Хабари рӯз

Барои ҷавонони тоҷик кадом дарҳо боз мешаванд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Русия ба чорабиниҳо дар самти таълиму тарбия ва фароғати кӯдакон дар Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Тоҷикистон низ мисли Русия дар тарбияи насли наврас принсипҳои неолибералӣ ва ташаккули шахсият мувофиқи қолабҳо ва одатҳои ба таъриху фарҳанги мо бегонаро қабул надорад.

Тоҷикистон ва Русия кӯдакону ҷавононро дар шароити ҷангҳои гибридӣ ҳимоят мекунанд. Тарбияи онҳо дар асоси арзишҳои анъанавии ахлоқӣ ва маънавӣ, муҳаббат ба Ватану халқ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва эҳтироми калонсолон ба роҳ монда мешавад.

Иштироки кӯдакону ҷавонон дар барномаҳои муштараки мубодила ва фестивалҳои гуногун як қисми ҷудонашавандаи сиёсати ҷавонони кишварҳои мо  мебошад, аз ҷумла: сафарҳои таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ. Ин барномаҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки табодули таҷриба кунанд, лоиҳаҳои муштарак таҳия  намуда, иқтидори худро дар самтҳои гуногун боз намоянд, ки ин ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои мо мусоидат мекунад.

 

ТАШАББУСҲОИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Русия дар рушди насли наврас дар худи Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Дар мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов мавзӯи таҳсили фарзандони муҳоҷирони кории тоҷик дар муассисаҳои таълимии Русия баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон масъалаҳои фаъолияткунии мактабҳои миёна бо забони русӣ дар Тоҷикистон ва тайёр кардани муаллимони забони русӣ барои мактабҳои ҷумҳурии мо матраҳ карда шуданд.

Қайд гардид, ки дар доираи беш аз 200 созишномаҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Як унсури муҳим мубодилаи таҷриба ва усулҳои таълим мебошад, ки барои беҳтар кардани стандартҳои таълимии ҳарду кишвар имконият фароҳам меоварад. Бахусус ба масъалаҳои имконияти ташкили курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони тоҷики фанни забони русӣ дар муассисаҳои таълимии пешсафи Русия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Қарорҳои дар сатҳи баланд қабулшуда барои мардуми тоҷик ба амалҳои воқеӣ табдил меёбанд. Форуми ҷавонон таҳти унвони “Вақти амалҳои нек” чун анъана моҳи декабри соли 2023 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид. Ба ин форум  сухангарон аз Москва барои мубодилаи таҷриба ва дониши худ ташриф оварданд. Дар байни онҳо роҳбари ҳаракати русиягии «Илҳомбахшон» А. Чумаков, сенариянавис А. Доброжан ва суратгир А. Лвов низ буданд.

Моҳи апрел дар Маскав фасли панҷуми идонаи озмуни русиягии «Тағйироти бузург» оғоз ёфт. Ин озмун ба рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва зеҳнии хонандагон аз саросари Русия ва кишварҳои ҳамсоя нигаронида шудааст. Финали он дар доираи басти сеҳафтаина дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи “Артек” баргузор мегардад.

Зимни суханронӣ дар мулоқотҳо бо мактаббачагон ва донишҷӯён, меҳмонон дар бораи ҳаракати “Илҳомбахшон” гуфта, махсусан таъкид намуданд, ки орзу кардан ва саъю кӯшиш намудан барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ бисёр муҳим аст. Онҳо инчунин, дарсҳои маҳорат ва ҷаласаҳои эҷодӣ гузарониданд. Мавзӯҳои баҳс роҳҳои ноил шудан ба муваффақият, аҳамияти тафаккури эҷодӣ ва нақши волонтёрӣ дар ҷомеаи муосирро дар бар гирифтанд.

Гузашта аз ин, сухангарон бо намояндагони мақомоти Тоҷикистон мулоқот карда, лоиҳаҳои ояндадорро матраҳ намуданд. Аз ҷумла масъалаҳои тавсеаи табодули фарҳангиву таълимӣ, таъсиси барномаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баррасӣ карда шуданд. Андешаҳо перомуни ташкили озмунҳои эҷодии мунтазам ва намоишгоҳҳои таълимӣ, ки ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд, пешниҳод карда шуданд.

Дар чорабинии васеъмиқёси «Диктанти умумӣ» дар қатори намояндагони 43 кишвари дигар ва 77 шаҳру ноҳияҳои Русия мактаббачагони тоҷик низ иштирок намуданд. Соли 2024 диктант бори 20-ум гузаронида шуд ва ҳамзамон як марҳалаи муҳимро дар таърихи худ сабт кард. Муаллифи матни «Диктанти умумӣ» нависанда, рӯзноманигор ва муҳаррири маъруф Анна Матвеева буд.

Моҳи ноябри соли 2023 Хонаи русӣ дар Хуҷанд ба 2 мактаби вилояти Суғд китоб ҳадя кард. Барои синфҳои ибтидоии литсейи №1 ба номи М. Бобохонови шаҳри Конибодом 800 адад китобҳои дарсӣ дастрас карда шуд. Китобхонаи мактаби байналмилалии “Контакт Интернэшнл” дар Исфара бо 700 адад нусхаи адабиёти таълимӣ аз фанҳои забони русӣ, адабиёт, таърих, биология, химия ва информатика пурра гардид.

Дар Тоҷикистон имтиҳонҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва ҳамчунин, дар маркази фарҳангиву маърифатии русии «Эҷодкунӣ»-и шаҳри Турсунзода баргузор карда шуданд. Ба ғайр аз диктанти муқаррарӣ барои иштирокчиён чорабиниҳои гуногун, аз қабили дарсҳои маҳорат аз фанни забон ва адабиёти рус, вохӯриҳо бо адибон ва омӯзгорони рус, барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд.

Иштироки мактаббачагони тоҷик дар «Диктанти умумӣ» мисоли ҳамкории муваффақ дар соҳаи маориф мебошад, ки ба рушди ҷавонон ва таҳким бахшидани дӯстии байни кишварҳоямон мусоидат мекунад.

 

САФАРҲО ВА ИМКОНИЯТҲОИ НАВ

Кӯдакон ва ҷавонони тоҷик имконият доранд, дар чорабиниҳои гуногуни ҷавонон ва ташаббусҳо дар худи Русия иштирок карда,  дар онҷо таҷриба андӯзанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд. Инҷо чанд мисол меорем.

Барномаи табодули “Ҷавонони Русия ва Тоҷикистон”, ки дар доираи он хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик мунтазам барои иштирок дар табодули таълимӣ ва фарҳангӣ ба Русия меоянд. Соли 2023 беш аз 50 донишҷӯёни тоҷик ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург сафар карда, дар дарсҳои маҳорат, семинарҳо ва экскурсияҳо ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ширкат варзиданд.

 

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН «СЕЛИГЕР»

Ҳамасола дар кӯли Селигери вилояти Твери Русия форуми бузурги ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он намояндагон  аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷамъ меоянд. Дар соли 2022 ҳудуди 30 нафар ҷавонони тоҷик дар ин Форум ширкат варзида, дар онҷо барои бо коршиносони варзидаи соҳаҳои мухталиф муошират кардан, дар тренингҳои роҳбарӣ ва идоракунии лоиҳа иштирок намудан ва ташаббусҳои худро пешниҳод кардан имконият пайдо намуданд.

 

НИШАСТИ ҶАВОНОНИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН

Хатмкунандагони мактабҳо, ки ғолибони озмуни “Тағйироти бузург” гардиданд, имкони таҳсил дар донишгоҳҳои пешсафи Русияро пайдо мекунанд.

Ин нишаст ҳамасола дар шаҳрҳои гуногуни Русия баргузор гардида, барои баррасии лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва роҳандозии иртибот байни ҷавонони ду кишвар замина фароҳам меорад. Дар соли 2023 нишаст дар шаҳри Қазон баргузор карда шуд ва беш аз 100 нафар иштирокчиёнро аз ҳарду кишвар ҷамъ овард. Дар ин нишаст мавзуъҳои маориф, инноватсия ва табодули фарҳангӣ баррасӣ карда шуданд.

 

БАРНОМАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ РУСИЯ

Ба шарофати ҳамкориҳои вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷик имкон пайдо кардаанд, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия таҷрибаомӯзӣ гузаранд. Дар соли 2023 беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Маскав, Санкт-Петербург ва дигар донишгоҳҳои бонуфузи Русия таҷрибаомӯзӣ гузашта, дар бахшҳои мухталифи илму техника дониш ва таҷрибаи бебаҳо пайдо карданд.

 

МАКТАБҲОИ ТОБИСТОНА ВА ЛАГЕРҲО

«Бисёр вақт аз ман суол мекунанд: чӣ тавр ту ба ҳама кор вақт меёбӣ? Аслан дар ин ҷо ягон чизи ғайриодӣ ва душвор нест: агар хоҳиш дошта бошӣ, пас ҳама корро мекунӣ, ҳамин тавр, ман ҳамчун волонтёр ба «Бодбонҳои арғувонӣ» дар шаҳри Санкт-Петербург роҳ ёфтам, яъне  гирифтаму ба ташкилотчиёни озмун навиштам» - Мария Чебоненко, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ.

Дар Русия барои кӯдакону ҷавонони тоҷик мактабҳои тобистона ва лагерҳо ташкил карда мешаванд. Масалан, соли 2023 дар лагери “Артек” дар соҳили баҳри Сиёҳ беш аз 100 толибилмони тоҷик ба истироҳат ва таҳсил фаро гирифта шуданд. Барнома курсҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва экскурсияҳои фарҳангиро дар бар мегирифт.

Мария Чебоненко, ғолиби озмунҳои байналмилалӣ, дар бораи эҳсосоти худ аз иштирокаш чунин мегӯяд: «Ман 18-солаам, аз хурдӣ дар ҳама чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекардам, вале дар баробари ба камол расидан кӯшиш мекардам, имкониятҳоямро васеъ кунам. Ба ман муяссар шуд, ки дар марказҳои русиягии кӯдаконаи «Смена» ва «Орлёнок», инчунин, 2 маротиба дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек» истироҳат кунам. Ман намоянда ва иштирокчии фаъоли ҳаракати русии кӯдакону ҷавонон бо номи «Ҷунбиши аввалинҳо», иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои Русия ва байналмилалии «Классикаи зинда» ва «Тағйироти бузург» мебошам.

Аз ҳама ҷолиб бароям, ин, тавре онҳоро меномам, "тасвирҳои зиндашуда" аст. Ин ҷойест, ки танҳо дар филмҳо ё аксҳо дидаед ва вақте ба он ҷо меравед, як нерӯи бениҳоят ҳаяҷонбахшеро эҳсос мекунед.

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва сиёсати ҷавонон байни Русия ва Тоҷикистон гарави ояндаи муваффақ мебошад, ки бар пояи эҳтироми якдигар, дӯстӣ ва ҳувияти фарҳангии муштарак асос ёфтааст. Ин саъю кӯшиш ба бунёди заминаҳои мустаҳкам ҷиҳати рушд ва шукуфоии минбаъдаи ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ӯ дар блоги худ лайфхакҳоро дар бораи чӣ гуна ба ин ё он лагер роҳ ёфтан ба миён мегузорад: “Барои ба “Артек” роҳхат гирифтан, метавонед дар сомонаи “Артек.дети” сабти ном кунед, дар қисми Дастовардҳо ифтихорномаҳо, дипломҳо ва шаҳодатномаҳои худро пур кунед, пас аз он ба қисми “Дархостҳо” гузаред ва ба сменаи дилхоҳ дархост равон кунед. Шарики мавзӯӣ – шахсан барои ман роҳи осонтарини роҳ ёфтан ба Артек аст. Барои иштирок ба вебсомонаи расмии Артек ворид шуда, ба бахши Шарикони мавзӯӣ мегузарем, дар натиҷа равзанаи озмунҳои гуногун кушода мешавад, ки ба ҳар яки онҳо  низомнома, муҳлатҳои пешниҳоди дархост, инчунин, таърихи смена замима карда шудааст. Низомномаро зеркашӣ мекунем ва дархости худро пешниҳод менамоем."

Моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Қазон ӯ иштирокчии чорабинии русиягии "Тағйири илҳом" буд ва аллакай имсол дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ширкат варзид.

Мусобиқаҳои машҳури дигар низ ҳастанд. Масалан, дар Москва лауреатҳои ташаббуси русиягии «Дили гарм» мукофотонида шуданд. Лоиҳа соли 2013 таҳия гардида, ба ҳавасмандгардонии кӯдакону ҷавонони то 23-сола, ки корнамоиҳо ва амалҳои муҳимми иҷтимоӣ анҷом додаанд, равона карда шудааст. Маросими мукофотонӣ бисёр ботантана гузашт ва каҳрамонҳоро аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷамъ овард. Дар соли 2024 20 нафар кӯдакон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҷоиза гирифтанд. Дар байни онҳо наврасоне, ки ҳаёти одамонро наҷот додаанд, дар чорабиниҳои волонтёрӣ фаъолона иштирок кардаанд, инчунин, ташаббускорони лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ низ буданд. Масалан, яке аз лауреатҳои тоҷик дар зодгоҳаш маъракаи ҷамъоварии маблағро барои сохтани майдончаи бозии кӯдакон ташкил кард, ки ин барои беҳтар намудани шароити бозӣ ва фароғати кӯдакони маҳаллӣ имконият фароҳам овард.

Ин ташаббусҳо на танҳо ба кӯдакону ҷавонони тоҷик дар андӯхтани таҷрибаву дониш  кумак мекунанд, балки ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Русия ва Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Иштирок дар чунин барномаҳо ба ҷавонон имконият медиҳад, ки истеъдодҳои худро инкишоф диҳанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва барои дар оянда ба мартабаҳои баланди касбӣ расидан омода шаванд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!