Дар ҳайати раҳбарии созмони террористии Ал-қоида* дасти кам се шаҳрванди Қазоқистон ҳузур доранд
МАЗОРИ ШАРИФ, 30 май – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Онҳо аз сӯи Ал-қоида дар вазифаҳои масъуле дар созмонҳои террористии дигар, назири Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҷамоати Ансоруллоҳ эъзом шудаанд.
Як масъули истихборотии Толибон дар шаҳри Мазори Шариф ба хабарнигори Сангар аз ҳузури фарде ба номи Қорӣ Субҳонуллоҳ, ки ба номи Қорӣ Оташ ҳам машҳур ва шаҳрванди кишвари Қазоқистон аст, дар вилоятҳои шимолии Афғонистон хабар доданд.
“Вай аз 11 то 19 январи соли 2022 дар Кобул буд ва яке аз касоне аст, ки дар Қазоқистон бештарин фаъолиятҳоро дорад ва дар тазоҳуроти ахири Қазоқистон фаъолона даст дошт. Ӯ тариқи телегром бо аъзои созмон дар Қазоқистон тамоси доимӣ дошт, аммо дақиқ нест, ки бо киҳо”, - гуфт манбаъ.
Мақомоти Қазоқистон тазоҳуроти даҳаи аввали моҳи январи соли равон дар беш аз 10 шаҳри бузурги ин кишварро “як иқдоми таҷовузкоронаи созмонёфта ва омодашуда алайҳи Қазоқистон” унвон карда буданд, ки “бо мушорикати ҷангҷуёни хориҷӣ, умдатан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, ки таҷрибаи ҷанг дар Ховари Миёнаро низ доштанд” ба роҳ уфтод. Он замон ваъдаи пешниҳоди асноду мадорик дода шуд, аммо то ба ҳол ҳеҷ субуте пешниҳод нашудааст.
Манбаъ мегӯяд, Қорӣ Оташ се мошин дорад, ки якеи он “Ландкурузер” ва дуи дигар “Тайота Ҳайлукс” мебошанд ва ҳамагӣ рақамҳои давлатӣ надоранд.
“Вай ҳамроҳи худ ҳамеша ҳашт фарди то дандон мусаллаҳи зоҳиран қазоқ ё ӯзбекҳои Осиёи Марказиро мегардонад, ки ҳамчун муҳофиз бо худ ҳар ҷое, ки биравад, мебарад. Қорӣ Оташ равобити хеле амиқ бо Ал-қоида дорад ва ба ҳимояти Аминулҳақ ба ҳайси масъули истихбороти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон таъйин гардидааст”, - гуфт манбаъ.
Аминулҳақ, собиқ дастёр ва фармондеҳи муҳофизони Усома ибни Лодан, асосгузори Ал-қоида буд, ки ҳоло дар Кобулу Нангарҳор дафтар боз карда, нафари робити ин созмон бо ниҳодҳои қудратии Толибон мебошад.
Манбаъ мегӯяд, Қорӣ Оташ моҳи январи соли равон аз Покистон вориди Афғонистон шуда, муддатзамоне, ки дар Кобул буд, дар меҳмонхонаи “Қасри Сулаймон” – и рӯ ба рӯи Боғи Боло, марбути ноҳияи чаҳоруми шаҳр будубош дошт.
“Ин маҳал барояш аз тарафи Аминулҳақ тадорук гардида буд ва аз ин маҳалл ба вилояти Ҷузҷон омада, бо ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон пайваст”, - гуфт манбаъ.
Қорӣ Субҳонуллоҳ, ё Қорӣ Оташ, сеюмин қазоқест, ки дар гузоришҳои истихборотии як чанд моҳи ахир зикри номаш меравад. Қаблан манобеъи Сангар аз ҳузури шахсе ба номи “Абдулрауф Ака”, низ шаҳрванди Қазоқистон дар вилоятҳои Ҷузҷону Форёб хабар дода буданд, ки феълан фармондеҳии кулли нерӯҳои низомии хориҷии таҳти амри Ал-қоида дар ин манотиқро ба зимма дорад. Бино ба гузоришҳои ахир, ин фард алъон дар шаҳри Қалъаи Нав, маркази вилояти Бодғис мустақар шудааст.
Гузориши истихборотӣ: давлати Алқоида куҷост?
“Пулу плани калон”-и “Ал-қоида” барои Осиёи Марказӣ
Ҳамакнун тафсилоти тозае аз ҳузури ҷангиёни хориҷӣ, ки аксаран шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Покистонанд, дар вилояти Бодғис дастрас шудааст. Бино ба онҳо, ҳудуди 100 хонаводаи ҷангиёни хориҷӣ дар рустоҳои Исҳоқзай, Кобулиҳо, Хуми Мавлавӣ, Шоҳмир, Даҳани Букал ва Акозайи шаҳристони Боло Мурғоби вилояти Бодғис мустақар шудаанд.
“Ин хонаводаҳо тайи се моҳи ахир ба ин рустоҳо бо мусоидати Толибон интиқол ёфтанд. Ин рустоҳо тақрибан дар 10-12-километрии марзи Туркманистону Афғонистон ҷойгиранд”, - омадааст дар гузориш.
Фарди сеюме, ки шаҳрванди Қазоқистон гуфта мешуд, ба номи “Ҳоҷӣ Фурқон”, зоҳиран, номи мустаор ёд мешуд. Вай дар замони ҷумҳурият дар дараи Хустаки вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур дошт ва аз сӯи Ал-қоида фармондеҳи кулли нерӯҳои созмонҳои террористии хориҷӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, таъйин шуда буд. Аз ин ду созмони ахир якнафарӣ ҳам муовинони ӯ буданд.
“Ҳоҷӣ Фурқон” худ раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ буд. Манобеъ ӯро чечен ё уйғури зодаи Қазоқистон муаррифӣ мекунанд.
Бино ба охирин гузоришҳо, замоне, ки Чин, минҳайси яке аз пуштибонҳои режими Толибон аз онҳо хост, ӯйғурҳоро ба Пекин таслим кунанд ва як ҳайати истихборотӣ низ ба Афғонистон фиристод, Шабакаи Ҳаққонӣ Ҳоҷӣ Фурқон ва дигар ӯйғурҳоро ба вилоятҳои Ҳилманду Пактиё, пойгоҳҳои Ал-қоида, интиқол дод. Вақте чиниҳо чизе ба даст наоварданд ва аз ин мавзуъ даст бардоштанд, ӯйғурҳо дигарбора ба вилоятҳои шимолӣ, аммо ин дафъа Ҷузҷону Форёб интиқол ёфтанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.