Хабари рӯз

Фоҷиаи Покистон бадтар аз ин аст, ки тасаввур мешавад. Ин кишвар мехоҳад мушкилоти иқтисодии худро аз ҳисоби Афғонистон ҳал кунад, аз ин хотир, Толибон ва Афғонистонро ҳеҷ раҳо нахоҳад кард, агар ҳам кард, барбод мешавад

Нависанда: Дориюш Бағлонӣ

Акнун ки тамоми ҷаҳон бо Урупои Шарқӣ машғули ҷанги Украина аст, бояд барои ҳавзаи геополитики ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон андешид ва авзои минтақаро ба баррасӣ гирифт. Биноан, аввалин барномаи мо нигоҳе ба вазъияти асафноки иқтисоди Покистон аст.

Покистон дар ҳоли ҳозир миллиардҳо доллар касрии ҳисоби ҷорӣ нишастааст. Касрии ҳисоби ҷорӣ замоне иттифоқ меафтад, ки як кишвар бештар воридот нисбат ба содирот дорад. Ба таври табиӣ агар чизе бештар ворид шавад ва пас аз он чизе барои фурӯш вуҷуд надошта бошад, касри ҳисоби ҷорӣ ба вуҷуд меояд ва арз ҳамчунон коҳиш меёбад. Дар иқтисод ҳисоби ҷорӣ шомили тамоми ҳазинаҳо ва даромадҳои як иқтисод, аз ҷумла воридоту содирот, ашё ва хадамот дар тирози пардохтҳои миллӣ мебошад. Тирози ҳисоби ҷорӣ як шохиси иқтисодии муҳим барои арзёбии амалкарди як иқтисод ё иқтисоди як кишвар аст.

Воридоти Покистон 26,8% рушд намуда ва ба 53,8 миллиард доллар дар соли 2021 расида буд. Дар натиҷаи ин афзоиш касри тиҷорӣ низ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 41,5% афзоиш ёфтааст. Биноан аломати манфии тирози тиҷорӣ 28,2 миллиард доллари амрикоиро дарбар мегирад. Чашмандози ояндаи иқтисоди Покистон тира ба назар мерасад. Афзоиши шадиди қимати нафт маводи хоми воридотиро гаронтар мекунад ва ҳудуди 33% аз воридоти Покистонро нафт ташкил медиҳад. Захоири арзӣ дар пойинтарин сатҳи худ қарор дорад ва дар моҳи ҷуни 2022 танҳо ду моҳи воридотро пӯшиш медод.

Омори Покистон гузориш медиҳад, ки қимати масрафкунанда дар моҳи майи соли ҷорӣ 13,8% афзоиш ёфтааст. Ба таври мутавассит барои соли 2022 таваррум байни 9 то 13% афзоиш хоҳад ёфт. Илова бар ин, рупияи Покистон тақрибан 50% арзиши худро дар баробари доллари Амрико дар тӯли се соли гузашта аз даст дода ва ҳазинаҳои хадамотии воридотро афзоиш додааст.

СРЕС коридори иқтисодии Чин ва Покистон бо ҳадафи тавсеа ва беҳбуди зерсохтҳои ҳамлу нақли энержии Покистон ва афзоиши ҳамкории иқтисодӣ миёни Чин ва Покистон мебошад. Дар воқеъ ин пружа бо убур аз маркази заминии Покистон байни гузаргоҳи Кунҷероп ба иртифои тақрибии 4800 метр ва шаҳри бандарии Гводар дар назди дарёи Араб, яке аз шаш долони заминии тиҷорӣ ва зерсохти ҷадиди Ҷодаи Абрешим ба шумор меравад. Бар асоси гузоришҳои матбуотӣ, ҳаҷми сармоягузории ин пружа байни 46 то 65 миллиард доллари амрикоӣ мебошад. Интизор мерафт, ки СРЕС то 700000 шуғли ҷадидро аз соли 2015 то 2030 эҷод кунад ва то 2,5% ба рушди иқтисоди Покистон кӯмак намояд.

СРЕС нуқтаи оғози ишқи Покистон бо Чин шуд, вале ин пружа бештар ҷанбаҳои стротежик барои Чин дорад, зеро ҳадафи Чин аз тариқи ин пружа густариши нуфузи худ дар Покистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад, ки метавон онро ба унвони як алтернативи заминӣ ба ҷои Уқёнуси Ҳинд дар назар гирифт. Ин масири заминӣ метавонад Чинро дар гузинаҳои мутақобала бо нуфузи Ҳинд ва Иёлоти Муттаҳида дар минтақа кӯмак намояд. СРЕС ҳамчунин Уқёнуси Ҳиндро бо бандари Гводар дар Балуҷистон, дарёи Араб то ғарби Чин, минтақаи Шинҷон ва Пуки Кашмирро ба ҳам мутассил мекунад.

Аммо то ҳол дар ин пружа ҳеч иттифоқе намеафтад, агар ба хотир дошта бошед, дар ноябри соли 2021 як эътироз ва нооромиҳои маданӣ дар Гводари Балучистон алайҳи мавҷудияти Чин рух дод ва мардуми маҳал аз ҳукумати Покистон интиқод карданд. Агарчи Чин миллиардҳо доллар барои сохти шаҳри бандарии Гводар ҳазина кардааст, аммо сипас мардуми маҳаллӣ ба ин натиҷа расиданд, ки ин пружа барояшон ҳеҷ суде намерасонад ва вазъияти иқтисодии онҳоро беҳбуд намебахшад. Пружаи СРЕС то кунун ба таври комил мутаваққиф шудааст ва умеди Покистон барои касби даромад аз ин пружа ҳанӯз як руъёи дур аст. Ҳамчунон Покистон мунзавии дипломотик дар Милали Муттаҳид мебошад, ба далели наздикӣ ва ҳамсуӣ бо Чин ва мизбонии бисёре аз сохторҳои гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон, ки дар воқеъ сохтаи Покистон аст, Иёлоти Муттаҳида ва Ингилистон низ дар он нақш доранд, аммо зоидаи фикр ва таъсиси шабакаҳои террористӣ, ҳамчун Толиби Покистон аст. Акнун алоқаи Иёлоти Муттаҳида ба Покистон коҳиш ёфта, агарчи дар тули даҳаи 80 ва аввоили 90 аз Покистон алайҳи мудохила ва ишғоли Шӯравии собиқ дар ҷуғрофиёи Афғонистон истифода мекард. Аммо дар ҳоли ҳозир вобастагиҳои Покистон ба Чин ва тағйири авзоъ дар минтақа дилгармии гузаштаи Иёлоти Муттаҳидаро нисбат ба Покистон коҳиш бахшидааст. Ин вазъ миёни  Амрико ва даллоли қаблиаш Покистон метавонад бо шаклгирии бештари буҳрон дар Афғонистон ва минтақа тағйир ёбад.

Покистон ҳамчунон шомили феҳристи хокистарии FATF - Financial Action Task Force шудааст.

Кишварҳое, ки дар феҳристи хокистарӣ қарор доранд, таҳти назорати FATF мебошанд, онҳо ё мустақиман арзёбӣ мешаванд ё тавассути кумитаҳои минтақаии FSRB мавриди назорат қарор мегиранд, то битавонанд пешрафташонро дар мубориза бо пулшуӣ ё таъмини молии терроризм радёбӣ кунанд ва мустанад созанд. Агар кишваре дар листи хокистарӣ сабт шавад, метавонад бо ин ҳолат таҳти таҳримҳои иқтисодӣ тавассути ниҳодҳое монанди Сандуқи Байналмилалии Пул ё Бонки Ҷаҳонӣ қарор гирад ва илова бар он, асароти манфӣ бар мубодилоти тиҷорӣ ва тиҷорат ба тавли куллӣ вуҷуд дорад. Аз 37 кишвар, ки узви FATF мебошанд, Ҳинд нақши фаъоли худро дар қарор додани Покистон дар феҳристи хокистарии FATF барои таъмини молии терроризм пинҳон накардааст.

Аз соли 2018 бад-ин сӯ Покистон дар феҳристи хокистарии FATF сабт шуда ва ба ин далел барои Покистон дарёфти ҳар навъ кӯмаки молӣ аз Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо бисёр душвор аст. Бинобар ин, Покистон ва мушкилоти фаровони дарёфти пул мувоҷеҳ аст ва ягона ақибгоҳи иқтисодии ӯ Чин мебошад. Чиниҳо дар солҳои ахир вомҳое дар ихтиёри Покистон гузоштаанд, ки миқдор ва марҷаъи мушаххаси онро гузориш намедиҳанд. Аммо ба таври комил ҳудуди 27 миллиард доллари амрикоӣ мебошад, ки 25% тамоми қарзҳои хориҷии Покистонро дарбар мегирад. Ин вомҳо аз мароҷеъи мухталиф тавассути чиниҳо ба Покистон пардохта шудаанд, аз ҷумла 8,77 миллиард доллар аз тариқи се бонки давлатии чинӣ, 7 миллиард доллар тавассути SAFE чинӣ ва мароҷеи мухталифи дигар, охирин пардохт 2,3 миллиард доллар дар моҳи ҷуни соли ҷорӣ сурат гирифт. Покистон низ аз Сандуқи Байналмилалии Пул вом тақозо кардааст, онҳо шароити душворро ба Покистон вазъ кардаанд. Аз як сӯ, Покистон дучори буҳурони иқтисодӣ ва шомил дар феҳристи хокистарии FATF мебошад, аз сӯйи дигар вобастагии иқтисодии ҷиддӣ ба Чин дорад, биноан Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, ки Покистон иҷоза надорад бо қарзе, ки аз онҳо дарёфт мекунад, вомҳои Чинро бипардозад.

Мо ба ин мегӯем: “Покистони дупа” (“дупа” дар Афғонистон ба касе гӯянд, ки қарзашро бо қарзи дигаре мепӯшад ва худаш чизе надорад).

Покистон дар ҳоли ҳозир 112 миллиард доллар қарздор аз хориҷ аст, ки 40% тавлиди нохолиси миллиашонро ташкил медиҳад. Қарзияҳои хориҷӣ метавонанд тавассути Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалӣ ва кишварҳои дигар дарёфт шаванд. Ҳангоме, ки як кишвар тавони пардохти қарзи худро надорад, дар ҳолати буҳрони бадеҳӣ Crises Debt қарор мегирад. Дар паҳлуи қарзи хориҷӣ қарзи дохилӣ низ вуҷуд дорад, ки масъулияти як давлат мебошад, то пардохти вомдиҳандагони дохилиро анҷом диҳад. Қарзҳои миллии як кишвар муташаккил аз қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошанд. Дар кулл қарзҳои миллии Покистон 245 миллиард доллари амрикоӣ аст, ки 83% тавлиди нохолиси миллии Покистонро дарбар мегирад. Чин кӯмак ба Покистон намекунад, балки вом ё қарз дар муқобили бандарҳои тиҷоратӣ медиҳад, ки ҳудуди сад сол ба Чин таллуқ хоҳанд гирифт, зеро Чин инро медонад, ки Покистон тавоноии пардохти вом ё қарзаро надорад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 1947 кӯмакҳои молии худро ба Покистон оғоз карда буд ва дар муқобилаш Покистон тавассути ISI хадамоти худро дар ҳавзаи геополитикаи минтақа ироа менамуд. Ба таври намуна таълими низомӣ, кӯмакҳои лоҷистикӣ ва таҷҳизи муҷоҳидин алайҳи мудохила ва ишғоли Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар даҳаи 70, 80 ва 90 тавассути истихбороти Покистон сурат мегирифт. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 100 то 120 миллиард доллар Покистон аз соли 1947 то ҳол танҳо аз Иёлоти Муттаҳида ба даст овардааст. Баъд аз ин ки Трамп, раисиҷумҳури Амрико шуд, кӯмакҳои моддии Амрико ба Покистон ба таври расмӣ мутаваққиф шуданд.

Дар тӯли қарни гузаштаи  мелодӣ хусумат пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як қадрати низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳонӣ табдил шуд. Амико баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ аз ин мавқеият барои тақвияти бештари нуфузи низомии худ, ба вижа бо густариши марзҳои НАТО истифода кард. Ин равиши низомигарии фазоянда дар қарни ахир мунҷар ба ташкили шабакае аз инҳисороти низомӣ-санъатӣ дар давлати Амрико гардид.

 

МУҶТАМАИ НИЗОМӢ - САНЪАТӢ - MILITARY – INDUSTRIAL COMPLEX Ё MIC

Дуайт Эйзенҳовер, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва фармондеҳи кулли нерӯҳои муттафиқини Аврупо дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ҳангоми суханронии худоҳофизии худ дар соли 1961 аввалин касе буд, ки ба таъсироти нигаронкунандаи таомул байни як ниҳоди низомии қудратманд ва як дастгоҳи низомии қудратманд ишора кард. Санъати таслиҳот дар миқёси бузург, ки ӯ онро “таҷрибаи ҷадиде барои Амрико” тавсиф намуда ва дар зимн ба маҳофили давлатӣ ҳушдор дод: “Мо бояд аз эъмоли нуфузи ғайримуҷози маҷмуаи низомӣ-санъатӣ, чӣ амдӣ ё ғайриамдӣ муроқибат кунем. Потенсиали афзоиши фоҷеабори қудрати номуносиб вуҷуд дорад ва хоҳад боқӣ монд”.

Бо омадани Доланд Рамсфелд дар феврали соли 2001 ба унвони раиси Пентагон қарордодҳои ҳангуфти миллиардӣ барои санъати таслиҳот ба имзо расиданд. Онҳо аз тариқи кунгура махфиёна сурат мегирифтанд, ки дар он ҷумҳурихоҳон аксарияти намояндагони чаҳор кумитаи марбутаро ташкил медоданд. Дар соли 2002 Иёлоти Муттаҳида ба танҳоӣ 43% ҳазинаи низомии ҷаҳонро ташкил медод.

Ҳазинаҳои таслиҳотии ҷаҳон ба шиддат афзоиш ёфта ва дар соли 2021 аз 2 триллион доллар фаротар рафтааст. Муассисаи таҳқиқоти сулҳ гузориш медиҳад, ки Иёлоти Мутаҳида бо сармоягузорӣ ҳудуди 800 миллиард доллар дар хатти муқаддами ҳазинаҳо қарор дорад. Саҳми Иёлоти Муттаҳида аз ҳазинаҳои низомии ҷаҳон ҳудуди 38%ро дарбар мегирад. Иёлоти Муттаҳида тақрибан ба андозаи маҷмуи даҳ кишвари пурқудрат барои таслиҳот ҳазина мекунад. Дар айни ҳол саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳазинаҳои таслиҳотии ҷаҳон нисбат ба соли гузашта андаке, як% коҳиш ёфтааст, зеро кишварҳое монанди Чин ва Ҳинд солҳост, ки саҳми худро афзоиш медиҳанд.

Чин бо 293 миллиард доллар ҷойгоҳи дувумро ишғол кардаву 14% саҳми ҳазинаҳои таслиҳотии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ҳазинаҳои низомии Русия нисбат ба муддати мушобеҳ соли қабл 2,9% афзиш ёфт ва ба 65,9 доллар расид. Ҳазинаҳои дифоъӣ 4,1% аз тавлиди нохолиси Русияро ташкил медиҳад. Танҳо ҳазинаи таслиҳоти соли 2021 Амрико бештар аз 50%и тамоми иқтисод ё тавлиди нохолиси Русияро дарбар мегирад.

Муҷтамаи низомӣ-санъатӣ Military – industrial complex ё MIC низ барои бозор ва ҷуғрофиё набард дорад, ҷуғрофиёи Афғонистон яке аз он намунаҳо ба шумор меравад.

Гуфтугуҳое аз соли 2017 бад-ин сӯ вуҷуд доранд, ки чандин кишвари арабӣ, Исроил ва Иёлоти Муттаҳида талошҳои низомии худро дар минтақа ва Ховари Миёна ҳамоҳанг мекунанд. Оё ин метавонад мунҷар ба як иттиҳоди низомии муназам шавад?

Бар асоси гузориши расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида нақши калидӣ дар музокирот ифо менамояд. Ин пружаро фаротар аз хутути Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ ба тасвиб расидааст. Маҷаллаи стратегӣ ва фановарии “Breaking Defense” гузориш медиҳад, ки намояндагони барҷастаи ҳар ду ҳизб - демократ ва ҷумҳурихоҳ аз чунин иқдом истиқбол мекунанд.

Кишварҳои арабӣ ва Исроил барои Иёлоти Муттаҳида ва фурӯши таслиҳот як бозори ҷолиб ва дар ҳавзаи геополитикаи Ховари Миёна пурнуфуз ба шумор мераванд. Бо чандқутбӣ шудани ҷаҳон манфиатҳои мухталиф барои бақо ва доираи асаргузорӣ бо таркиби ҷадид дар ҳоли шакл мебошанд.

Пас аз хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз Арабистони Саудӣ амнияти онҳо коҳиш ёфтааст. Тибқи гузоришҳое, ки дар расонаҳои мухталиф мунташир шуданд, 375 ҳамлаи берунмарзӣ дар Арабистони Саудӣ шомили мушак ва паҳпод анҷом ёфтааст. Неруҳои ниёбатии Арабистони Саудӣ инро медонанд, ки неруҳои ҷангӣ аз Ироқ, Покистон, Афғонистон ва Сурия ҷазб ва вориди Яман мешаванд.

Арабистони Саудӣ ва Покистон ба қавли нахуствазири асбақ Имрон Хон “олитарин” дӯсти Покистон ба шумор меравад, аммо дар иртибот бо даргириҳои миёни Яман, ки тавассути Эрон ҳимоят мешавад ва Арабистон, вай афзудааст “ба ин далел як мунозиаи низомӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон барои Покистон фоҷеаомез аст. Мо беҳтарин талошҳои худро мекунем, то муносибот миёни  ин ду кишвар бадтар нашавад. Ин минтақа тавони таҳаммули як мунозиаи дигарро надорад”. Покистон чун сиёсатро балад аст, дақиқ медонад чӣ замоне манофеаш дар хатар аст ва аз беҳтарин дӯсташ Арабистон мавриди Яман дурӣ кунад.

Ҷамъияти Яман ду бахш аст. Гуруҳи суннӣ ҳудуди 65% ва гуруҳи шиъа 35%ро ташкил медиҳанд. Ҷунбиши ҳусиҳо, ки аҳли ташаюъ ҳастанд, мавриди ҳимояти Эрон  қарор доранд ва машғули ҷанг алайҳи неруҳои Саудӣ дар шимоли Яман мебошанд. Ин даргириҳо дар соли 2004 бо раҳбарии Ҳусайн Бадриддин Ал-Ҳусӣ оғоз шуд ва то ҳол густариш ёфтаву идома дорад.

Покистон ҳам Эронро гоҳе нисбат ба кӯмаки балучҳо нақд мекунад. Шибҳанизомиёни ҷудоиталаб дар роҳандозии ҳамалот алайҳи давлати Покистон тавассути Ҳинд ва Эрон асари қобили таваҷҷуҳе доранд, бар фарози Балучистон, ки метавонад минтақаеро бесубот созад. Устони Балуҷистони Покистон аз бузургтарин устони ин кишвар маҳсуб мешавад ва бо устони Сиистону Балучистони Эрон ҳаммарз аст.

Мунтақидони ҳукумати Покистон ба ин боваранд, ки Балучистон аз фақиртарин минтақаи ин кишвар ба шумор меравад, дар ҳоле ки дар ин минтақа маодини фаровоне вуҷуд дорад. Дар айни ҳол сармоягузории қобили мулоҳизаеро дар ин минтақа таҳти пружаи “Ибтикори камарбанд ва ҷода” анҷом дода, ки ба гуфтаи шаҳрвандони Балучистон, суди аслии он ба касоне мерасад, ки ба ин минтақа тааллуқ надоранд ва бегона мебошанд.

Дар моҳи апрели соли гузашта як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветта, меҳмонхонае, ки маҳалли иқомати сафири Чин буд, ба кушта шудани чаҳор тан анҷомид. Агар буҳрони ҷиддӣ дар Покистон шакл гирад, яке аз муҳимтарин нукоти стратегӣ Балучистон хоҳад буд. Ҳамчунон дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон маодини фаровон вуҷуд дорад, ки Покистон дар муомила бо абарқудратҳо ба онҳо дил бастааст. Покистон дар оянда барои тақвияти иқтисодии худ барномаҳои васеъ дорад, ки тавассути гуруҳи Ҳаққонӣ мудирият мешаванд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!