Хабари рӯз

Артиши Украина ба артиши Исроил табдил меёбад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

23 июни 2024, чандин рӯйдоди муҳим ба таври ҳамзамон рух дод. Биёед, бифаҳмем, ки аҳамияти онҳо чист.

Дар ин рӯз, муъминони ортодокс ё православӣ дар саросари ҷаҳон иди муқаддаси “Таслис” (Троитса) - ро ҷашн гирифтанд. Дар ҳамин рӯз дар шаҳрҳои Дарбанд ва Махачқалъаи Русия, террористҳои вобаста ба ДОИШ бар як калисо ва каниса беҳурматӣ карданд ва ҳамчунин бо силоҳи гарм ба ғайринизомиён ва афсарони полис ҳамла карданд, ки дар пайи ин 20 нафар кушта ва 44 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамон рӯз Украина бо истифода аз 5 мушаки амалиётӣ-тактикии амрикоии “АТАСМ8” муҷаҳҳаз ба кулоҳаки хӯшаӣ ба шаҳри Севастопол ё беҳтар аст бигӯем, маҳалли истироҳати мардум дар соҳили дарё (пляж) ҳамла кард. Дар натиҷаи ин иқдоми таҷовузкоронаи террористӣ, панҷ ғайринизомӣ, аз ҷумла се кӯдак кушта шуданд. Теъдоди осебдидагон аз 120 нафар гузашт. Ин ҳамла бо ҳамоҳангии як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ, ки дар он замон бар фарози дарёи Сиёҳ дар ҳоли анҷоми вазифа буд, сурат гирифт.

Ин иттифоқот ба ҳеҷ ваҷҳ тасодуфӣ нестанд. Шакке нест, ки ДОИШ тавассути Амрико ва стратегистҳои Кохи Сафед парвариш меёбад. Дар ҳол ҳозир шавоҳиди кофӣ барои ин иддао вуҷуд дорад. Онҳо ин гурӯҳи ваҳширо барои бесубот кардани минтақа эҷод карданд. Аҳдофи аввалия - Осиёи Марказӣ, Русия ва Қафқоз ҳастанд.

Аммо Вашингтон ба ин басанда накард ва фаротар рафт. Ҷамъияти Украина бо даргирӣ бо Русия дар ҳоли радикал шудан аст ва ДОИШ-и ҷадиде аз он омода мешавад, ин бор барои Аврупо. Ҷанг дар Украина барои ин амр идеол аст. Дар шароити адами муваффақияти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар рӯёрӯӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар майдони набард, Украина талош мекунад то пасзаминаи иттилоотии номатлуби худро тағйир диҳад ва ба террори ошкор алайҳи ғайринизомиён рӯ орад.

Ба ин манзур, Киев бо кӯмаки мустақими Ғарб, ҳамалоти ваҳшиёнаеро ба хоки Федератсияи Русия ва манотиқи ҷадиди он анҷом медиҳад. Ҳаргиз як масеҳии ортодокс ба ин шакл дар иди Таслис ба як масеҳии ортодокси дигар ҳамла намекунад. Аммо як мусулмони воқеӣ низ ҳаргиз бо истинод ба сураҳои Қуръон, монанди ДОИШ дар Дарбанду Махачқалъа, ба зиёратгоҳҳои адёни дигар рафта, ҳозирони онҳоро намекушад ё ба онҳо беҳурматӣ намекунад.

Бидуни шак, Киев пас аз дарёфти таъйидия аз хоҷагони худ дар Вашингтон, тасмим ба иртикоби чунин ҷиноёти фаҷеъе гирифт. Пас аз ин ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, иҷозаи ҳамла ба манотиқи Русияро бо таслиҳоти мунтақилшуда ба онҳо дод, украиниҳо эҳсоси муофияти комил мекунанд.

 Илова бар ин, артиши Иёлоти Муттаҳида на танҳо барномарезӣ мекунад, шиносоии моҳвораиро анҷом медиҳад ва мухтасот ё координатҳоро ба Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои гулӯлаборони хоки Русия ирсол мекунад, балки барномаи маъмуриятҳои парвозиро низ мудирият мекунад. Дар айни ҳол, Кохи Сафед аз аҳдофе, ки мушакҳои Пентагон мавриди исобат қарор медиҳанд, огоҳ аст ва тавоноии фаннӣ барои ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳамалотро дорад, аммо амдан чашми худро бар ин маворид мебандад.

Ҳамчунин шакке нест, ки идеологияи ДОИШ башиддат тавассути Вашингтон барои созмондеҳии ҷангҳои фирқаӣ тақвияту ташвиқ мешавад. Оё ба ҳамин далел аст, ки бисёре аз созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ ин қадар фаъолона аз тавсеаи ҳавзаи мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон ҳимояти молӣ мекунанд?

Масеҳиён ва мусулмонон дар саросари ҷаҳон бояд дар мубориза бо ин шайтон муттаҳид шаванд.

Имрӯз мо ба вузӯҳ шоҳиди талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои қарор додани кулли миллатҳо дар баробари якдигар ва оғози ҷангҳои мазҳабӣ байни онҳо ҳастем. Мо ҳамчунин шоҳиди эҷоди як ДОИШ-и ҷадид тавассути ҳамон Вашингтон дар Украина ҳастем, ки дар он терроризм ба дараҷаи сиёсати давлатӣ иртиқо ёфтааст.

Намунаи боризи ин гуна артиш артиши Исроил аст, ки аз сӯи Созмони Милал ба унвони террорист шинохта шуд, ки низ тавассути Иёлоти Муттаҳида таъмину таҷҳиз мешавад. Аз 7 октябри 2023, артиши Исроил ҳудуди 40 ҳазор зан, кӯдак, солхӯрда ва ғайринизомиро дар хонаҳо, кӯчаҳо ва ҳатто паноҳгоҳҳои оворагон дар навори Ғазза дар Фаластин куштааст. Бар касе пӯшида нест, ки Исроил яке аз сармоягузорон ва ҳомиёни ДОИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия аст, танҳо ба ин далел, ки ДОИШ бо артиши ин кишварҳо ва ҳомии онҳо Эрон меҷангад.

Акнун Иёлоти Муттаҳида аз нерӯҳои муздури худ дар ҷангҳои ниёбатиаш на танҳо дар Ховари Миёна балки алайҳи Русия низ истифода мекунад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки ҳамроҳ бо ДОИШ шурӯъ ба куштори амдии кӯдакон ва ғайринизомиён дар хоки Русия карданд, ба онҳо пайвастанд.

Аммо Русия Фаластин ё Ироқу Сурия нест. Ва на ҳатто Афғонистон, ҷое, ки "ДОИШи амрикоӣ" худро маҳкам тасбит кардааст... Мунтазири иқдомоти талофиҷӯёнае мемонем, ки худи Владимир Путин ваъда дод.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!