Инфиҷори хатҳои лӯлаи гази “Ҷараёни Шимол-1” ва «Ҷараёни Шимол-2” як фоҷиаи энержӣ барои Аврупо аст, аммо кӣ аз он суд мебарад?
Нависанда: Рибар
Дар шаби 26 сентябр, дар минтақаи сирфан иқтисодии Дания дар шимолу шарқи ҷазираи Борнҳолм, беруноии газ дар яке аз хатҳои бузургроҳи “Ҷараёни Шимол 2” ва дар ҳар ду хатти “Ҷараёни Шимол-1” сабт шуд. Рӯзномаи Svenska Dagbladet рӯзи панҷшанбе, 29 сентябр гузориш дод, ки нерӯҳои муҳофизати соҳилии Шветсия мавриди чаҳоруми беруноии газ аз хутути лӯлаи осебдидаи “Ҷараёни Шимол - 1” ва “Ҷараёни Шимол-2”-ро кашф кардааст.
Қаблан дар 27 сентябр, иттилооте пахш шуд, ки харобии ҳамзамони 3 аз 4 хатти лӯлаи газ фарзияи соиш ё осеби тасодуфиро аз байн мебарад. Ва бинобарин, гузинаи инфиҷор дода шудани онҳо вуҷуд дорад, ки қаблан тавассути Шабакаи миллии ларзанигории Шветсия таъйид шудааст. Ба гуфтаи шведҳо, қудрати инфиҷор 100 килограм тротил будааст.
Дар ин минтақа хутути лӯлаи газ дар умқи ҳудуди 60-метрӣ ҷараён дорад. Ин ба он маънӣ аст, ки инфиҷор метавонад ҳам тавассути шиногарони размӣ ва ҳам аз сӯи паҳпод анҷом шавад.
Тайи моҳи гузашта, фаъолияти артиши Амрико дар минтақа афзоиш ёфтааст ва ҳамчунин гузоришҳое аз тамриноти дарёии Бритониё дар нишебии Борнҳолм гузориш шудааст.
Зинафъон ё судбарони аслии ихтилол дар арзаи гази Русия ба Аврупо, Амрико ва Инглис ба далоили зер ҳастанд:
- Системаи ҳамлу нақли гази Украина ба масири аслии транзити газ аз Русия ба Аврупо табдил мешавад.
- Давлати Олмон ҳатто бо тамоюли шадид ҳам наметавонад “Ҷараёни Шимол-2” - ро роҳандозӣ кунад. Ва ҳамон тур, ки медонем, Олмон саросемагие барои варшикастагии оператори хатти лӯла - “Nord Stream-2” надошт, ҳарчанд таътили проектро эълом кард, то дар сурати замистони сахт, фазои манёвр ва бимаро ҳифз кунад. Ин бима дигар мавҷуд нест. Таъмири хатҳо мумкин аст чандин сол тӯл бикашад.
Барои Британия ва Иёлоти Муттаҳида судманд аст, ки Олмонро на танҳо бо қатъи манобеъи Русия, балки бо таҳрики даргириҳои иқтисодӣ дар Иттиҳодияи Аврупо заиф кунанд.
Ба вежа, дар 27 сентябр, ифтитоҳи хатти лӯлаи гази Балтика - Baltic Pipe - дар шимолу ғарби Полша анҷом шуд. Зарфияти он танҳо 10 миллиард метр мукааб аст, ки 10 баробар камтар аз ҳаҷми арзашуда тавассути “Ҷараёни Шимол-1” ва “Ҷараёни Шимол-2” мебошад.
Бо ин ҳол, таъмини газ аз Норвегия ба Полша иҷоза медиҳад то ҳаҷми манобеъи энержии ирсолӣ ба кишварҳои Балтика ва Олмонро контрол кунад, ки ба ночор мунҷар ба афзоиши таниш бо Олмон хоҳад шуд.
- Иёлоти Муттаҳида ба вобастагии физояндаи Аврупо ба захоири гази табии моеъ (LNG) алоқаманд аст ва Инглис чанд дарсад даромад аз гази Русияро аз кулли масраф дарёфт мекард ва бинобарин коҳиши онҳо таъсири зиёде бар тарози энержии кишвар нахоҳад дошт: дар моҳи июн, Инглис ҳаҷми воридоти гази Русияро ба мизон ¾ аз ҳаҷми арзашуда дар соли 2021 - 4% аз кулли воридоти газ - коҳиш дод.
- Британия низ дар ҳоли таҷрибаи як буҳрони энержӣ аст. Қимати барқ аз 1 октябри соли равон 80 дарсад афзоиш меёбад.
Воридоти барқ аз Норвегия аз тариқи кабели зеридарёӣ ба далели хушк шудани рӯдхонаҳо ва коҳиши тавлиди барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ душвор аст. Арзаи энержӣ аз ниругоҳҳои ҳароратӣ ва ҳастаӣ дар Фаронса низ ба далели буҳрони энержӣ дар худи Фаронса коҳиш ёфтааст.
Дар моҳи июл, гузориш шуд, ки Бритониё 5000 дарсад бештар барои воридоти барқи Белгия пардохт кардааст, зеро мавҷи гармо ва ҳавои бидуни бод вуҷуд дорад. Ин ба ин маънӣ аст, ки турбинаҳои бодӣ кор намекунанд.
Бинобарин, Бритониё аз қабл шурӯъ ба тавсеаи майдонҳои гази худ дар Дарёи Шимол хоҳад кард ва ба таври фаъол дар ҳоли баррасии имкони истихроҷи гази шил (слянсевий) аст.
Тавлиди гази худ ба Бритониё иҷоза медиҳад то дар оянда бо тамоми таъминкунандагон дар бозори Иттиҳодияи Аврупо рақобат кунад.
Аммо то он замон, кабелҳои барқ ҳанӯз барои Бритониёи камэнержӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор ҳастанд, ба ин маънӣ, ки осеби тасодуфӣ ба яке (ё шояд чанде) аз онҳо ҳадди ақал барои дафтари нахуствазир Трасс дардисарҳои зиёде эҷод мекунад. Ҳадди аксар, тавозуни қудратро дар бозори энержии Аврупо, ки Олмон акнун дар мавқеияти нисбатан осебпазире қарор дорад, ислоҳ кунад.