Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад бо дар даст гирифтани контроли манобеъи обӣ ба ҳузури худ дар минтақа идома диҳад.

Нависанда: Ноил Ҳиротӣ (номи мустаор), махсус барои “Сангар”

Даргирии байни Толибону Эрон бар сари оби рӯдхонаи Ҳирманд як ҳақиқатро ошкор кард: Амрико аз анвоъи тарфандҳо барои ҳифзи ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода мекунад.

Ҷолиб ин ҷост, ки дигар наметавон ин тавтеаҳои бузургро аз ҳеҷ кас пинҳон кард. Ҳама онҳоро мешиносанд. Ҳеҷ коршинос дар Эрону Афғонистон ва ҳеҷ куҷои дунё бовар намекард, ки ду тараф воқеан бар сари об бо ҳам даргир шуда бошанд. Ҳама мегуфтанд, даргирӣ марбут ба тақсими об нест, зеро мушкили оби Ҳирманд имрӯз ба вуҷуд наомада, балки реша дар чанд даҳаи ахир дорад ва бо ҷанг ҳал намешавад.

Аммо ҳайати низомии амрикоӣ дар оғози ҷанги лафзии Толибону Эрон тавонист худро ба Кобулу  Қандаҳор бирасонад ва нерӯҳои Мавлавӣ Яъқубро ба марзҳои Эрон бифиристад. Дар оғози даргирӣ, шояд битавон гуфт, таҳдиди пинҳони Чину Русия, писари Мулло Умар ва бақия “муздурони амрикоӣ”-ро водор кард то ба худ биёянд ва буҳрон фурӯкаш кард.

Тибқи қарордоди даврони Довудхон, Афғонистон ҳақ надорад обро ба рӯи Эрон бибандад. Зоҳиран тибқи ахбор, Толибон билохира фаҳмиданду ба Эрон об фиристоданд ва даргирӣ поён ёфт.

Мушкили оби Ҳирманд танҳо “бомбаи обӣ” нест, ки зери бинои амнияти минтақа гузошта шудааст. Ин рӯзҳо ҷанҷоли бузурге дар атрофи канали Қӯштеппа дар ҳоли рух додан аст. Он ҳам қабл аз ҳама ба ин далел, ки Толибон мехоҳанд аъзои созмони террористии Таҳрики Толибони Покистонро дар канори савоҳили ин канал ускон диҳанд. Мардуми Афғонистон тоза дарк мекунанд, ки чаро Толибон бо ба қудрат расидан билофосила ба сохти ин канал пардохтанд. Бар асоси бархе гузоришҳо, будҷаи сохти ин канал тавассути Амрико таъмин мешавад. Дар ҳоли ҳозир қисмати аввали пружа тақрибан такмил шудааст ва интизор меравад то як соли дигар пурра такмил шавад.

Ин канал метавонад сароғози ихтилофи дигари минтақаӣ байни Афғонистон ва ҳамсоягонаш Ӯзбекистону Туркманистон бошад, зеро аз тариқи он Афғонистон метавонад оберо, ки ин ду кишвари ҳамсоя аз рӯдхонаи Ому мегиранд, таҳти контрол гирад. Дар як калом, ин ки ҳамсоягон чӣ қадар об хоҳанд гирифт, ба Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт.

Ин саволро ба фурсате дигар биспорем, ки вақте Таҳрики Толибони Покистон дар каронаҳои канали Қӯштеппа мустақар шуда ва дар онҷо ба кишти маводи мухаддир пардозад, чӣ мушкилоте дар интизори минтақа аст?

Афғонистон ҳақ дорад аз Омударё об бигирад, аммо Толибон ҳаргиз дар ин маврид бо ҳамсоягони худ машварат накардаанд ва алоқае надоранд, ки назари онҳоро дар мавриди ин канал бидонанд.

Як гурӯҳи террористие, ки кишваре фақир ва осебпазирро ба гаравгон гирифтааст (ва намедонад то кай дар қудрат боқӣ хоҳад монд) вақте ҳамсоягони худро ба чолиш мекашад, аз чӣ чизе дили пур дорад ва ба он такя мекунад? Посух дар як калима нуҳуфтааст: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Амрико солҳост, ки ба думболи контроли манобеъи обии Осиёи Марказӣ буда, то қавонини бозии худро бар кишварҳои минтақа таҳмил кунад. Тарҳи амрикоии “Осиёи Марказии Бузург” зоҳиран бар идғоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон аз тариқи берун рондани Русия ва Чин аз минтақа мутамаркиз аст ва тавассути Вашингтон ҳимояту иҷро мешавад.

Ин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки пас аз фирори шармовар аз Афғонистон, Кохи Сафед контрол бар манобеъи обии Осиёи Марказиро аслитарин ва тақрибан танҳо василаи ҳузури худ дар минтақа ташхис додааст. Вашингтон дар татбиқи нақшаҳои худ ба Толибон муттакӣ аст, гурӯҳе террористие, ки натанҳо ба манофеъи ҳамсоягони худ эҳтиром намегузорад, балки ба онҳо осеб мерасонад ва таҳдидҳо халқ кардааст. Ин Толибони таҳти ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба монанди Қӯштеппа як канали умед ва пешрафтро барои афғонистониҳои фақир ба мушкиле барои худашон ва ҳамсоягонашон табдил мекунад.

Дар бахши шимолии Омударё, Иёлоти Муттаҳида низ сахт дар талош аст то проекти “Осиёи Марказии Бузург”-ро иҷро кунад. Дар миёнаҳои соли 2021, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон аз роҳандозии як проекти панҷсола барои мудирияти манобеъи оби фаромарзӣ дар ҳавзаи рӯдхонаҳои Сирдарё ва Омударё хабар дод. Ин проект тавассути Агентии тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) ҳимоят мешавад ва будҷаи он 24 миллион доллар аст. Тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар ин проект мушорикат доранд. Алорағми камбуди мудовими оби ширин дар худи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, амрикоиҳо ба думболи ҳидояти манобеъи обии минтақа ба Афғонистон ҳастанд то нуфузи худро дар ин кишвар бозгардонанд, ки ошкоро пас аз хурӯҷи аҷулонаи НАТО дар августи 2021 мутазалзил шудааст.

Намунаи боризи ин рӯйкард, муаррифии низоми “Оби ҳушманд” (Smart Water) тавассути амрикоиҳо буд, ки ба шумо имкон медиҳад камият ва кайфияти оби мавриди истифода дар кишварҳои Осиёи Марказиро радёбӣ кунед. Мо дар мавриди насби ҳисобкунакҳои об сӯҳбат мекунем, ки иттилоот аз он ба маркази додаҳо ирсол мешавад. Насби ҳисобкунакҳои амрикоӣ бар рӯи тамоми рӯдхонаҳои минтақа ба амрикоиҳо ин имконро медиҳад, ки манобеъи обии Осиёи Марказиро ба таври комил контрол кунанд.

Илова бар ин, ин проект барои контроли раванди ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тарроҳӣ шудааст. Дар натиҷа камбуди манобеъи обӣ дар ҳеҷ як аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҳал нахоҳад шуд ва об ба Афғонистон сарозер хоҳад гашт, ки ба амрикоиҳо иҷоза медиҳад то нуфузи худро бар Кобул бозгардонанд ва ҳамчунин равобити байни кишварҳои Осиёи Марказиро бо ҳукумати Толибон беҳбуд бахшанд.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷузви аввалин кишварҳое бошанд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият мешиносанд то бар назорати об дар канали Қӯштеппа ва тавзеъи одилонаи оби Омударё даст ёбанд. Агар ин корро накунанд, чӣ гуна метавонанд бо давлати эътирофнашудаи як гурӯҳи террористӣ паймон бибанданд?

Аммо савол ин ҷост, ки дигар қудратҳои минтақа то чӣ андоза ба Амрико иҷоза медиҳанд ба ҳадафи худ даст ёбад? Посухи ин савол ба зудӣ пайдо хоҳад шуд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!