Хабари рӯз

Заъфи режим дар Кобул барои Тоҷикистон, Чин, Эрон ва Покистон хатар эҷод мекунад.

Андрей Серенко, хабарнигори "Независимая газета" (Русия), раиси Маркази таҳлилии Анҷумани сиёсатшиносони Русия

Шохаи Афғонистони Давлати Исломӣ (ДОИШ, мамнуъа дар Русия), ки ба “Вилояти Хуросон” низ маъруф аст, бо итминон дар ҳоли тақвияти мавқеияти худ дар Афғонистон аст. Авомили ДОИШ ба сохторҳои калидии режими Толибон (ин созмон дар Русия мамнуъ аст) нуфуз карда, иқдомоти террористиро дар Кобул анҷом медиҳанд ва шурӯъ ба таҳдиди кишварҳои ҳамсоя - Тоҷикистон, Чин ва ҳамчунин Эрон ва Покистон кардаанд. Дар пасзаминаи фаъол шудани гурӯҳҳои ДОИШ, режими Толибон нотавонӣ, заъф ва эҳтимолан адами хоҳиш ба таваққуфи ҳомиёни проекти “хилофат”-созӣ дар минтақаро нишон медиҳад.

Соли 2023 метавонад нуқтаи атфе дар таърихи сиёсии шохаи Афғонистони Давлати Исломӣ бошад. Дар як солу ними ҳукумати Толибон, ДОИШ натанҳо тавоноии худро ба исбот расонда, балки тамоюли қотеъонае барои густариш дар дохилу хориҷ аз Афғонистон нишон додааст. Таҳлили фаъолияти “Вилояти Хуросон” дар моҳҳои ахир ба мо иҷоза медиҳад чанд нуктаи муҳимро сабт кунем.

Нахуст, шохаи Афғонистони ДОИШ дар ҳоли густариши тавоноиҳои худ барои нуфуз ба режими ҳоким дар Кобул аст. Манобеъи аз ҷумла наздик ба Толибон дар Афғонистон гузориш медиҳанд, ки авомили ДОИШ дар идорот ва омириятҳои мухталифи Толибон аз сатҳи вулусволӣ ва вилоятӣ гирифта то дафотири марказӣ дар Кобул ҳузур доранд. Дар соли 2022, як ҷосуси ДОИШ дар дафтари марказии Раёсати асосии истихборот (РАИ)-и Толибон шиносоӣ шуд: аз қазо, ӯ яке аз раҳбарони воҳиди истихборотии Толибон ва вазифааш мубориза бо “Вилояти Хуросон” буд. Дар ин сол, талошҳои муваффақиятомези авомили ДОИШ барои нуфуз ба бахшҳои минтақаии РАИ ошкор шуд. Ба вежа, чунин маврид дар раёсатҳои истихборот ва амнияи Толибон дар вилоятҳои Бадахшону Тахор сабт шудаанд. Толибон муваффақ мешаванд бархе аз авомили агентураи “Амният” (истихбороти ДОИШ)-ро шиносоӣ кунанд, аммо нозирони вазъ аҷалае барои муваффақиятомез хондани натоиҷи ин талошҳои онҳо надоранд.

Ба гуфтаи манобеъи “Независимая газета” аз миёни афсарони собиқи истихбороти Афғонистон, "Толибон акнун ба шиддат нигарони муваффақияти истихбороти шохаи афғонии ДОИШ, ба вежа дар шимоли Афғонистон ҳастанд ва талош мекунанд то бо нуфузи авомили ДОИШ ба дохили мақомоти вилоятии РАИ мубориза кунанд."

Сониян, “Вилояти Хуросон” дорои як захираи омӯзишдидаи интиҳориён аст, ки қодир аст амалиёти истишҳод (ҳамалот интиҳорӣ)-ро тақрибан дар саросари Афғонистон анҷом диҳад. Ҷолиб ин аст, ки мақомоти амниятии ҳам Толибон ва ҳам намояндагиҳои хориҷӣ, ҳаргиз натавонистаанд аз интиҳориёни ДОИШ ҷилавгирӣ кунанд.

Солисан, раҳбари “Вилояти Хуросон” барои созмондеҳии ҳамалоти ҳадафманд дар Афғонистон стратегияи равшан ва андешидашудае дорад. Террористҳои ДОИШ ҳар касеро, ки пеш омад, намекушанд ва мунфаҷир намекунанд - онҳо ҳамеша ба аҳдофи ғайритасодуфӣ ва бо диққат интихобшуда ҳамла мекунанд. Албатта, ситезаҷуён барои ҳифзи фазои тарс дар атрофи бренди ҷиҳодии худ ва нишон додани "авлавиятҳои арзишӣ"-и худ, ба таври давраӣ ҳамалотеро анҷом медиҳанд то ҳадди аксари теъдоди талафоти инсонӣ дар пай дошта бошанд (ба вежа, инфиҷори масоҷиди шиъаён ва ё тирандозӣ ба шаҳрвандони чинӣ дар як меҳмонхонаи Кобул). Бо ин ҳол, ахиран маъмурони “Амният” рӯи куштани афроди хос - ба унвони як қоида, кормандони барҷастаи режими Толибон - тамаркуз кардаанд.

Яке аз болотарин дастовардҳои "корхонаи қатл"-и шохаи афғонии ДОИШ то ба имрӯз, инфиҷори муваффақиятомези Муҳаммад Довуд Музаммил, волии Балх дар аввали моҳи март аст. Мулло Музаммил яке аз афроди мавриди эътимоди раҳбари Толибон Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд буд. Террори ӯ тавассути нозирони босалоҳияти Афғонистон ба унвони "нуқтаи сиёҳ"-и ДОИШ бар амири Толибон талаққӣ шуд.

Яке аз афсарони собиқи истихбороти Афғонистон гуфт: “Возеҳ аст, ки истихбороти ДОИШ ҳалқаи дохилии Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ, амири Толибонро ҳадаф қарор медиҳад. Ба назар мерасад, ки Ҳайбатуллоҳ, ки дар Қандаҳор як сабки зиндагии бисёр мунзавиро пеш мебарад, акнун дар ҳоли табдил шудан ба ҳадафи  бартарини террористҳои “Амният” аст. Албатта, дастрасии қотилони ҳирфаии ДОИШ ба ӯ осон нахоҳад буд, аммо тамоми талоши худро барои ин кор ба харҷ хоҳанд дод.”

Ногуфта намонад, ки дар ду моҳи гузашта, амири Толибон тағйироти ҷиддӣ дар низоми ҳифозати шахсии хеш  эҷод кардааст. Кормандони РАИ, ки амнияти ӯро дар соли аввали пас аз бозгашти Толибон ба қудрат таъмин мекарданд, барканор шуданд. Аз декабри 2022, як гурӯҳи вежаи муташаккил аз ҳамватанон ва ҳамқавмҳои ӯ аз қабилаи паштуни нурзай аз Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ муҳофизат мекунад. Нозирони вазъ ислоҳоти асосӣ дар низоми амнияти шахсии амири Толибонро бо ихтилофҳои дохилӣ дар раҳбарии “муллоҳои хашмгин” муртабит медонанд. Ба вежа бо рӯёрӯии миёни атрофиёни бунёдгарои Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ дар Қандаҳор ва “толибони ҷавон” дар ҳукумати Кобул, ки раҳбарони он Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ҳастанд.

Бо ин ҳол, акнун мушаххас шудааст, ки рақобати дохилӣ барои қудрат танҳо далели тағйир дар хадамоти амниятии амири Толибон набудааст. Ӯ акнун натанҳо аз ҳамдастони худ, балки аз интиҳориёни ДОИШ, ки ба гӯшанишини Қандаҳор наздиктар мешаванд, низ бояд битарсад.

Бо таваҷҷуҳ ба вежагиҳои тавсеаи проекти ДОИШ дар Афғонистон, наметавон эҳтимоли ҳамкории пуштипардаӣ миёни маъмурони оператифии “Вилояти Хуросон” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ”, яке аз ҷиноҳҳои аслии Толибони Афғонистон, мамнуъа дар Русияро истисно донист. Дар солҳои 2015-2021, шохаи Афғонистони ДОИШ бо истихбороти Покистон ва гурӯҳи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки вазири корҳои дохилии Толибон аст, бо муваффақият ҳамкорӣ дошт.

Имкон дорад, ки ин ҳамкорӣ ҳамоно идома дорад. Дар ин маврид, инро то ҳадди зиёде дар муассирияти ҳамалоти террористии ДОИШ, ки аз сӯи дӯстоне дар вазорати дохилаи Толибон ҳимоят мешавад, метавон дид. Агар чунин бошад, метавон дар мавриди ҳимояти воқеии яке аз гурӯҳҳои Толибон ва бар ҳамин асос вазорати дохилии Толибон аз проекти Давлати Исломӣ дар Афғонистон низ сӯҳбат кард.

Оё Толибон бо шохаи Афғонистони ДОИШ меҷангад ё баракс, ба тақвият ва густариши мавқеи он дар дохили кишвар ва минтақа кӯмак мекунад? Ҳанӯз посухи равшане барои ин савол вуҷуд надорад. Ва ин ба он маъност, ки Русия, Чин ва кишварҳои минтақа наметавонанд рӯи як муборизаи ҷиддӣ, воқеӣ ва муассири нерӯҳои ҳукумати Толибон бо “Вилояти Хуросон” дар дохили Афғонистон ҳисоб боз кунанд.

Манбаъ: “Независимая газета”


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!