Хабари рӯз

Кишварҳои “Формати Маскав” бештар аз терроризм ҳарос доранд, то ин ки ҳуқуқи зану ҳукумати фарогир.

Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангии Ховари Миёна дар Донишгоҳи Иёлоти Калифорния, узви Шӯрои машвараи "Сангар"

Кишварҳои минтақа ба ташаббуси Русия муаррихи шонздаҳуми ноябри 2022 зери унвони "Формати Маскав" перомуни қазияи Афғонистон нишаст доштанд.

Формати Маскав асосан дар моҳи апрели 2017 ба иштироки ёздаҳ кишвар, яъне Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳинд ва Афғонистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи соли 2022 зиёдтар кишварҳои ҳамҷавор саҳм гирифтанд, яъне Русия, Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Миёна. Дар ҷаласаи соли 2022 аз Толибон даъват нашуда буд, ки ин баёнгари як ҳақиқати талхи сиёсӣ барои Толибон буд, ки паёми равшан барои адами шиносоӣ ва ҳамкории сиёсӣ ба шумор мерафт.

Формати Маскавро метавон аз зовияҳои мухталиф баррасӣ кард.

Аввал мавқифгирии геополитикӣ ва стратегии Русия дар минтақа баёнгари ин матлаб аст, ки Русия мехоҳад дар масоили минтақавӣ ва Осиёи Миёна нақши фаъол дошта бошад ва бидуни машвара ва таъйиди Русия имконоти пешрафти сиёсӣ кам аст. Ин мавқифи Русия баъд аз хурӯҷи онии қувваҳои низомии Амрико, назар ба соли 2017 қавитар шудааст. Ҳамчунон норизоятии ҳама кишварҳои шомили ин конфронс бар алайҳи Толибон баёнгари ин умедворӣ аст, ки режими мутаҳаҷҷиру ақибмонда ва диктатории Толибон бояд суқут кунад. Ин нишаст марҳалаи ҷадиди ҷанги сардро байни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақам зад. Чин, Русия, Эрон минҳайси як қувваи стратегии минтақа ва Покистон дорандаи бомби атомиву қушуни азим ва ҳамкори ин чаҳор узви Формати Маскав мавқифи Амрикоро дар минтақа ба чолиш мекашонад. Қазияи Афғонистон ва Украина мавзӯъи ҷанги сардро доғтар сохтааст, зеро баъд аз суқути Кобул вазири хориҷаи Амрико возеҳ изҳор дошт, ки "асокири Амрико аз Афғонистон хориҷ шудааст, на худашон."

Формати Маскав ба тамоми ҷавониби ҳуқуқи башар, бонувон ва ҳукумати фарогир тамос гирифт ва аммо таъкиди зиёдтари ҷаласаи моҳи ноябри 2022 масъалаи терроризм ва амнияти кишварҳои узв буд ва ҳамчунон пахши маводи мухаддир аз Афғонистон. Метавон гуфт, ки Формати Маскав дар нишасти чаҳорум зиёдтар парешонии амниятӣ барои кишварҳои узв буд, ки аз амнияти дохилӣ ва хориҷӣ ба хотири шуюъи марази терроризм ҳаросон ҳастанд. Ин ҳаросонӣ тавҷеҳи дуруст дорад ва ин муҳаққиқ дар гузашта ҳам навиштам ва дар барномаи радиои машҳури NPR дар Амрико гуфтам, ки агар як иқдоми ҷиддӣ сурат нагирад, терроризм аз сарҳадоти Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва баъд ба Аврупо ва Амрико хоҳад расид.

Ҳамчунон аз нигоҳи суботи сиёсӣ, режимҳои диктатор ба пуштибон эҳтиёҷ дорад ва бо сохти як силсилаи занҷирӣ бақои худро тазмин мекунанд; Чунончи Русияи Шӯравӣ Аврупои Шарқиро зери юғи худ дошт ва замоне ки Русияи Шӯравӣ аз байн рафт, Аврупои Шарқӣ ҳам ба таъқиби он куллан суқут кард. Низоми терроризм ҳам на барои пешрафти ислом, ки худ сохтаанд, балки барои бақои худ бояд аз сарҳадот берун равад то битавонад зинда монад ва шурӯъи он аз Покистон хоҳад буд, дар сурате ки низоми Кобул боқӣ монад.

Нишаст Маскав бо ҳамкории Чину Русия дар муқобили Ғарб аст, ки аҳамияти худро дорад ва набояд нодида гирифт. Ин ҳамкорӣ ба пуштибонии Эрон ва Покистон боиси суқути Толибон хоҳад шуд, зеро низоми толибонӣ барои сиҳату саломатии сиёсии кишварҳои минтақа бисёр таҳдидомез ва ҳаросонкунанда аст. Дар сурате, ки низоми Толибон суқут кунад, достони сиёсати такқавмӣ ҳам дар Афғонистон дафн хоҳад шуд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!