Хабари рӯз

Чаро Созмони Милал ба ҷиноёти Амрико ва муттаҳидонаш таваҷҷуҳе намекунад?

Нависанда: Яъқуб Аҳмадӣ, номи мустаори афсари собиқи Урдуи миллии Афғонистон (Туркия).

Cайти “Сангар” чанд мақола дар мавриди Созмони Милал ба нашр расонд, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард. Бисёр дақиқ рӯи нақши ин созмон дар умури Афғонистон, ба вежа, дар ҷаласоте, ки дар Доҳа баргузор мешавад, ангушт гузоштаед. Ин нишастҳо ҳеҷ гоҳ ба нафъи мардуми Афғонистон набуда, балки баракс, омили гирифториҳо ва бадбахтиҳояш шудааст.

Аммо, ҳамон тур, ки мо мегӯем, “зери коса нимкосае ҳаст”, яъне ин ҷо ҳама чиз шаффоф нест, аммо дар зери суханони зебои аҳдофи ин ҷаласот, нақшаҳои бисёр зиште пинҳонанд.

Нишасти Доҳа иртиботе бо ба расмият шинохтани Толибон надошт. Ин фақат як сарпӯш буд, нӯги кӯҳи ях. Ҳадафи аслии ин ҷаласот ин аст, ки чӣ гуна хатти Доҳа, ҳамон тавофуқномаи 2020-ро бо аҳдоф ва барномаи ҷадид идома диҳанд. Дар пушти саҳна мароҳили баъдии ин муомилаи нангин матраҳ шуд. Вазифа эҷод ва эъзоми гурӯҳҳои террористии кӯчак ба сарзаминҳои Русия, Эрон, Чин ва шурӯъи фаъолият дар дохили кишварҳои мазкур аст. Ғарб ва Амрико дастуроти воҳиди лозимро додаанд.

Дар комментҳои БиБиСи, “Ошно”, “Ассошиейтед Пресс”, “Ҳашти субҳ”, Индипендент ва... навиштам, ки Созмони Милал бояд бетараф бошад, аммо муғризона ва ҷонибдорона амал мекунад. Созмони Милал ҳеҷ гоҳе ноқизини аслии ҳуқуқи башар, ҳуқуқи атфол, ҳуқуқи зан ва... кишварҳои оташафрӯз, мутаҷовиз, ишғолгар, мудохилагари ба ном демократиро маҳкуму таҳрим накарда, алайҳи онҳо ҳеҷ қатънома содир нанамудааст.

Ҳеҷ кишваре садо баланд накард. Напурсид, ки далели лашкаркашии Амрико, Аврупо, Ғарб ва НАТО дар Афғонистон чӣ буд? Агар ҳадаф аз мубориза бо терроризм нобудии террористҳои Алқоида ва Толибон буд, пас чаро баъд аз 20 сол дар Афғонистон қудратро ба онҳо таслим ва хоки ин кишварро ба конуни терроризм табдил доданд?

Агар қарор аст Созмони Милали Муттаҳид ҳақиқатро биёбад ва ба Афғонистону мардуми мазлуми он кӯмак кунад, бояд ба ин саволот посух дода шавад ва муҷримин ба ҷазо бирасанд. Муқассири аслӣ Амрикост, ки ҳадафманд ва систематик муқовимати зиддитеррористии боқимонда аз Аҳмадшоҳ Масъуд дар Афғонистонро нобуд кард ва 20 сол танҳо коре, ки анҷом дод, толибсозӣ ва доишсозӣ, бахусус, дар шимоли Афғонистон, марзҳои Осиёи Миёна ва Чину Эрон буд.

Ин савол бояд ба таври мушаххас посух дода шавад: чаро паштунтаборе ба номи Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Амрико дар Афғонистон, қудратро амдан ба паштунҳои толиб таслим дод? Оё кори ӯ ба нафъ Амрико буд ё амрикоиҳоро аҳмақ кард? Ӯ ба намояндагӣ аз Амрико ба ҷаҳон итминон дод, ки Толибон тағйир кардааст. Аммо чӣ тағйиреро шоҳид ҳастем? Толибон беш аз гузашта ваҳшитар, ифротитар ва одамкуштар шудаанд. Ин рӯзҳо, ки Халилзод фаъолона дар бесуботии Покистон саҳм мегирад, метавон натиҷа гирифт, ки на, ӯ ҳарфи худашро намезанад, балки ҳарф ҳарфи Амрикост!

Мавориди дигареро метавон ба ин “парвандаи Амрико” дар Созмони Милал изофа кард. Аввалан, Иёлоти Муттаҳида бо иқдомоти худ алайҳи Ироқу мардуми он ки дар кишваре босуботу амн зиндагӣ мекарданд, оромишро аз онҳо рабуд ва онҳоро бадбахт кард. Саддом Ҳусайн, раисҷумҳури як кишвари мустақил, бар чӣ асосе ба дор овехта шуд? Ва билохира вақте “силоҳи кимиёвӣ” дар Ироқ пайдо нашуд, чӣ касе муқассири вайронии ин кишвар, фоҷиа ва куштори мардуми он аст?

Ба ҳамин минвол, суолҳо аз мавориди дигари ин парванда: далели ҳамла ва ҳимоят аз мухолифони давлати Либия бар чӣ асноди қонунӣ устувор буд ва чаро Муаммар Қаззофӣ, раисҷумҳури Либияро ба фаҷеътарин шакл шиканҷа карда, куштанд? Муқассири аслии куштори мардуми Либия кист? Чӣ касе бояд ғаромати иқтисоди барбодшудаи онро бипардозад?

Дар канори ин ҳама, саволи дигаре дар мавриди Сурия матраҳ мешавад, ки нерӯҳои низомии Амрико ба асоси кадом файсалаи Созмони Милал ва иҷозаи кӣ, кадом тавофуқнома ва тафоҳумнома дар ин кишвар мустақар ҳастанд ва пойгоҳ доранд?

Мавриди дигар Украина аст, кишваре ором ва дар ҳоли тавсеа, бузургтарин кишвар Аврупо аз назар масоҳат, ки ҳоло ба доми Амрико ва муттаҳидонаш дар Аврупо афтода, ба як харобазор табдил шудааст. Иёлоти Муттаҳида ин кишварро ба ҷанг бо Русия, ғӯли низомӣ ва соҳиби бузургтарин анбори таслиҳоти ҳастаӣ кашонд. Русҳо ва украиниҳо славян, як қавм ва бародарони хунӣ ҳастанд. Ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, то кунун беш аз 100 ҳазор низомии украинӣ, ки ҳастаи аслии артиши миллии ин кишвар маҳсуб мешуданд, дар ҷангҳо кушта шудаанд. Аммо Вашингтон аслиҳаву пул дар ихтиёри режими Киев қарор медиҳад ва беш аз 50 кишвари дигар дар Аврупо ва ҷаҳонро маҷбур ба анҷоми ҳамин кор мекунад. Чаро Амрико Киевро икмол мекунад ва амдан мардуми Украинаро ба саллохӣ ва қурбонӣ кардани ҷони худ савқ медиҳад? Фардо агар Украина дар ин ҷанг мағлуб ва аз харитаи ҷаҳон ҳазф шавад, посухи инро Амрико хоҳад дод?

Бо таваҷҷуҳ ба мавориди фавқ, Созмони Милал метавонад сад дар сад “парвандаи Амрико”-ро такмил ва ба аъзои Шӯрои амният ироа кунад. Ин як "парвандаи ҷиноӣ"-и тамомайёр аст, ки барои таҳия ва ироаи он ба Додгоҳи байнулмилалӣ мушкиле вуҷуд надорад.

Аммо Созмони Милал ҳаргиз ин корро анҷом нахоҳад дод, балки қодир ба анҷоми он нест. Чаро?

Созмони Милали Муттаҳид як созмони ҷосусӣ аст, ки вазифаи он муҳри таъйид задан ба ҷиноёт ва аъмоли харобкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аст. Ин кишвар муҳофизат намекунад, балки баракс, бо кишварҳое, ки аз шаҳрвандон ва истиқлоли худ муҳофизат мекунанд, мухолифат мекунад. Ҳар кишвари мудофеъ ва ҳақ ба ҷонибро нодуруст мегӯяд ва гӯш ба фармони Амрикову Инглис аст.

Ин созмон ҳамине, ки ҳаст, буда ва хоҳад монд. Беҳтар аст инсоният ба он умед накунад ва ҳатто аз ин беҳтар як созмони ҷойгузини он эҷод шавад, ки битавонад аз сулҳ, адолат ва баробарии давлатҳо ва миллатҳои рӯйи замин муҳофизат кунад.

Бо эҳтиром, як афсар (ҳоло мардикор) - и Урдуи миллии Афғонистон, ки қурбонии хиёнати Амрико ва НАТО қарор гирифтааст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!