Хабари рӯз

Тоҷик ин сӯ ва он сӯи Ому надорад: тоҷик, тоҷик аст!

Нависанда: доктор Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Инглисҳо пас аз тавофуқ бо тазорҳои рус мабнӣ бар эҷоди кишвари бетараф ва ҳоил ба номи Афғонистон дар соли 1896, ҳамеша аз шимолу маркази Афғонистон эҳсоси ноамнӣ мекарданд. Далели ин эҳсоси ноамнӣ душмание буд, ки нисбати ҳавзаи тамаддуни форсӣ доштанд.

Бардошти утоқи фикрашон ин буд, ки тоҷикон/форсҳо, нисбати гузаштаи бузурги таърихиашон, ҳаргиз ба дӯстони воқеии мо табдил нахоҳанд, чун усулан сиёсати инглисҳо, сиёсат аз боло ба поин ва ё ба иборати дигар, сиёсат аз ҷинси мавлову барда буд, амре, ки форсҳо нисбати шукӯҳи гузаштаи худ онро касрашон мепиндоштанд ва зери ҳеҷ унвон ҳозир ба ҳамроҳӣ бо ӯ набуданд.

Лизо, инглисҳо манофеъи худро дар пуштибонӣ аз қабилаи афғон, ки аз диди таърихӣ, ҳеҷ гуна камол ва бузургие дар корномаи худ надоштанд, ҷустуҷӯ карданд. Бо Абдурраҳмонхон, ки худ фирорӣ ва муҳоҷир дар Бухоро буд, вориди гуфтугӯ шуданд ва дар баробари саркӯб форситаборону барҳам задани таркиби ҷамъияти вилоёти марказиву шимол ваъдаи ҳимояти пулӣ, сиёсӣ ва таслиҳотӣ доданд.

Амре, ки Абдурраҳмон пазируфт. Саркӯбу қатли оми 65 дарсад ҷомеаи ҳазора ва ишғоли сарзаминҳои форсизабонон дар Қандаҳор, Ҳилманд, Ғазнӣ, Лугар ва Лағмон дар ҳамин замина қобили тафсир аст.

Бо рӯи кор омадани Амонуллоҳ дар соли 1919, айни муомиларо бо ӯ анҷом доданд. Тартиби низомномаи ноқилин ва интиқоли паштунҳо аз ҷануб ба шимол дар ҳамин замина сурат гирифт.

Дар Бозии Бузург қудратҳои ғарбӣ, бавежа инглисҳо, «Афғонистон»-ро бахше аз ҳавзае манофеъи худ таъриф мекарданд.

 Аммо мушкили бузург ҳузури ақвоми дигар дар шимол, бавежа форситаборон буд, ки ҳофизи манофеъи Русия шинохта ва таъбир мешуданд.

Лизо, дар 128 соли гузашта ҳамеша талош карданд, бо пуштибонӣ ва ҳимоят аз паштунҳо ва интиқолашон аз ҷануб ба шимол, таркиби ҷамъияти шимолро бар ҳам бизананд ва ҳомиёни манофеъи худро ба ҳар қимате дар ҷуғрофияи шимол ҷобаҷо созанд.

Таслими қудрат ба Толибон, амалиётӣ кардани канали Қӯштеппа, интиқоли паштунҳои қабоилӣ зери номи муҳоҷирин ва тақвияти комили нерӯҳои ҳоким бо миллионҳо тон аслиҳаи пешрафтаи ғарбӣ, кӯмаки 80-миллиондолларӣ ҳар ҳафта, алорағми мухолифати ин гурӯҳ бо омӯзишу парвариши духтарон ва бастани дарби донишгоҳҳо ва мактабҳо ва... реша дар ҳамин масъала дорад.

Ба назар мерасад, аз диди қудратҳои ғарбӣ, достони Афғонистон поён ёфтааст ва ҳоло замону навбати убур ба он сӯи Ому ва тасфияи ҳисоб бо русҳо, душманони оштинопазирашон фаро расидааст.

Бонг додани рӯҳонии тоҷиктабор, ки аз диди зоҳирӣ тоҷик, аммо аз диди фикрӣ, зеҳнӣ ва андеша як Аҳриман ва як душмани воқеии манофеъи роҳбурдии ҷомеаи тоҷик дар минтақа таъбир мешавад, дол бар ин муддаост.

Аммо пурсиши аслӣ ин аст, ки чаро аз ҷумлаи панҷ кишвари Осиёи Миёна, боз ҳам қуръа ба номи Тоҷикистон баромадааст?

Тасаввур мекунам ин масъала низ реша дар ҳаводиси таърихӣ дорад, бавежа мавориди зер:

1 - Дар ҷамъи панҷ кишвари Осиёи Миёна танҳо Тоҷикистон меросдори фарҳангу тамаддуни форсӣ аст, тамаддуне, ки ҳаргиз дар баробари хости номашруъи ҷазираи шайтонии ҷаҳони “Инглис” таслим нашуд ва ҳамеша фарёди озодагӣ сар дод. Ин озодагӣ ва адами таслимӣ баҳо дорад, ки бояд пардохт.

2 - Наздикии Эрон ба Русия ва кӯмак ба ин кишвар дар ҷанги Украина. Амре, ки инглисҳоро нуқраи доғ кардааст.

Бидуни шак, ин ду масъала дар интихоби ин кишвар нақш доранд.

Умедворем рӯҳонёни фарзона ва огоҳи тоҷик, мувозиби найранги қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ бошанд ва зери эҳсосот мазҳабӣ, тири худро ба синаи бародар раҳо накунанд!

Тоҷик ин сӯ ва он сӯи Ому надорад: тоҷик, тоҷик аст!


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!