Ҷаҳон баъд аз тазъифи нақши пулисии Амрико аз кадом назми амниятӣ пайравӣ хоҳад кард?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Дар навиштаи "Трамп; Горбачёви амрикоӣ", тавзеҳ додам, ки чӣ гуна Трамп бо иқдомоти ғайримунтазирааш, Амрикоро ба масири фурӯпошӣ ва халъи салоҳият дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ҳамонанди таҷрибаи талхи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, савқ медиҳад. Аз ин ки Трамп бо тафаккури хос ва иқдомоти аҷибу ғарибаш, ҳамагиро аз дӯстону душманони Амрико шокӣ кардааст, ин амали Трамп боис шуда, то ба тадриҷ, назми байналмилалии мубтанӣ бар "сулҳи амрикоӣ" ва режими амниятии ношӣ аз он, ки мубтанӣ бар режими ҳамёрӣ ва иттиҳоди устувор буд, батадриҷ дар масири дигаргунӣ ва таҳаввули моҳиятӣ ва сохторӣ қарор гирад.
Масъалаи асосӣ ва бунёдӣ ин аст, ки агар муттаҳидони Амрико нисбат ба ин кишвар беэътимод шаванд ва ба ин натиҷа бирасанд, ки дигар Амрико ҳомии амниятиашон нест, мумкин дар сиёсатҳои амниятӣ ва низомии худ бознигарӣ кунанд. Ин бознигарӣ натанҳо мунҷар ба тағйир дар моҳияти режими амнияти байналмилалӣ хоҳад шуд, бал боис мешавад, то моҳияти иттиҳодҳои низомӣ, ҳамонанди НАТО, ки сутуни фуқароти муҳофизатии назми "либерали амрикоӣ" дар тӯли солиёни мутамодӣ, баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум буда, таҳаввули бунёдиро ба таҷриба гирад.
Дар зимн, бояд бидонем, ки рӯйкарди “аввалии амрикоӣ”-и Трамп боис мешавад, то кишварҳои шарқи Осиё, Аврупо ва соири муттаҳидони Амрико, ҳам силоҳи ҳастаӣ бисозанд ва барои муҳофизат аз худашон, ҳар кори мумкинеро анҷом диҳанд. Агар дунё бо чунин ибҳомоте дар наҳваи ҳифзи иттиҳод бо Амрико пеш равад, бо мусаллаҳсозии кишварҳое, ки дар як нигаронии мутадовими амниятӣ нисбат ба тамомияти арзӣ ва моҳияти вуҷудиашон, ба сар мебаранд, ба самти як дунёи ҳастаӣ пеш хоҳем рафт. Дунёе ки ҳама дар он мусаллаҳанд ва анархизми амниятӣ, ваҷҳи боризи он хоҳад буд. Ин кор ба далеле сурат мегирад, ки Амрико дигар наметавонад ва ё намехоҳад нақши "пулисии ҷаҳон"-ро бозӣ кунад.
Ба ин ҳисоб, дунёе, ки амнияташро дар изои тазминҳои амниятии ироашуда тавассути Амрико ба ҷаҳон ба раҳбарии Амрико сипурда буд, ҳоло маҷбур аст, ба самти тавлид ва моликияти силоҳи ҳастаӣ, минҳайси як асли боздоранда ва тазмине барои бақояш, пеш равад. Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, рӯйкарди “аввалии амрикоӣ”- и Трамп бар манофеии иқтисоди Амрико таъкид дорад ва нақши суннатии ин кишвар ба унвони «пулиси ҷаҳон”-ро тазъиф мекунад. Яъне тағйири авлавиятҳо аз амният ва суботи сиёсӣ ба манофеъи иқтисодӣ.
Албатта, ки дар ин тағйир Амрико, нақши асосиро бозӣ мекунад ва дониста ҷузъи ин раванди "амрикозудоӣ" мешавад, ки ба навбаи худ метавонад боиси тағйири назми феълӣ ба ҷаҳони пасоқутбӣ шавад. Ҷаҳоне, ки дар он Амрико дигар абарқудрати ғолиб нест ва наметавонад тамҳидот ва арзишҳои сиёсӣ ва фикрии маҳз амрикоиро ба воситаи тавони низомӣ ва иқтисодӣ дар он, дикта кунад.
Ба ин тартиб, муттаҳидони Амрико маҷбуранд, сиёсатҳои худро дар бораи амният ва даргириҳои минтақаӣ бознигарӣ кунанд. Ин кор аз рӯи ночорӣ сурат мегирад. Чун ҳамон тавре, ки қаблан ҳам дар таҳлилҳои нигоранда тазаккур ёфт, ҷаҳон дар як мавҷи бемувозинагии идеологӣ ба сар мебарад, ки як тараф бо гузор аз либерал-демократия ба технофашизм ва муҳофизакории ифротӣ убур карда ва тарафи дигар танҳо муҷаҳҳаз бо мафҳуми давлати иқтидоргаро аст. Як таносуби бисёр нобаробар, ки мумкин барои солиёни тӯлонӣ ҷаҳон натавонад ба як назми пасоқутбӣ гузори мусолиматомез кунад. Маънои ин ҳарф ин аст, ки дунёи феълӣ, фоқиди як идеология барои ҷангидан аст.
Бар илова, сиёсатҳои мубҳам ва шокикунандаи Трамп дар қиболи муттаҳидони суннатии Амрико, боис шуда то конунҳои амниятӣ ва дорои зарфияти баланди даргирӣ, ҳамонанди Шарқи Осиё, ки қаблан дар зайли режими ҳифозатии амниятии Амрико, қарор доштанд, ба фикри истиқлоли бештари амниятӣ шаванд. Ҳаракате, ки нишон аз анархизм дар сатҳи низоми байнилмилал дорад ва ҳар конун бо мадди назар доштани авлавиятҳои амниятӣ ва мизони таҳдидҳо ба самти улгуе аз амният ҳаракат хоҳад кард. Улгуи амниятӣ, ки боздорандагии ҳастаӣ формулаи қабулшуда ва мумкин дар шолудаи он, ҳисоб мешавад. Ба таври мисол, Куриёи Ҷанубӣ, Япония ва Тайван, ба ночор аз ин модел барои эҷоди тазминҳои амниятӣ дар баробари душманоншон пайравӣ хоҳанд кард. Яъне як дунёи ҳастаӣ, ки ин бозигарони дорои тавони ҳастаӣ дар талоши ҳифз ва бақои худашон дунёро ба самти чолишҳои ҷиддии амниятӣ хоҳанд кашонд. Муъзале, ки мумкин дар оянда ҳеҷ гуна режими тавофуқи амниятӣ тавони маҳори чолишҳои ношӣ аз мавҷудияти онро нахоҳанд дошт.
Аз тарафи дигар, Трамп бо эҷоди чунин фазои мубҳам ва номутмаин, фуқдони эътимоди муттаҳидони Амрико нисбат ба ҳимояти Амрико аз онҳо ба самти таҳвилдиҳии мақарри иқтидори амниятии ҷаҳонии амрикоӣ ба меҳвари Шарқ равон аст. Дар ҳоле ки дар маҷмӯъ меҳвари Шарқ, ки шомили Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ ва Эрон мешавад, дар таззоде бо доктринаи амниятии амрикоӣ қарор доранд ва дар баробари он, аз ҳар хел имкони эҷоди истикок истифода мебаранд, аммо Русия бо оғози даргириҳояш дар Украина ва халқи нигаронии амниятӣ барои аврупоиҳо амалан идеяи тасаллути режими амниятии амрикоиро зери савол бурдааст.
Бо маддиназардошти вазъияти мавҷуд ва афзунталабиҳои Русия, ки бештар аз нигарониҳои амниятии он нашъат мегирад, давлати Трамп дар ҳол ироаи тафаккури ҷадиди амниятӣ дар ҷаҳон аст, ки дигар аз нақши калидӣ ва меҳварии Амрико дар арсаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ, хабаре нест. Ин таҳаввул ба худии худ заминаро барои ҷасорати бештари меҳвари Шарқ барои тақсими ҳокимияти ҷаҳон дар марҳалаи пасогузор фароҳам месозад. Бидуни он ки танише халқ шавад ва ё кашмакаше миёни қудратҳои таҳаввулталаб ва муҳофизакор сурат бигирад. Ба ҳар ҳол, дар паси ин навъи тафаккур ва амалкарди Трамп далоили эҳтимолӣ вуҷуд дорад, ки заминаро барои чунин фазои мусоид месозад. Далоиле ҳамчун адами алоқамандии Трамп ба нақши меҳварии Амрико дар паймони низомии НАТО, боҷхоҳӣ аз муттаҳидон Амрико, беҳуда донистани нақши пулисии Амрико барои ҷаҳон, ки Амрико ба ночор бояд ҳазинаҳоеро бипардозад, тавассул ба рӯйкарди инзивогароӣ дар сиёсати хориҷӣ ва амниятии Амрико, ки умдатан ба манзури таҷдиди қувваҳо сурат мегирад, иҷтиноб аз таниши бештар бо Русия ва тафҳими нақши ҷадиди Амрико барои коҳиши конунҳои низоъ аст, нақши асосӣ доранд.
Пас ба ин ҳисоб, Трамп бо ифои нақши ҷадидаш, ки мунҷар ба коҳиши масъулиятҳои амниятии Амрико дар ҷаҳон мешавад, дар ҳоли тазъифи НАТО ва Аврупо аст ва бештар ба самти масири худёрии амниятӣ ин пӯёии амниятиро ҳидоят мекунад. Дар ҳоле ки ин тафаккури Трамп боиси тақвияти мавқеияти меҳвари Шарқ дар бозиҳои бузурги ҷаҳонӣ мешавад, ин меҳвар бо зиракаи тамом дар ҳоли баҳрабардорӣ аз ақибгардҳои ӯст. Агар ин масир идома ёбад, ба зудӣ шоҳиди зуҳури улгуҳои ҷадиде аз амният мабнӣ бар худёрии мубтанӣ бар боздорандагии ҳастаӣ хоҳем буд. Дунёи пурошуб, то ба дандон мусаллаҳ ва ғарқ дар ошубҳову конунҳои низоъ, ки ба худии худ мафҳуми назму амнияти байналмилалиро зери савол мебарад.