Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Атомуҳаммад Нур ва Амруллоҳ Солеҳ бо фарҳанг чӣ бархӯрде доштанд?
Нависанда: Доктар Яъқуб Ясно, устоди донишгоҳ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Пас аз бист сол ба марҳалаи дигар аз таърих ё беҳтар аст бигӯям, ба гусасти дигар аз таърихи сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон расидаем. Дар таърихи бистсолаи Афғонистон хуб ё бад дар арсаҳои сиёсату фарҳанг рӯйдодҳое рух доданд, ки ниёз ба баррасӣ доранд. Ин гуна баррасӣ ҳадди ақал ду фоида дорад. Нахуст гузашта баррасӣ мешавад, дувум, чашмандозе аз гузашта барои оянда ироа мешавад, ки дар сиёсат ҷанбаи интиқодӣ ва ислоҳӣ дорад.
Дар ин ёддошт мехоҳам сиёсати фарҳангии се сиёсатмадорро, ки нисбатан хостгоҳи муштарак доранд ва мутааллиқ ба як ҳавзаи фарҳангианд, ба баррасӣ бигирам. Баррасии муқоисавӣ метавонад чашмандози равшантар ва мисдоқпазиртариро аз мавзӯъ ироа кунад.
Доктар Абдуллоҳ, Атомуҳаммад Нур ва Амруллоҳ Солеҳ се чеҳрае, ки аз ҷараёни сиёсии Ҷамъият ва ҳавзаи мардуми тоҷик дар сиёсат ва қудрат буданд, аммо феълан дар қудрат на, дар муносиботи сиёсӣ ҳастанд ва инҳо гоҳе дар канори ҳам ва гоҳе дар рақобати бо ҳам сиёсат кардаанд. Ман ба ҳамкориҳои сиёсӣ ва рақобатҳои сиёсии ин афрод намепардозам, зеро мушаххасан мехоҳам аз коркарди фарҳангии ин се сиёсатмадор сухан бигӯям.
Агар аз дурнамои калон ба сиёсати фарҳангии таърихи бистсола назар кунем, ҳақиқат ин аст, ки дар ҳукумати Карзай ва Ғанӣ он чӣ дар сиёсати калони кишвар таъриф ва ҷойгоҳе надошт, фарҳанг ва сиёсати фарҳангӣ буд. Аз ин ки фарҳанг ва сиёсати фарҳангӣ дар кишвар таърифу ҷойгоҳ надошт, бинобар ин ҳар сиёсатмдор бинобар алоқа ва гароиши худ ба фарҳанг дар ҳавзаи кории худ ба фарҳанг мепардохт ва мехост фаъолияти фарҳангӣ аз худ нишон диҳад ва баҷо бигузорад.
Аз яктараф фарҳанг ва сиёсати фарҳангӣ дар ҳукумати Карзай ва Ғанӣ ҷойгоҳе надошт ва аз тарафи дигар фаъолияти фарҳангӣ дар ҳукумати Карзай ва Ғанӣ танишбарангезу дардисарсоз низ буд, ба вежа сиёсатмадоре, ки дар ҳавзаи забони порсӣ-дарӣ мехост фаъолияти фарҳангӣ дошта бошад, аз тарафи ҳукумати Карзай ва Ғанӣ барчаспи тафриқаафкан ва... ба ӯ зада мешуд. Бо васфи ин танишҳои фарҳангӣ афроди фарҳангӣ ва шахсиятҳои сиёсие буданд, ки нисбатан дар ростои фарҳанг ва дар ҳимоят аз фарҳанг фаъолият ва фарҳангсозӣ карданд.
ДОКТОР АБДУЛЛОҲ
Нахуст ба фаъолияти фарҳангии доктор Абдуллоҳ мепардозам. Ман бо худи доктор Абдуллоҳ на, бо чеҳраҳои ҷавони наздик ба ӯ дар иртибот будам ва бо шуморе аз онҳо дӯст будам. Ҷудо аз ин дӯстӣ ва ошноӣ бо афроди наздик ба доктор Абдуллоҳ ҳақиқат ин аст, ки дар арсаи сиёсати фарҳангӣ доктор Абдуллоҳ бебарноматарин ва камалоқатарин фард ба фарҳанг буд, ки ҳеҷ барнома, сиёсатгузорӣ ва ҳазинае дар бораи фарҳанг накард ва ҳеҷ коре мушаххас ба фарҳанг анҷом надод.
Агарчи шуморе аз афроди насли ҷавони наздик ба доктор Абдуллоҳ алоқа доштанд, барномаҳои фарҳангиеро роҳ андозанд ва дар ростои фарҳангу адабиёт коре кунанд, аммо коре анҷом дода натавонистанд ва фақат нияти кори фарҳангиро доштанд.
Агар алоқа ба либос ва чигунагии пӯшиши як сиёсатмдорро кори фарҳангӣ дар назар бигирем, аз ин назар, доктор Абдуллоҳ ғинои фарҳангӣ дошт.
УСТОД АТОМУҲАММАДИ НУР
Атомуҳҳаммад Нур аз сиёсатмадорони ҷараёни сиёсии Ҷамъият аст, ки дар давраи ҷиҳод ва дар бист соли гузашта корномаи сиёсии худро дорад. Дар ҳукумати бистсола дар муҳимтарин мақоми давлатие, ки кор карда, волии вилояти Балх будааст. Бинобар ин, номи устод Ато бо таърихи сиёсӣ ва фарҳангии бистсолаи Балх гиреҳ хӯрда аст. Ҳатто вақте, ки волии Балх набудааст, раиси Шӯрои вилоятии Балх ва волии Балх аз афроди мутааллиқ ба устод Ато будааст.
Ман бо Устод Ато надидаам. Аммо бо тарафдорону чеҳраҳои фарҳангие, ки бо устод Ато дар иртибот буданд ё аз тарафи эшон барои иҷрои корҳои фарҳангӣ ҳимоят мешуд, дар иртибот ва гуфтугӯ будам. То ҷое, ки ман дар ҷараёни ҳастам, устод Ато бо корҳои фарҳангӣ чаҳоргуна нисбат дошт:
Нахуст, хуш дошт бо шоирону нависандагон ва дар кул бо афроди фарҳангӣ иртиботи дӯстона ва диду боздидҳое дошта бошад, ки бо устод Партав Нодирӣ, устод Раҳнавард Зарёб ва соири шахсиятҳои фарҳангӣ диду боздидҳое дошт. Ман ин диду боздидҳоро алоқаи шахсии устод Ато медонам.
Нисбати дувуми Устод Ато бо фарҳанги ҳимоят аз баргузории барномаҳои фарҳангӣ, чопи осори шоирону нависандагон ва чопу нашри нашрияҳо буд, ки дар вақти вилояти устод Ато дар Балх чандин барномаи фарҳангӣ ва ҳамоиши миллӣ баргузор шуд. Аз саросари кишвар дар он барномаҳо фарҳанигён даъват шуданд. Яке аз ин ҳамоишҳои бузург, ҳамоиши мавлоношиносӣ дар соли 1395 дар шаҳри Балх буд.
Нисбати севуми Устод Ато бо фарҳанги сиёсатгузории фарҳангӣ дар зиндагии шаҳрӣ буд. Бо ин гуна фаъолият мехост шаҳр ҳувият ва ҷанбаи фарҳангӣ пайдо кунад. Ин кор дар воқеъ ҳувиятсозӣ барои шаҳри Балх буд ва хеле муҳим буд. Зеро мехост аз як сӯ, ҳувияти фарҳангии фаромӯшшудаи гузаштаи Балх эҳё шавад ва аз сӯи дигар, ҳувияти фарҳангии муосир дар Балх бозтоб пайдо кунад. Масалан, барои ин ки мехост дар Балх ҳувияти фарҳангии муосир бозтоб пайдо кунад, яке аз чаҳорроҳаи бузурги Балхро ба номи Восиф Бохтарӣ, шоири шинохташудаи Афғонистон номгузорӣ кард. Ҳамин тавр, Дорулмуаллимини Балхро ба номи Сайид Ҷамолуддин, шаҳраки санъатии Балхро ба номи Амир Алишер Навоӣ ва Иниститути идора ва ҳисобдории Балхро ба номи Сайид Исмоили Балхӣ номгузорӣ кард. Ин номгузориҳо, дар воқеъ, ҳувиятбахши фарҳанги муосир ба шаҳри Балх буд. Аз чашмандози таърихӣ низ номгузориҳои шаҳриро дар Балх анҷом дод, ки номгузории фурудгоҳи Балх ба номи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва эҷоди Девори Фарҳехтагон ва номгузории мактабҳои Балх ва ҷодаҳои Балх ба номи шахсиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, китобҳо, шоирон ва нависандагон, аз ҷумла ба номи Зартушт, Авесто, Ҷамшед, Каюмарс, шоҳ Исмоили Сомонӣ, Яъқуб Лайс ва... буд. Маълум аст, ки номгузории ҷодаҳои Балх ба номи Зартушт, Авесто ва Ҷамшед ба ният ва иродаи фарҳангии ҳадафмандона барои эҳёи ҳувияти фарҳангии шаҳр ва ҷомеа бо чашмандози хоси ҳувиятӣ иртибот мегирад.
Нисбати чаҳоруми Устод Ато бо фарҳанг ба масобаи ҳувияти калони забонӣ ва ривоятии ҷомеа буд. Дар ин нисбат, ҳимоят аз забони форсӣ ва соири забонҳои кишвар дар ҷойгоҳи фарҳангӣ ва иҷтимоии забонҳо буд. Масалан, барои вожаи донишгоҳ Устод Ато истодагӣ кард ва гуфт, ҳазфи вожаҳои забони форсӣ, ба вежа вожаи донишгоҳ аз номи Донишгоҳи Балх ва соири донишгоҳҳо дар кишвар тавҳин ба гӯишварони форсизабони кишвар аст.
Устод Ато Наврӯзро ривояти фарҳангии Балх ва Афғонистон медонист ва талош мекард, ки ҳувияти фарҳангии Наврӯзро дар сатҳи миллӣ ва минтақа матраҳ кунад. Бо васфе, ки гурӯҳҳои тундрав ва ҳатто мақомоти ҳукуматӣ нисбатан бар ҷашни фарҳангии Наврӯз сангандозӣ мекарданд ва мехостанд ин ҷашн дар Балх баргузор нашавад, аммо устод Ато бо иродаи фарҳангӣ ва омодагии тамом ин ҷашнро баргузор мекард, ки дар таърихи муосири Афғонистон баргузории ҷашни солонаи Наврӯз дар ин давра дар Балх бепешина буд. Доктор Сипинто дар китоби “Сиёсати Афғонистон: ривояте аз дарун” аз шукӯҳи баргузории ҷашни Наврӯз дар соли 2007 дар Балх ёдоварӣ мекунад, ки дар он ҷашн вазирони хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва намояндаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва кишварҳои ҷаҳон ширкат карда буданд.
Устод Ато ба баҳси шиносномаи барқӣ низ аз чашмандози ҳувияти фарҳангӣ менигарист ва дар қиболи чигунагии ироаи ҳувияти ақвом дар шиносномаи барқӣ ба ин назар буд, ки набояд ҳувияти қавмии ақвом ба ҳувияти қавмии афғон, ки номи як қавм аст, тақлил пайдо кунад. Ҳеҷ сиёсатмадоре чунин мавзеъи сареҳ ва возеҳ дар қиболи шиносномаи барқӣ надошт.
Агар аз ҳақиқат нагузарем, ин фаъолиятҳои фарҳангӣ аҳамияти худро доштанду доранд, ки сиёсатмдорони дигари Афғонистон ва ҳатто Вазорати иттилоот ва фарҳанг, ин гуна фаъолитҳои фарҳангиеро анҷом надодаанд. Агар ҳар волӣ ва ниҳодҳои фарҳангии давлатӣ аз ин гуна фаъолитҳои фарҳангӣ анҷом медоданд, имрӯз мо шоҳиди Афғонистони боҳувияти фарҳангии таърихӣ ва муосир бо мусамои фарҳангӣ будем. Ҳатто ин сиёсатгузории ҳувияти фарҳанги шаҳрии Устод Ато муҷиби дардисар барои ӯ шуд. Ҳукумати Карзай ва Ғанӣ таблиғ карданд, ки Устод Ато форсигароӣ мекунад. Бинобар ин, монеъи номгузорӣ ва сиёсати ҳувияти фарҳанги шаҳрии ӯ шуданд.
САНГАР: Барои аввалин бор маҷмӯае аз роману ҳикояҳои нависандаи забардаст таҳти унвони “Гулнор ва оина” соли 2021 бо ҳуруфи сирллик ва сармоягузории Устод Атомуҳаммади Нур дар шаҳри Душанбе чоп ва ба дӯстдорони адабиёт ройгон тақдим шудааст.
АМРУЛЛОҲ СОЛЕҲ
Амруллоҳ Солеҳ аз сиёсатмдорони дигари мардум ва ҳавзаи фарҳангии тоҷик буд, ки дар сиёсат, фарҳанг ва иттилооти истихборотӣ иддаоҳои калон дошт. Ман бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ато Нур иртибот ва дидоре надоштаам, аммо бо Амруллоҳ Солеҳ аз наздик иртибот доштам. Муддате бо “Раванди сабз” ҳамкорӣ кардам ва дидорҳое бо Амруллоҳ Солеҳ низ доштам. Амруллоҳ Солеҳ дар равобити шахсии худ фарди хушбархӯрд аст.
Дар сиёсатгузории фарҳангӣ тарафдори паштунизасозии забонӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва қавмии кишвар буд. Видеоҳо ва мавзеъгирҳояш дар расонаҳо вуҷуд дорад, ки мегӯяд, ӯ мехоҳад кишвар аз назари фарҳангӣ афғониза шавад ва аз назари сиёсӣ низ таъкид дошт, ки сиёсат афғониза шавад. Дар суханроние гуфт, “Ҷамъият туп ва... поён ёфтааст, фақат афғонтуп боқӣ мондааст”.
Амруллоҳ Солеҳ, мутаассифона, аз ҳама чӣ барои сиёсати мақтаъӣ ва шахсӣ суйистифода мекард ва ҳама чиро ба сиёсати мақтаъӣ тақлил медод. Масалан, мегуфт, Ғанӣ бисёр кокаву айёр аст ва барномаи Ғанӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд тафовуте надорад. Аммо дидем, Ғанӣ чӣ барномае дошт ва чӣ кард.
Робитаи Амруллоҳ Солеҳ бо фарҳангиён ва аҳли расонаи худӣ ва форсизабон пуртаниш буд. Вақте ки муовини раисҷумҳур шуд, афроди наздик ба ӯ аз номи “Раванди сабз” шуморе аз фарҳангиёнро таҳдид ва ба Луи соранволӣ муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки ин афроди аҳли расона ва фарҳангӣ дар расонаҳо ба ҷаноби Амруллоҳ Солеҳ беэҳтиромӣ кардаанд.
Ба назарам, ин бадтарин ва зишттарин иқдоме буд, ки як сиёсатмдор дар мухолифат бо озодии баён ва барои озору азияти фарҳангиён анҷом дод. Агарчи Амруллоҳ Солеҳ ва аъзои “Раванди сабз” натавонистанд аз назари қонунӣ озоре ба фарҳангён бирасонанд, аммо ин кор ба унвони як иқдоми зишт ва нодуруст дар мухолифат бо озодии баён ва барои озори фарҳангиён дар корномаи ӯ монд ва бояд ин иқдоми нодурусти Амруллоҳ Солеҳ ёд шавад, то нақде ба рафтори Солеҳ ва атрофиёнаш барои ислоҳ бошад. Зеро агар рӯзе боз дар сиёсату қудрат ба ҷойгоҳе бирасад, ба дарке аз гунҷоиши фарҳангӣ даст ёбад.
Ин ёддошт дар ҳақиқат ёдоварии фарҳангӣ аз корномаи ин се сиёсатмдор буд. Ҳадафи нахусти ёддошт ин буд, ки ёде аз фаъолияти фарҳангии бистсолаи ин се сиёсатмдор шавад ва ҳадафи дувум ин аст чашмандозе аз гузаштаи фарҳангии ин се сиёсатмдор бо ин манзур ироа шавад, ки сиёсати фарҳангӣ дар сиёсат аҳамият дорад ва қобили ёдоварӣ аст.