Хабари рӯз

Робитаи наздик байни Тошканд ва Толибон чандон самимона нест, агарчи онҳо саъй мекунанд онро ба ҳамин шакл ба тасвир бикашанд. Тошканд ба хубӣ медонад, ки мор рӯзе аз остини Толибон берун хоҳад хазид, шояд ҳатто дар пӯшиши ҷадид ва неш хоҳад зад.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири «Сангар»

Муҳиммтарин паёми нишасти Тошканд ин буд, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев азТолибон хост то равобити худро бо созмонҳои террористӣ қатъ кунанд ва ба онҳо итминон дод, ки чунин рӯйкарде боиси афзоиши эътибори ҳукумати онҳо мешавад.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон аз Толибон мехоҳад кореро анҷом диҳанд, ки ҳаргиз анҷом нахоҳанд дод. Аслан ба онҳо бастагӣ надорад, чӣ коре анҷом диҳанд ва чӣ коре анҷом надиҳанд. Пушти оғӯшкашиҳо бо Толибон ва ҳатто дархости Тошканд аз Амрико барои бозгардондани пулҳои, ба қавли Замир Кобулов, “дуздидашуда” аз Афғонистон, чизе камтар аз ҳимоят аз мавзеъи Русия нест. Маскав аз аввалин рӯзҳои рӯйи кор омадани Толибон ба вузӯҳ гуфтааст, ки барқарорсозии Афғонистон ба ӯҳдаи касонест, ки онро вайрон карданд.

Паёми Мирзиёев равшан аст: агар бо террористҳо ҳамкорӣ мекунед, шарики мо нестед. Бақия барномаҳо ва проектҳои муштарак ҳама ҳарфҳои дарунхолӣ аст. Ҳамаи ин проектҳои иқтисодӣ бо тағйири вазъият дар ҷабҳаҳои ҷанг берабт мешаванд. Сарнавишти бисёре аз проектҳо - аз ТАПИ то Даҳлези Лоҷувардӣ - чунин буд.

Чаро Мирзиёев чунин паёме фиристод? Ба таври дақиқтар, чаро Тошканд ба Толибон эътимод надорад?

Тошканд муддатҳо пеш аз Толибон дилсард шуд буд, аммо саъй кард онро нишон надиҳад. Ҳудуди 30 сол аст, ки равобит бо Толибон тавассути Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбекистон, он касе таъйин шудаву мешавад, ки дар масоили Афғонистон таъсир доштаву дорад ва камтар аз Залмай Халилзоди амрикоӣ ва Замир Кобулови русиягӣ нест. Тошканд ҳамеша дипломатӣ амал кардааст, монанди Чину Русия. Аммо акнун Мирзиёев ба таври ғайримустақим Толибонро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ муттаҳам мекунад. Ва шояд ҳарфи одоби мизбонӣ ҳам дар миён аст.

Артиш ва сервисҳои истихборотии Ӯзбекистон таҳлили мутафовите аз вазъият доранд ва Ӯзбекистон воқеан нигарони фаъол шудани созмонҳои террористӣ дар Афғонистони толибонӣ аст, зеро иттилооти кофӣ аз вазъият дар даст аст. Дар ин ҷо бархе аз нукоти барҷаста қобили зикр дониста шуд:

АВВАЛИН. Дар 18 май, замоне, ки ДОИШ* ҳафт мушакро аз шаҳристони Шӯртеппа дар вилояти Балх ба самти Ӯзбекистон шиллик кард, Тошканд бо режаи серӯза дар марз бо Афғонистон бо 50 чархбол ва ҳавопаймои низомӣ посух дод ва бад-ин тартиб қудрати худро ба намоиш гузошт. Аммо ДОИШ аз ин амр "натарсид" ва дар 5 июл 5 мушаки дигар ба хоки Ӯзбекистон андохт кард. Аз ҳамон ҷое, ки аввалин бор шиллик анҷом дода буд.

Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон - таъйиди расмӣ

Вокуниши Тошканд ба ин ду маврид ҷолиб аст. Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон ҳатто замоне, ки навори видеоии ин ҳамла мунташир ва нерӯи ҳавоии Ӯзбекистон режа рафт, аввалин мавридро комилан такзиб кард. Дар мавриди дувум, билофосила эътироф кард, ки шиллики мушак ва "хисорати ҷузъие ба чаҳор хонаи шахсӣ" дар Тирмиз рух додааст.

Ин маворид расонаӣ шуд ва қобили кетмон набуд. Тошканд ба хубӣ медонад, ки ДОИШ таҳти ҳимояти Толибон, бавежа, Шабакаи Ҳаққонӣ* аст. Ин савол низ мантиқист, ки чаро Толибон метавонанд дуздеро дар Ҳирот дастгир кунанд, ки дар Кобул муртакиби дуздӣ шудааст, аммо наметавонад фардеро пайдо кунад, ҳатто як шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки мушак шиллик карда ва пас аз итмоми кор, софу сода ба Мазори Шариф расидааст?

ДУВУМ. Дар 10 октябри 2021 музокироте байни ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Толибон дар шаҳри Тирмиз баргузор шуд. Мақомоти Тошканд аз муовини нахуствазири Толибон, Абдусалом Ҳанафии ӯзбек, дархости истирдоди 17 тан аз аъзои баландпояи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, аввал аз ҳама, Бибӣ Мукаррама ва Ҳикмат Юлдошевҳо, фарзандони Тоҳир Юлдош, бунёнгузор созмонро ба нишонаи ҳусни ният дархост карданд. Онҳо ҳамчунин итминон доданд, ки дар сурати таҳаққуқи ин дархост, Тошканд омода аст то талошҳои ҷиддӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар сатҳи байналмилалӣ анҷом диҳад.

ҲИӮ таҳдиди №1 барои амнияти Ӯзбекистон аст ва бо Алқоидаву Толибон ва ДОИШ ҳамкорӣ мекунад. Усмон Ғозӣ, яке аз раҳбарони он, ба ДОИШ пайваст ва дар соли 2015 тавассути Толибон кушта шуд. Ҳукуматҳои амрикоӣ ва акнун Толибон, террористҳои ӯзбекро дар Афғонистон парвариш доданду медиҳанд, ҳатто ба онҳо пойгоҳ ва қаламрав додаанд, то битавонанд озодона худашонро тақвият кунанд.

Intelligence Report: Where is the Al-Qaeda state?

Абдусалом Ҳанафӣ бо пешниҳоди Тошканд мувофиқат кард, ба Кобул бозгашт ва ин мавзӯъро бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон дар миён гузошт. Аммо Ҳаққонӣ хеле тунд ба ӯ гуфт: "Бад мекунӣ! Мо ҳаргиз ба дӯстону ҳамразмони худ хиёнат намекунем. Ин ҳама сол дӯшодӯши мо ҷангиданд ва ҳоло бояд таслимашон кунем? Пишакатро ба онҳо бидеҳ!"

Бо радди ин пешниҳод, тарбуз аз бағали Тошканд афтод ва шукӯҳи собиқи робитаҳо аз байн рафт. Толибон ҳатто толибони ӯзбеки худро аз вазоифи расмӣ барканор ва ё онҳоро боздошт карданд.

СЕВУМ. Яке дигар аз гувоҳ бар шиддати ин баҳсҳо, эътирофи Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон дар конфронси Тошканд аст, ки гуфт: “Пас аз рӯи кор омадани Толибон, 1800 доишӣ аз зиндонҳои Пули Чархӣ ва Багром озод шуданд. Аммо фаъолиятҳои ДОИШ таҳти контроли комил аст”. Пеш аз ин Толибон гуфта буд, ки ҷангҷуёни ДОИШ тавассути ҳукумати Ғанӣ озод шудаанд. Ҳарчанд эътирофи ҳузури ДОИШ дар Афғонистон ба худии худ ҷолиби таваҷҷуҳ аст, аммо аз сӯи дигар, ҳикоят аз шиддати ихтилофот миёни Тошканд ва Толибон дорад.

Зоҳиран кушта шудани 8 доишӣ ба раҳбарии Юнус Ӯзбекистонӣ дар 11 июн тавассути Толибон дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор, ки ба таври расмӣ, аз сӯи ҳукумати онҳо таъйид шуда, низ бо ҳамин равобити ду тараф муртабит аст.

Ба таври хулоса, робитаи наздик байни Тошканд ва Толибон чандон самимона нест, агарчи онҳо саъй мекунанд онро ба ҳамин шакл ба тасвир бикашанд. Тошканд ба хубӣ медонад, ки мор – Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва ДОИШ - рӯзе аз остини Толибон берун хоҳад хазид, шояд ҳатто дар пӯшиши ҷадид – Таҳрики Толибони Ӯзбекистон - ва неш хоҳад зад.

Дарвоқеъ, бисёр соддалавҳона хоҳад буд, ки бовар кунем, Толибон равобити худро бо созмонҳои террористӣ қатъ хоҳад кард. Мулло Умар, бунёнгузори Толибон, меҳани худ - Афғонистонро ба Амрико дод, аммо Усома бин Лодан - раҳбари Алқоидаро надод. Мирзиёев ҳам соддалавҳ нест.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!