Ин афрод бар ин боваранд, ки хушбахтӣ дар фанноварӣ аст, на дар қалбҳо...
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Ман то андозае ба технология баладият дорам, аммо таври шояду бояд ҳама чизро намедонам.
Баъзе авқот мехоҳам мавзӯеро ба касе бифиристам, аммо иштибоҳан ба каси дигаре ирсол мешавад, ҳайронам чӣ кунам.
Яке аз дӯстони ҷавонам бароям гуфт, шумо, қадимиҳо, чизеро намедонед, ба технология ошноӣ ва дастрасӣ надоред, таҳлилҳо ва навиштаҳоеро ҳам, ки мекунед, на хонандае дорад ва на шунавандае, на ба ТикТок балад ҳастед ва на ба Вайбер, чӣ расад ба Вотсопу апликейшнҳои дигар...
Ман барояш гуфтам, дуруст аст, ки мо куҳансолем, вале ҳадди ақал таҷрибае дорем.
Дар ҳоле, ки ман ба насли ҷавон сахт эҳтиром дорам, аммо дар шароити технологияи мавҷуд бо гузашти ҳар рӯз вақте дар сафаҳоти иҷтимоӣ нигоҳ мекунам, ноумедтар мешавам.
Ҳоло беҳтар аст барои ин ҷавон чунин бинависам...
Насли даҳаи ахир, ба гумонам, мазлумтарин насл дар бурҳаи таърихи даҳаи ахир аст.
Насле дар марзи номаръӣ ва мубҳам миёни ду дунёи комилан мутафовит, қадимиҳои соф, сода, воқеӣ ва ояндаҳои зери унвони дунёи диҷитол ё ҳамон асри технологӣ. На дили рафтан ба ҷилав, на пойи баргашт ба ақиб. Ҳайронем чӣ кунем?
Бидуни хотирае аз зиндагиҳои воқеии насли ман, насли кӯдакиҳое бо таронаи интиҳору инфиҷор ва ҷавонии беҳавсалаву касалкунанда ва ояндае мубҳам...
Насли қароргирифта зери хатти фақр, фақри хушбахтӣ, лабханд, ишқ, эътимод, эҳтиром, огоҳӣ, насли тақлидҳои кӯркӯрона ва бемаънӣ.
Оре, ҳамин насли даҳаи ахир ...
Насле, ки танҳо балад аст худашро гӯл бизанад, на саводи робита дорад, на дили танҳоӣ бо шиорҳои "танҳоӣ ба аз будан бо дигарон", аммо ҳар кӣ бошад медонад танҳо кизб месароем. Ҳар як диламон ҳамдаме мехоҳад, ки шонае бошад барои буғзҳоямон. Насли даҳаи ахир ҳамоне, ки танҳо ҳамрозҳояшон ҳамин саҳифаи мессеҷҳо ва ёддоштҳои мобайлашон аст.
Насли ишқҳои дурӯғину беэътимодӣ бо фисадии ғайри қобили шумориш.
Шаби бедориҳои ғайримантиқӣ бо нури обии мобайл ва афсурдагиҳое аз сари фаҳмида нашудани барномаҳое ҳаммонанди ин Телеграму Ватсап, ки масалан, пули иртиботӣ бошад миёни мо - одамҳо, он ҳам бо чат, бадтарин роҳи иртиботе, ки башар тавонист ихтироъ кунад.
Насли даҳаи ахиру бисту чандсолаҳои пиру навниҳолҳои бо афсурдагии ҳоту дардҳои сӣотикӣ, шаб то субҳ рӯйи ҳамин фазои маҷозӣ ва видео ва исторӣ ва фулон...
Расми зиндагӣ ёдамон рафта ... Медонӣ?
Мо дил хуш кардаем, ки масалан дар асри технологӣ ва пешрафт ҳастем, аммо агар ҳақиқатро бигӯям ин технология хайре дорад магар?
Лабхандҳое аз таҳи дил метавонад бисозад ё ишқҳои воқеӣ ё бӯи атри зиндагиҳои қадим ва воқеӣ, шӯр ва шавқи туфулият ё кӯдаки аз дастрафтаро боз диҳад, аслан ҳамин ҷавониро ҳаромамон накунад.
Мешавад магар? Ту ҳам медонӣ, надидӣ чи бузург фиреб хӯрдем, ҳатто хотирае аз кӯдакиҳои накардаамон нест, то шояд дилгармӣ бошад миён ин ҳама сардӣ.
Насли даҳаи ахир саргардон дар кӯчаҳои зиндагӣ, бидуни ҳадаф ва ҳатто андаке умед, насли рафтан ва нарсидани давиданҳои нафассӯз дар ҷодаҳои ба интиҳои ҳеҷ, насли буғзҳои дар гулӯн гирдода ва лабхандҳои мухтас ба аккосии бас.