Мушкилиҳои экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тоҷикистон ба мисли аксари дигар кишварҳои босуръат рушдёбанда бо мушкилоти зиёди экологӣ, аз ҷумла ифлосшавии ҳаво ва муҳити зист, таназзули заминҳои ҳосилхез ва норасоии захираҳои обӣ рӯ ба рӯ аст. Бе ҳамгироӣ, кумак ва дастгирии дигар давлатҳо кишвари мо бо чунин чолишҳои ҷиддӣ, ки ба сатҳи зиндагии мардум таъсири бад мерасонанд, муқовимат карда наметавонад. Зеро муҳити экологӣ ба кишварҳои дигар низ алоқаманд аст. Аз ин лиҳоз, зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт боз ҳам бештар мегардад.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ҳалли самараноки мушкилотҳои экологӣ, аз қабили ифлосшавии ҳаво, истифодаи таҷриба ва технологияҳои Русия судманд аст.
Мушкилоти экологӣ
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷиҳати ифлосии ҳаво дар байни пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон ҷои 16-умро ишғол мекунад. Соли 2023 ғализии миёнаи PM2,5 дар Тоҷикистон 46,0 мкг/м3-ро ташкил дод, ки аз меъёри тавсиякардаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 9,8 маротиба зиёдтар аст.
Ҳамчун манбаъҳои (сабабҳои) асосии ифлоскунандаи ҳаво дар кишвар инҳоро ном бурдан мумкин аст: нақлиёти автомобилӣ, истифодаи ангишт дар стансияҳои гармидиҳии электрикии аловӣ, истеҳсоли семент (симон) ва маҳсулоти сафолӣ, истифодаи моддаҳои химиявӣ дар хоҷагии қишлоқ.
Ин маълумотҳо зарурати андешидани чораҳои таъҷилию муассирро, ки имкон медиҳанд ифлосшавии ҳаво ва ҷараёни тағйирёбии вазъи экологии кишварро ба назорат гирем, тасдиқ мекунанд. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳаво амал мекунад, ки ба пешгирии таъсири манфӣ ба муҳити зист машғул аст. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар 223 иншоотҳои 67 корхона дар самти назорати таҳлилии ихроҷи моддаҳои заҳролуд ченкунии асбобии ҳаво гузаронида шуд.
Тавре муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода иттилоъ дод: «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи тафтишҳои муштараки нақшавӣ 12325 ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор карда шуд, ки аз он 1548 ҳолат ба ҳифзи ҳавои атмосфера тааллуқ дорад”.
Ҳавои тоза маънои сари вақт нест кардани партовҳоро дорад. Соли ҷорӣ 36 адад мотороллерҳои барқӣ барои кашонидани партовҳо ва 3 адад таҷҳизот барои коркарди дубора ва безарар гардонидани лампаҳои симобӣ дар Душанбе, Турсунзода ва Исфара харидорӣ карда шуданд.
Дар байни шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар ҳавои ифлос дар Хуҷанд мушоҳида мешавад, дар он ҷо ғализии ҳаво ба PM2.5 ба 155 мкг/м3 мерасад. Ин боиси нигаронии ҷиддӣ барои саломатии аҳолӣ, бахусус гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили кӯдакон ва пиронсолон мегардад.
Лоиқ Раҳмонзода ҳамчунин, гуфт, ки бо мақсади беҳтар кардани системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ба иҷорагирон 19500 метр қубурҳои пластикӣ ва 9470 адад ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда тақдим карда шуд: “Тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли ҷорӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 139 ҳазору 504 адад ниҳолҳои дарахт шинонида шуд, ки ин 129 фоизи нақшаро ташкил медиҳад». Яъне дар ин самт корҳо идома доранд, аммо бидуни ҳамбастагӣ, таҷрибаи кишварҳо, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва кумаки кишварҳои пешрафта ин масъаларо ҳал кардан ғайриимкон аст.
Таҷрибаи ҳамкасбони рус
Русия ба Тоҷикистон дар масоили амнияти экологӣ кумак мерасонад. Мутахассисони рус метавонанд бо тамоми кишварҳои минтақа мубодилаи таҷриба кунанд. Тибқи гузориши СММ, технологияҳои Русия оид ба мониторинг ва идоракунии партовҳо дар чанд кишвари ИДМ бомуваффақият татбиқ карда шудаанд ва ин имкон дод, ки сатҳи ифлосии ҳаво ба таври назаррас коҳиш дода шавад.
“Мониторинги натиҷаҳои мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ нишон медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 481 ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳодиса зиёд аст” – мегӯяд, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода
Ҳамчун мисол якчанд лоиҳаҳои муваффақи Русияро қайд кардан мумкин аст. Аз соли 2019 лоиҳаи миллии «Экология» амал мекунад, ки 5 самт ва даҳ лоиҳаи федералиро дар бар мегирад. «Ҳавои тоза» яке аз самтҳои асосии лоиҳа буда, 41 шаҳри Русияро фаро мегирад. То оғози соли 2024 ба корхонаҳои иштирокчии лоиҳа муяссар гардид, ки ҳаҷми партовҳоро то 215 ҳазор тонна кам кунанд. Тибқи нақша, то соли 2030 ҳаҷми партовҳо бояд ду баробар кам карда шавад. Сармоягузориҳои хусусӣ ба ин лоиҳа қариб 547 миллиард рублро ташкил медиҳанд. Дастгирии давлат низ нақши калон мебозад: Фонди рушди саноат қарзҳои имтиёзнок бо мизони 1-3% солона ба муҳлати то ҳафт сол пешниҳод мекунад. Ғайр аз ин, ба корхонаҳо қарзҳои имтиёзнок барои чорабиниҳо оид ба кам кардани ҳаҷми партовҳо пешниҳод карда мешавад.
Дар шаҳри Новокузнетск заводи алюминии ширкати Русал барномаи баланд бардоштани самаранокии экологиро фаъолона амалӣ мегардонад: таҷҳизотҳои газтозакунии «хушк» дар якҷоягӣ бо таҷҳизотҳои газтозакунии «тар» имкон медиҳанд, ки сатҳи тозакунӣ то 99% расонида шавад, ки дар натиҷа таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба таври назаррас коҳиш дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соли 2024-ро “Соли маърифати экологӣ” эълон кард.
Ин навсозӣ як қисми нақшаи кам кардани партовҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар майдонҳои истеҳсолии ширкат мебошад. Соли 2024 ҳаҷми сармоягузорӣ ба азнавсозии экологӣ дар завод 27,3% афзуда, 280 миллион рублро ташкил дод.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист аллакай дар ин самт бо Русия ҳамкорӣ дорад: «Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Экопозитив» санаҳои 3-9-уми июни соли ҷорӣ дар мамнӯъгоҳи биосферии Ромит чорабиние ба намуди мактаби саҳроӣ бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳаи экология, ҷангалпарварон, ҷангалбонон ва роҳбарони ташкилотҳои экологии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид”.
Инчунин, моҳи июл дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми рушди сабзи СҲШ баргузор гардид, ки ҳадафи он татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди сабз дар доираи созмони Шанхай буд.
Олимони Донишгоҳи давлатии Томск дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Сямэни Чин технологияи кам кардани партовҳои карбонии корхонаҳои саноатиро кор карда баромаданд. Онҳо роҳи табдил додани гази карбонро ба сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза пайдо карданд. Тавассути истифодаи гази синтезӣ ҳаҷми партобҳои карбонро дар корхонаҳои саноатӣ то 30% кам кардан мумкин аст.
Ҷаҳон бо мушкилоти зиёди экологӣ рӯ ба рӯ аст ва аз ҷумла Тоҷикистон низ. Барои ҳалли ин мушкилотҳо на танҳо саъю кӯшишҳои кишвари мо, балки ҳамкории байналмилалӣ зарур аст. Технология ва таҷрибаи Русия метавонад дар ҳалли ин мушкилот мусоидат. Лоиҳаҳои миллии Русия, аз қабили “Ҳавои тоза” ва сармоягузориҳо дар азнавсозии муҳити зист аллакай самаранокии худро нишон доданд.
Соли 2022 ширкати ГАЗ дар намоишгоҳи ИННОПРОМ модели электробуси гидрогении «ГАЗел City»-ро муаррифӣ кард, ки бо маснуоти сӯзишвории гидрогенӣ ҳаракат мекунад. Ҳангоми ҳаракат ин гуна нақлиёт танҳо буғи обӣ хориҷ мекунад, бинобар ин, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Гузариш ба технологияҳои гидрогенӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳои CO2 дар шаҳрҳо то 60% коҳиш дода шавад, дар натиҷа сифати ҳаво хеле беҳтар гардида, таъсири манфӣ ба муҳити зист низ кам мешавад.
Ҳамкории мутақобила дар сатҳи тадқиқотҳои илмӣ, барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои амалӣ, аз қабили мактабҳои саҳроӣ ва форумҳои байналмилалӣ ба табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта мусоидат мекунанд. Ин ба Тоҷикистон дар рафъи мушкилотҳои экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кумак мерасонад.