мустаор) ва нашрияи илмии ORBIS, аз кӯмакҳои маҳдуди низомӣ ва иқтисодии Амрико ба оппозитсиони Афғонистон пуштибонӣ кардааст (Бо ин ҳама, профессори ҷавон гумон намебарад, ки Вашингтон барномаи пешниҳодии ӯро оғоз карда бошад.)

Кӯмаки Амрико буда ё набуда бошад, шӯришҳо дар баробари давлат ба рӯёрӯии Таракӣ ва Амин анҷомид. Гарчанде ҷузъиёти он равшан нест, барканорӣ ва сипас марги Таракӣ ва иртиқои Амин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ паёмади ҳамон кашокашҳо буд. (Расонаҳои Амрико ба суръат ӯро “коммунисти тундрави шуҳратёфта ба бераҳмӣ” номиданд ва гузориши New York Times навишт: муҷассамаи нимтанаи Ленинро дар дафтари кораш гузошта ва дӯстонашро “рафиқо” хитоб мекунад.)

Гузашта аз ин ки идеологияи дақиқи Амин чист, ба бовари Халилзод, “раиси ҷумҳури нав бисёр пурэнержӣ, сахткӯш, бисёр коромадтар аз Таракӣ ва бархӯрдор аз ҳимояти қавӣ дар қувваҳои мусаллаҳ, дастгоҳи истихборотӣ ва ташкилии ҳизбӣ аст”.

То кунун [ноябри 1978] равшан нест, ки оё Иёлоти Муттаҳида тасмими мудохила алайҳи давлати Афғонистонро дар сар дорад ё не; вале нишонаҳо гароиши давлати Ҷимми Картерро ба ҳамон сӯ нишон медиҳанд: Збигнев Бжезинский [мушовири амнияти миллии раёсати ҷумҳурии Амрико] дар баёнияи ду моҳ пеш [августи 1978] бар иродаи давлати Иёлоти Муттаҳида барои афзоиши ҳузури низомии Амрико дар минтақа таъкид кард ва ғайримустақим ба Шӯравӣ ҳушдор дод то доманаи дахолати худро дар Афғонистон барчинад.

Дар ниҳоят, агар чунин корозори мунтазам, ки ҳадафаш доман задан ба тарси Амрико аз “гӯё хатари Шӯравӣ” аст, пирӯзмандона пеш биравад, баид нест, ки давлати Амрико ба сӯи барномаи мудохилаҷӯёна дар Афғонистон кашонда шавад. Албатта, агар чунин нақша то кунун оғоз нашуда бошад.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!