Хабари рӯз

Номае саркушода ба ҷомеаи истихборотии Иёлоти Муттаҳида

Нависанда: Сара Адамс, афсари СиАйЭй-и ИМА

Тарҷума: Нилуфар Ғӯриён

Матлаби аслӣ: Al-Qaeda is Coming to the US

Дар акс: Ҳасан ибни Лодан, писари Саъд ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон—др зимн, ҳазинаҳои зидди терроризм ҳамчунон ба дафтари Қатари Толибон ирсол мешавад.

Ҳамлаи фоҷиабори дигаре аз сӯи Алқоида дар роҳ аст. Ҳама қитаот ин пазл дар ҳоли чида шудананд. Агар иҷоза диҳем таърих такрор шавад, ин бор дигар ҳеҷ баҳонае пазируфта нахоҳад буд.

Моро бо ин ваъда дилгарм карда буданд, ки ҷомеаи истихборотӣ (ҶИ) пас аз ҳамалоти 11 сентябр дигаргун шудааст. Гуфта буданд “ҳаргиз дубора”, яъне ислоҳоти воқеӣ. Аммо имрӯз чӣ мебинем? Ҳамон шигофҳои амиқи қадимӣ: ҷамъоварии иттилооти нокоромад, таҳлилҳои заиф, тарс аз риск ва нотавонӣ дар ном бурдани содиқона аз душман.

Воқеият ин аст: дар ҳоли ҳозир ҷомеаи истихборотии Амрико ҳатто намедонад, ки чӣ касе раҳбарии ДОИШ ё Алқоидаро бар ӯҳда дорад.

Дар мавриди ДОИШ, Абуҳафс Алҳошимӣ Алқурайшӣ панҷумин амири ин гурӯҳ раҳбари воқеии ДОИШ аст ва ҳамакунун дар дохили Сурия фаъолият мекунад. Бо ин ҳол, гузоришҳои расмии Амрико ҳамчунон Абдулқадир Мумин, яке аз саркардагони ДОИШ дар Сомалиро ба унвони чеҳраи аслии ин гурӯҳ муаррифӣ мекунанд. Иштибоҳ дар ном, кишвар ва дарки таҳдид. Ин ривоят, мардуми Амрикоро дар бехабарӣ нигоҳ медорад ва чунин илқо мекунад, ки амният барқарор аст, дар ҳоле ки душман машғули тарроҳии ҳамлаи баъдӣ аст.

Ба ҳамин шакл, ҶИ дар қиболи Алқоида низ кӯр ва ноогоҳ аст. Раҳбари воқеии ин гурӯҳ, Ҳамза ибни Лодан, зинда ва фаъол ва бори дигар аз хоки Афғонистон амалиёти худро пеш мебарад.

Ин иштибоҳ соддаангорона нест; Як шикасти иттилоотии тамомайёр аст.

Дар ҳоле, ки дар соли 2019 ба мардум гуфта шуд, Ҳамза кушта шуда, ин сирфан як дурӯғ буд, ки аз сӯи Айман Алзавоҳирӣ, раҳбари собиқи Алқоида, мунташир шуд. Ҳамза зинда монд ва пинҳон, муҳофизатшуда ва омода барои исботи ин ки насли дувум ва севуми хонадони ибни Лодан аз насли аввал хатарноктар ва маргбортаранд. Пеш аз он ки фоҷиае дигар рух диҳад, бояд воқеият дар бораи Ҳамза, Саъд, Абдуллоҳ, Усмон ва Ҳасан ибни Лоданро пазируфт, ҳамаашон аз дохили Афғонистон машғули тарроҳии амалиётанд.

Толибон, ки ба навъе хешовандони сабабии хонаводаи бин Лодан низ маҳсуб мешаванд, ҷомеаи истихборотиро бозӣ доданд. Ва шумо ин иҷозаро додед.

Ҷомеаи истихборотӣ иҷоза дод, ки душман корзорҳои фиребкоронае муассиртар аз амалиёти зиддитеррористии мо ба роҳ биндозад. Ба ҷои ислоҳи масир, бисёре аз масъулон дар ҶИ сукут пеша карданд, дар ҳоле, ки таҳдид дар ҳоли рушд буд, ҳеҷ намегуфтанд ва осоиши шахсиро бар масъулияти ҳирфаӣ тарҷеҳ доданд.

Ва агар касе ниёз дорад бидонад шуҷоати воқеӣ чист, кофист ба 11 сентябр 2001 нигоҳ кунад.

Дар он рӯзи сарнавиштсоз, гурӯҳе аз шаҳрвандони одӣ дар парвози 93-и Юнайтед, умқи хатарро дарк карданд. Онон интихоб карданд. Мунтазири дастур намонданд. Нагуфтанд "ин кори ман нест." Ниёзе ба таъйиди комили таҳдид надоштанд. Иқдом карданд ва ҳавопайморо дар даште дар Пенсилвания ба замин заданд, чун медонистанд чӣ чизе дар хатар аст.

Онон ҷони худро фидо карданд то аз шарри бузургтар ҷилавгирӣ кунанд. Он ҳам бо иттилоот ва манобеъе бисёр камтар аз он чи имрӯз дар ихтиёр шумост. Ва оташнишононе, ки ба даруни бурҷҳои дугона рафтанд? Онон даргири баҳсҳои ривояте ё нигарониҳои зоҳирӣ набуданд. Онон вориди амал шуданд, чун медонистанд бояд чӣ кард. Пас чаро бояд баъд аз вуқӯъи ҳамла қаҳрамон бисозем, вақте метавон пеш аз вуқӯъи ҳамла қаҳрамон дошт, касонеро, ки акнун кори дурустро анҷом диҳанд?

Шумо медонед чӣ чизе дар роҳ аст. Пас тасмим бигиред: чӣ хоҳед кард?

Оё бармехезед? Оё лаб ба сухан мегушоед? Оё барои ифшои дурӯғҳое, ки ҷомеаи истихборотӣ дар мавриди Афғонистон ва Сурия пазируфта меҷангед? Ё сокит нишастаед, дар ҳоле, ки таърих дар ҳоли такрор аст ва бо илм ба таҳдиди пеширӯ, низорагар ҳастед, ки долларҳои зидди терроризми Амрико ба Толибон мерасанд ва ниҳоятан ба тарҳе алайҳи ватани худамон табдил мешаванд?

Вазифаи ҷомеаи иттилоотӣ ҳифзи амнияти мардуми Амрикост, на сиёсат, на иртиқои шуғлӣ ва на ҳифозат аз сиёсатҳои иштибоҳ.

Агар теъдоде ғайринизомӣ дар як ҳавопаймои рабудашуда метавонанд дар лаҳза шуҷоат нишон диҳанд ва ҷилави фоҷиаро бигиранд, шумо бо тамоми манобеъ ва иттилооте, ки дар ихтиёр доред, чӣ баҳонае доред?

Таърих дар ҳоли тамошо аст. Ҳамкорони пешини шумо низ дар ҳоли наззораанд. Ва аз ҳама муҳиммтар мардуми Амрико шуморо менигаранд.

Омода бошед. Зеро агар ҷомеаи истихборотӣ масири худро ислоҳ накунад, масъулияти ҳифозат аз ҷомеа ва хонаводаатон мумкин аст бар дӯши худатон биафтад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!