Хабари рӯз

Блеквотер қарордоди ҷадиде аз СиАйЭй барои омӯзиши нерӯҳои вежаи Толибон дарёфт кард.

Нависанда: “Раванди сабзи Афғонистон” - РАСО

Матлаби аслӣ: سی آی ای به طالبان آموزش می دهد

Механизми ҳамкорӣ байни Толибон ва Амрико дар мубориза бо, ба истилоҳ, ДОИШ.

“Блэк вотер” қарордоди ҷадиде аз CIA (Созмони иттилооти марказии Амрико) барои омӯзиши нерӯҳои вижа Толибон дарёфт кард. Ин ҳам механизми ҳамкорӣ байни Толибону Амрико дар мубориза бо, ба истилоҳ, ДОИШ.

Воҳиди иттилоотии “Раванди сабзи Афғонистон” ВОРСО ахиран маълумоте дарёфт карда, ки нишон медиҳад ширкати низомии хусусии “Блэк вотер” қарордоде аз Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) барои омӯзиши қитъаи низомии "Батор” (нерӯҳои вижаи Толибон) дарёфт кардааст.

Қитъаи "Батор" дар миёни Толибон ба "Батор" маъруф аст, аммо дар ҷомеаи Афғонистон онро "«Блэк вотер»-и Толибон" меноманд. Ин номгузоӣ ба далели ҳузури мураббиёни “Блэк вотер” аст, ки нерӯҳои вижаи Толибон - "Батор"-ро омӯзиш медиҳанд.

ВОРСО ҳанӯз асноде, ки таъйид кунад мураббиёни “Блэк вотер”-и афғонистонӣ ё дорои тобеияти дугона, афғонистонӣ-амрикоӣ ё ин ки “Блэк вотер” онҳоро аз атбои кишварҳои минтақа истихдом карда, дар ихтиёр надорад.

Бар асоси қарордоди ҷадид, “Блэк вотер” маъмурият дорад нерӯҳои вижаи Толибонро омӯзиш диҳад ва тамоми ҳазинаҳои он тавассути CIA пардохт мешавад. Дар айни ҳол, ин қитъа низ монанди “Блэк вотер” дар бархе ҷиноёти ҳавлнок дар Афғонистон даст доштааст.

 

Намунае аз ҷинояти қитъаи "Батор"-и Толибон

Як шаҳрванди Афғонистон ба номи Гул Муҳаммад, ки пайса (пул)-и саррофӣ дошт, рабуда шуд. Сипас ҷасади ӯ дар мухтасоти **34.5806, 69.18509 пайдо гардидааст. Пас аз ин ҷасади ӯ ба хонаводааш таҳвил ёфт. Фомили ӯ аз осори шиканҷа бар баданаш хабар доданд. Хонаводаи Гул Муҳаммад иддао карданд, ки аз онҳо боҷи калони дархост шуда буд, аммо чун напардохтанд, ӯро куштанд. Дар муқобил, афроди "Блэк вотери Толибон" иддао карданд, Гул Муҳаммад узви ДОИШ буда ва ба ҳамин далел кушта шудааст. Аммо ҳама медонанд, ки ин иддаоҳои кизб ва дурӯғ мебошад.

Пас аз ҷанҷолӣ шудани ин парванда дар миёни Толибон, мақомоти гурӯҳ аз хонаводаи Гул Муҳаммад хостанд ибораи "Блэк вотери Толибон"-ро аз шикояташон ҳазф кунанд ва ба ҷои он бигӯянд, ҷасад тавассути "нерӯҳои иморати исломии Афғонистон" таҳвил дода шудааст. Ҳамчунин хонаводаи мақтулро аз сӯҳбат бо расонаҳо мамнуъ карданд ва дар сурати анҷоми ҳар навъ дарзи хабар ба матбуот таҳдид ба зиндон шуданд.

Ин парванда боиси ҷанҷоли бузурге дар миёни Толибон шуд. Дар ниҳоят, Мулло Аҳмад Оғо, фармондеҳи "Блэк вотери Толибон", ки ба Шабакаи Ҳаққонӣ муртабит буд, барканор шуд ва фарде ба номи доктар Навид Аҳмад ҷойгузин ӯ шуд.

Бо густариши ҷанҷоли қатли сарроф, Мулло Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон, шахсан хостори баррасии амиқи ин парванда шуда буд, ки Шабакаи Ҳаққонӣ монеъи анҷоми ҳар навъ таҳқиқот гардидааст.

Ҷолиб ин ҷост, ки қарордоди феълии омӯзиши нерӯҳои вижаи Толибон тавассути “Блэк вотер”, дақиқан бо Шабакаи Ҳаққонӣ мунъақид шудааст. Шабакаи террористие, ки дар даҳҳо ҷиноят алайҳи мардуми Афғонистон иштирок дошта, раҳбари он Сироҷуддин Ҳаққонӣ, акнун вазири дохилаи Толибон, аст.

Бар асоси ин иттилоот метавон иддао кард, ки Амрико ва НАТО имрӯз ба сурати ғайримустақим дар Афғонистон ҳузур доранд. Ин ҳузур аз тариқи кӯмакҳои иқтисодии ҳафтавор пули нақдии 40 то 60 миллион долларӣ, қарордодҳои омӯзиши нерӯҳои Толибон тавассути мураббиён CIA таҳти унвони мубориза бо ДОИШ-и Хуросон ва даҳҳо мавриди дигар дида мешавад.

Ин навишта нишон медиҳад, ки ҳамкории пинҳони Амрико ва Толибон таҳти унвони мубориза бо терроризм идома дорад, дар ҳоле, ки нерӯҳои таҳти омӯзиши CIA муртакиби ҷиноёти густурда алайҳи мардуми Афғонистон мешаванд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!