Таърих дар Афғонистон ба як шеваи хашинтаре такрор мешавад. Аммо оё ин тарҳҳои хатарноки шайтонӣ таҳаққуқ хоҳад ёфт?
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва байнулмилал (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар акс: Ноқилини паштун соли гузашта саги як сокини маҳаллӣ дар Хоҷа Баҳоуддинро ба дор кашида буданд.
Интиқоли Толибони покистонӣ аз манотиқи марзии Афғонистон ба вилоёти дурдасти Афғонистон, бахусус вилоёти шимоли Афғонистон, такрори ҳамон хибти бузурги таърихӣ аст, ки навад сол пеш дар замони подшоҳии Муҳаммад Нодирхон, ба мудирияти Муҳаммадгулхон Муманд сурат гирифта буд. Ин нақл ва интиқолот дар давраҳои мухталифи таърихи муосири Афғонстон ва кунун дар замони Толибон, зери ҳар номе, ки буда бошад, фақат ҳамон аҳдоф ва ниёти дигаргун кардани таркиби қавмии Афғонистон, коштани тухми нафрат ва нифоқ миёни ақвоми мухталифи сокин дар Афғонстон ва билохира мазҳабӣ кардани бештари ҷомеа ва маҳви маданияту фарҳанг ва таърихи Афғонистонро дар қибол доштааст.
Ин амали шайтонӣ, ки ба машвараи Инглис ва Амрико ва бо мудирияти муштараки ISI ва ҳукумати такқавмӣ - такҷинсиятии Толибон барои иҷро гузошта мешавад, проекти муштараке аст, ба манзури давомдор кардани таниш ва ноамнӣ дар Афғонистон, тазъиф ва ҳатто чандпорча кардани он.
Давлати Покистон мехоҳад бо ин кор охирин мехро ба тобути Афғонистон, фарҳанг, тамаддун ва таърихи он бикӯбад.
Ба музҳик будани далели ин нақшаву тавофуқ миёни ISI Покистон ва Толибон таваҷҷӯҳ кунем, ки вазири корҳои дохилии Покистон ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи аршади Толибон тайи изҳороте ба он сиҳа гузоштаанд: ҳарду ҷониб истидлол кардаанд, ки "барои ҷилавгирӣ аз пешрафти бештари Таҳрики Толибони Покистон дар дохили хоки Покистон, мо ба тавофуқ расидем, то тамоми ҷангҷуёни толибони покистонӣ ва хонаводаҳои ононро аз манотиқи марзӣ дур намуда, ба вилоёти дурдаст (ҳадаф шимоли Афғонистон аст) интиқол бидиҳем".
Чӣ тавофуқи шармовар ва чӣ истидлоли хандадоре! "Ба хотири ҷилавгирӣ аз пешрафти бештари толибони покистонӣ дар дохили хоки Покистон, ҳукумати Толибон бояд ҳамаи ононро бо хонаводаҳояшон ба манотиқи дурдаст, бахусус ба шимоли Афғонистон интиқол бидиҳанд".
Ин гуна истидлоли музҳик дарвоқеъ эътирофи сареҳи дуҷониба аст ба интиқоли террористони бештар ба шимоли Афғонистон, ки бидуни шак, аз нияти шуму хатарноке ҳикоят дорад, нияти интиқол ва маскангузин кардани теъдоди бештари қабоили паштун аз Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба шимоли Афғонистон.
Ин амали шанеъ ва хатарнок, бетардид уқдаҳои қавмиро ташдид бахшида, танишҳои бештареро дар нуқоти мухталифи шимоли Афғонистон ба вуҷуд хоҳад овард.
Бидуни шак, дар пайи ин иқдоми хатарнок, ақвоми мухталифи сокини шимол ва мардумони бумии он вилоёт дар баробари тасфияҳои қавмӣ ва ишғоли хонаҳову заминҳояшон тавассути гурӯҳҳои тозавориди ноқилин аз Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ба по хеста ва аз сарзаминҳои падарияшон дифоъ хоҳанд намуд.
Ҷониби дигари ҳақиқат ин аст, ҳамон гуна, ки ахиран оқои Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ҳифзи танишу ҷанг дар Афғонистон кори Амрико ва ба нафъи Амрико аст. Интиқоли ҷанг ва ҷангҷуёни ифротии паштунтабор ба Шимол, барҳам задани таркиби қавмӣ ва эҷоди танишҳои ҷадид миёни ақвоми бумӣ ва ноқилони ҷадид ҳама ба асоси тарҳҳои шайтонии Амрико ва шарикони стратегиаш Инглис, Покистон ва Толибон ба пеш бурда мешавад.
Аммо оё ин тарҳҳои хатарноки шайтонӣ таҳаққуқ хоҳад ёфт? Оё мардумони бумии Шимол ба ноқилон ва ҷангҷӯёни ифротии исломии вазирстонӣ иҷоза хоҳанд дод, то сарзаминҳои падариашонро бо зӯр тасоҳуб намоянд?
Оё қудратҳои минтақаӣ - ба вежа Русия, Чин ва Эрон интиқоли ҷанг ва ҷангҷуёни ифротӣ ба шимол ва барҳам задани таркиби қавмӣ дар шимоли Афғонистонро таҳаммул хоҳанд намуд?
Ба тамоми ин пурсишҳо замон посухи равшан хоҳад дод.