Толибон монанди "шалвори сӯзон" аст, ки наметавон онро дар овард, аммо бисёр нороҳаткунанда аст.
Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки Толибонро аз феҳристи созмонҳои мамнуъа ҳазф кунад. Ойбек Смадиёров, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар гуфтугӯ бо хабаргузори Казинформ гуфт, ки ин амр ба далели бознигарӣ дар феҳристи миллии созмонҳои террористии мамнуъа ба манзури барӯзрасонии он аст.
“Ба унвони бахше аз ин раванд, тасмим гирифта шуд, ки тибқи равияи Созмони Милал, Толибон аз он ҳазф шаванд. Бар асоси қатъномаҳои илзомовари Шӯрои амнияти Созмони Милал, ҷунбиши Толибон дар феҳристи созмонҳои террористии таъйиншуда аз сӯи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор надорад”, - афзуд вай.
Вай ҳамчунин дар мавриди тамосҳои дипломатии Қазоқистону Толибон изҳор дошт, ки Қазоқистон тасмимот ва қатъномаҳои мусавваби Шӯрои Амният ва Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро қатъан риоят хоҳад кард.
Ин тасмими Қазоқистон вокуниши шадидеро, бахусус, дар бахши Афғонистонии интернет ба думбол дошт. Бархе мақомоти Қазоқистонро ба ҳимоят аз як гурӯҳи террористӣ муттаҳам мекунанд. Аммо биёед, билофосила зикр кунем, ки ин бад-он маъно нест, ки Қазоқистон расман ҳукумати Толибонро ба расмият мешиносад, балки мо фақат дар мавриди ҳазфи Толибон аз "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои террористӣ сӯҳбат мекунем. Остонаро набояд ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.
Асли гап дар чист? Ин ҳама чӣ маъное метавонад дошта бошад?
Аввалан, Қазоқистон яке аз шуракои тиҷории Афғонистон, акнун давлати Толибон аст. Дар соли гузашта, гардиши тиҷорӣ ба ҳудуди як миллиард доллар расид, ки як баробар бештар аз соли 2021 аст. Афғонистон 70 дарсад орди худро аз Қазоқистон ворид мекунад. Як истидлол ба таври худкор зоҳир мешавад: Қазоқистон бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ мекунад, хоҳ Толибон бошад ё гуруҳи дигаре. Аз як тараф тиҷорат аст ва аз тараф дигар масоили башарӣ-иҷтимоӣ - дар Афғонистон вазъияти иҷтимоӣ воқеан сахт аст, яъне мо дар мавриди мардуме сӯҳбат мекунем, ки ранҷ мебаранд. Ин ҷо чизи хосу нофаҳмо нест.
Сониян, Қазоқистон нақши калидӣ дар буҳрони Афғонистон надорад. На сиёсати дохилӣ ва на сиёсати хориҷии Толибон ба он вобаста нест. Ба низоъ на ниёз ва на аз он фоидаест, балки тиҷорат бояд сурат гирад. Дар Остона мӯътақиданд, ки билохира ақли Толибон медарояд ва беҳтар аст онҳоро ба худ овард.
Солисан, масоили марбут ба таҳдидот ва гурӯҳҳои террористиро метавон дар чорчӯби СПАД ҳаллу фасл кард. Қазоқҳо ба хубӣ медонанд, ки шаҳрвандони онҳо дар созмонҳои террористие, монанди Алқоида, ДОИШ ва ҲИТШ симатҳои муҳимме доранд. Ба унвони мисол, раиси иттилооти Алқоида дар шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказӣ фарде ба номи мустаори "Субҳонуллоҳ" қазоқ аст. Бар асоси иттилоот мо, ӯ яке аз муҷриёни ҳаводиси январи 2022 буд.
Чаҳорум ин ки муҳимтарин омил Қатар, яъне Амрико аст. Мо набояд фаромӯш кунем, ки сиёсати Қатар дар Афғонистон ва эҳтимолан дар Осиёи Марказӣ тавассути амрикоиҳо ё ба таври дақиқтар тавассути СиАйЭй таъйин мешавад. Инро худи амири Қатар низ таъйид кард. Бинобарин, замоне, ки дафтари Қатари Толибон - маркази аслии таъйинкунандаи сиёсати хориҷии ин гуруҳ аст, ҷои тааҷҷуб нест. Бо таваҷҷуҳ ба тавофуқномаи ҳамкории низомии Қатару Қазоқистон, метавон натиҷа гирифт, ки ҳазфи Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ бидуни дахолати амрикоиҳо анҷом нашудааст. Бо ин ҳол, ман фикр мекунам, ки муҳимтарин чиз барои Қазоқистон ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузории Қатар аст. Қазоқистон яке аз аъзои СПАД аст, як созмони низомие, ки сиёсатҳо ва масири он комилан дар тазод бо Қатару Иёлоти Муттаҳида аст.
Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд ва ин ҳамкорӣ қабл аз ҳама моҳияти башарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дорад. Аз назари иқтисодӣ, ҳеҷ монеае барои равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни онҳо ва Толибон вуҷуд надорад, зеро мо дар мавриди Толибон сӯҳбат намекунем, балки дар сухан аз мардуми Афғонистон аст. Қазоқистон ва дигар ҳамсоягон, монанди Ӯзбекистон низ ҳамин корро мекунанд. Аммо ҳамаи онҳо аз назари сиёсӣ як чизро аз Толибон мехоҳанд - эҷоди як давлати фарогир, зеро дар ғайри ин сурат Толибон ояндае надоранд. Ҳар кас таърихи Афғонистон, бахусус, 50 соли ахирро бидонад, мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки мо дар мавриди чӣ чизе сӯҳбат мекунем.
Толибон танҳо як гурӯҳи дастнишонда бо зеҳнияти қурунивустоӣ аст, ки бо аксарияти ҷомеаи Афғонистон ва минтақа бегона аст. Ба ҳамин далел аст, ки мухолифони зидди Толибон ҳар сол қавитар мешаванд ва ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки ҳукумати Толибон давом биоварад.
Аммо, ба назари ман, ҳам Толибон ва ҳам бозигарони аслии дар майдони Афғонистон - Иёлоти Муттаҳидаву Русия - як чизро дарк карданд - Афғонистон танҳо бо идғом дар минтақа метавонад зинда бимонад ва тақрибан 50 соли ҷангро барои ҳамеша пушти сар бигузорад. Ҳол савол ин аст, ки чӣ касе ин проектро иҷро хоҳад кард - Иёлоти Муттаҳида ё Русия?
Умедворам Қазоқистон дар замини Амрико бозӣ накунад, зеро Амрико шонси каме барои дастёбӣ ба ҷойгоҳ дар минтақа дорад ва эҳтимолан дар оянда ҳузураш ба ҳадди ақал хоҳад расид. Ҳоло ҳама чиз ба ин самт пеш меравад, албатта, магар ин ки иттифоқе биафтад, ки таодулро тағйир диҳад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамон тур, ки мегӯянд, бояд дар замони муносиб дар макони муносиб қарор гиранд.
Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем: Толибон монанди "шалвори сӯзон" аст, ки наметавон онро даровард, аммо бисёр нороҳаткунанда аст. Аз ин рӯ бояд муроқиби он буд.