Суботи Осиёи Марказӣ ба натиҷаи амалиёти вежаи Русия бастагӣ дорад
Нависанда: Андрей Серенко,
сиёсатшинос, сутуннавис ва хабарнигори вежаи "Независимая газета" (Русия)
Фармондеҳони Толибон* - и Афғонистон (созмони мамнуъ дар Федератсияи Русия) ва тамоми гурӯҳҳои ҷиҳодии мустақар дар Афғонистон аз наздик рӯйдодҳои Украинаро думбол мекунанд. Бар асоси иттилооти дарёфтӣ аз чандин манбаъ дар Афғонистон, бархе аз «фармондеҳони ҷиҳодӣ» на танҳо он чиро, ки иттифоқ меафтад, расад мекунанд, балки саъй доранд дар он саҳим бошанд, дар ҳоле, ки бархе дигар бо дар назар гирифтани омили украинӣ, дар ҳоли сохтани барномаҳои худ дар минтақа ҳастанд.
Барои аввалин бор, мавзӯъи Украина ҳадди аксар то мобайнҳои моҳи феврал, ҳудуди ду ҳафта қабл аз шурӯъи амалиёти низомии вежаи Русия, мавриди таваҷҷуҳи фармондеҳон ва ҷангиёни Толибон қарор гирифт. Сипас манобеъи Афғонистон дар гуфтугӯҳои хусусӣ бо "Независимая газета" аз тамоюли ғайримунтазираи теъдоде аз Толибон барои рафтан ба Украина барои ширкат дар амалиётҳои ҷангие, ки "ба зудӣ оғоз хоҳад шуд", хабар доданд. Дар айни ҳол, маълум шуд, ки чунин тамоюле дар миёни ситезаҷуёни афғон ношӣ аз хондани беҳудаи ахбор дар интернет нест - истихдомкунандагон дар Кобул ва теъдоде аз шаҳрҳои дигари кишвар зоҳир шуданд ва пули хуберо барои ширкат дар амалиётҳои оянда аз тарафи Украина ироа карданд. «Корфармоён»-и Толибон манобеъи пулии муносиб барои хариди муздурони ҷиҳодӣ барои «ҷабҳаи Украина» - ро аз куҷо ба даст оварданд, фақат метавон ҳадс зад. Манобеъ дар Афғонистон бо ироаи фарзияи худ, бо итминон аз Иёлоти Муттаҳида ба унвони ҳомӣ ном бурданд ва таъкид карданд, ки "амрикоиҳо бо раҳбарони гурӯҳҳои бонуфузи Толибон тамоси тиҷорӣ доштанд ва ба таври шаффоф ба созмони террористии мамнуъ дар Русия – Шабакаи Ҳаққонӣ* ишора карданд. Яке аз собиқ раҳбарони раёсати амнияти миллии Афғонистон ба “Независимая газета” гуфт: «Ба ҷуз ҳаққониҳо, ҳеҷ каси дигаре имрӯз наметавонад чунин кори истихдомиро дар Афғонистон ба сурати созмондеҳишуда ва мутмаин анҷом диҳад».
Акнун душвор аст, ки дақиқан бифаҳмем Толибон барои чӣ вазифае дар "ҷабҳаи Украина" истихдом шудаанд - ё барои ширкат дар дифоъ, ё баракс, барои ҳимоят аз ҳамлаи Украина алайҳи ҷумҳуриҳои шӯришии Донбас. Манобеъ дар Афғонистон ҳамон замон дар миёнаҳои моҳи феврал ҳардуи ин далоилро ба унвони тавҷеҳе барои ҷазби ҷангҷуёни Толибон зикр карданд. Онҳо ҳамчунин хотирнишон карданд, ки маъмурони Толибон бо иртибототи шахсӣ дар теъдоде аз ҷумҳуриҳои собиқи пасошӯравӣ нақши аслиро дар маъракаҳои истихдом дар моҳи феврал доштанд. Авлавият ҳангоми бастани қарордод барои "кор дар Украина" ба бастагон, дӯстон ва ошноёни қобили эътимоди истихдомкунандагон дода шуд. Ба ҳар ҳол, дар ҳамон замон мушаххас шуд, ки бархе аз "толибони украинӣ" – и оянда дар январи 2022 қаблан дар шӯришҳои Қазоқистон ширкат карда буданд, ҷое, ки онҳо низ тавассути ҳамон коргузорони Толибон ба сурати комилан созмонёфта ба хидмат гирифта шуданд.
То кунун иттилооти мувассақе дар мавриди роҳҳои интиқоли ҷангиёни истихдомшуда дар Афғонистон ба "ҷабҳаи Украина" вуҷуд надорад. Ҳамсуҳбатони “Независимая газета”, ки бо ин вазъият ошно ҳастанд, мӯътақиданд, ки тадорукот бояд шомили фурудгоҳҳои Покистон ва Туркия бошад, агарчи онҳо масирҳои дигар ва аслитарро рад накарданд. Ба ҳар ҳол, манобеъи “Независимая газета” дар Кобул қаблан аз дидани акс гузоришии як истихдомкунандаи Толибон, ки аз яке аз шаҳрҳои бузурги Украина барои бастагонаш дар Афғонистон фиристода шуда буд, лаззат бурда буданд.
Дар ин достон, ҷолибтарин нукта ин аст, ки ҳамон тур, ки мешавад фаҳмид, ҷангиён ва фармондеҳони Толибон, ки пас аз пирӯзии ғайримунтазираашон дар августи 2021 бекор мондаанд, фазои пасошӯравиро ба шакле комилан хос маконе барои касби даромад дар проектҳои мухталифи "муҳоҷирати ҷангӣ" дар назар мегиранд. Дар ибтидо, зоҳиран дар ҳолати озмоишӣ, Қазоқистон буд, ҳоло навбати Украина аст... Фақат метавон ҳадс зад, ки куҷои дигаре изи ин «оқоёни хушбахт»-и ҷиҳодӣ пайдо мешавад. Далоиле вуҷуд дорад, ки бовар кунем раҳбарон ва неруҳои амниятии се ҷумҳурии Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистони толибонӣ - Туркманистон, Ӯзбекистон ва ба вежа Тоҷикистон - бояд нигарон бошанд.
Чанд рӯз пеш, дар авҷи амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина, манобеъи “Независимая газета” дар Афғонистон аз таҳаррукоти ҷадиди ҷангиёни Ҷамоати Ансоруллоҳ* ва Давлати исломӣ (ДОИШ)* дар Шимоли Афғонистон хабар доданд. Бар асоси иттилооти мавҷуд, чандсад ҷангии Ҷамоати Ансоруллоҳ ба фармондеҳии яке аз зодагони Тоҷикистон, Муҳаммад Шарифов (маъруф ба Маҳдӣ Арсалон), то ҳадде аз Бадахшони Афғонистон, ки дар он ҷо панҷ вулусволӣ - Куфоб, Моймай, Шикай, Хоҳон ва Нусайро контрол мекарданд, ба манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Кундуз ва Тахори Афғонистон нақли макон карданд. Тақрибан ҳамзамон, манобеъи “Независимая газета” дар Афғонистон гузориш медиҳанд, ки ҷангиёни шохаи афғонии Давлати исломӣ ба раҳбарии Саноуллоҳ Ғаффорӣ ба вилояти Балх дар шимоли Афғонистон, ки ҳаммарз бо Ӯзбекистон аст, омадаанд. Манобеъи огоҳ аз авзоъ мутмаин ҳастанд, ки ҳамаи ин таҳаррукот бидуни иҷозаи Толибон ғайримумкин аст.
Дар ҳамин росто, ду таъйиноти ҷадид дар сохторҳои қудратии Толибон, ки дар ибтидои моҳи март сурат гирифт, холӣ аз аҳамият нест. Ибтидо яке аз аъзои баландпояи Шабакаи Ҳаққонӣ ба номи Ҳоҷӣ Молихон Ҳаққонӣ ба унвони муовини Ситоди кулли артиши Толибон муаррифӣ шуд ва дар воқеъ зимоми ин сохторро бар ӯҳда гирифт, ки ба барномарезии амалиёти низомӣ машғул аст. Дувум, яке дигар аз сарсупурдагони Шабакаи Ҳаққонӣ, Мавлавӣ Амирхон Ҳаққонӣ, фармондеҳи сипоҳ 209 – и артиш - “Ал-фатҳ” таъйин шуд, ки масъули контроли вилоятҳои ҳаммарз бо ҷумҳуриҳои пасошӯравии шимоли Афғонистон аст. Мушаххас аст, ки Шабакаи Ҳаққонӣ ҳам бар Ҷамоати Ансоруллоҳ ва ҳам бар раҳбарии шохаи афғонии Давлати исломӣ нуфуз дорад ва нақши навъе маркази тамоси ҷиҳодиро ифо мекунад ва амалиёти террористиро бо брендҳои мухталиф ҳамоҳанг месозад.
Манобеъи “Независимая газета” дар Афғонистон, ки бо фармондеҳони ҷиҳодӣ дар манотиқи шимоли кишвар дар тамос ҳастанд, чанд рӯз пеш гузориш доданд, ки ин фармондеҳон "ба диққат рӯйдодҳои Украинаро зери назар доранд ва мустақиман барномаҳои худро бо чашмандози амалиёти вежаи Русия муртабит мекунанд”: “Агар Путин битавонад ба аҳдофи худ дар Украина даст ёбад, ин бад-он маъност, ки ӯ контроли кулл фазои пасошӯравиро ҳифз хоҳад кард. Агар амалиёти Русия бо шикаст мувоҷеҳ шавад, бознигарӣ дар мавриди ҳаққи Москва барои контроли Осиёи Марказӣ метавонад оғоз шавад. Ба хотири чунин як рӯз ҳам ситезаҷуён дар шимоли Афғонистон омодагӣ мегиранд”.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст