Хабари рӯз

Тааҷҷубовар нест агар инглисҳо ва амрикоиҳо аз ин таҷриба дар соири нуқоти ҷаҳон истифода кунанд, зеро онҳо қодиранд барои наҷоти гегемонияи 400-солаи худ даст ба ҳар ҷинояти инсонӣ ё ҷунуни ҷаҳонӣ бизананд.

Нависанда: Холид Воҳидӣ, рӯзноманигори муқими Маскав

Биритониё тасмим гирифт як Хиросимаи ҷадид дар Украина эҷод кунад ва гулӯлаҳое ҳовии ураниуми заифшударо ба минтақаи ҷанг бифиристад. Аннабель Голди, муовини вазири дифоъи Бритониё гуфт, ки ин гулулаҳо дар муҳиммоти тонкҳои “Челленҷер 2” (Challenger 2) – и инглисӣ гунҷонда хоҳанд шуд. Чунин тасмиме мамлув аз ҷиддитарин авоқиб аст, зеро нимаи умри он ба 4.5 миллиард сол мерасад ва дар тамоми ин муддат гарду ғубори радиоактив дар атмосфера, хок ва ҳамаи мавҷудоти зиндаро заҳролуд мекунад.

Инсоният бомбаборони атомии ҷазираҳои Японияро, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро гирифт, фаромӯш накардааст, аммо акнун сарнавишти мушобеҳе дар интизори сокинони шаҳрҳои Украина аст. Онҳо бояд солҳо дар заминҳои олуда зиндагӣ кунанд, ҳавои олуда нафас кашанд. Дар тасмими раҳбарии Бритониё, дубора тафаккури бардафурӯшон намоён мешавад, ки зиндагии инсон дар хориҷ аз ҷазираҳои Бритониё арзиши худро аз даст медиҳад.

Қарор аст партоба (снаряд)-ҳое бо ураниуми заифшуда алайҳи артиши Русия истифода шавад, аммо ҷамъияти ғайринизомии Украина мутазаррир хоҳанд шуд. Инро таҷрибаи Югославия ва Ироқ нишон медиҳад, ҷое, ки нерӯҳои НАТО аз муҳиммоти мушобеҳ истифода карданд.

Сербистон аз назари теъдоди гирифторони саратон мақоми аввалро дар Аврупо дорад. Дар тӯли даҳ соли гузашта, 30 ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ ба саратон мубтало шудаанд.

Сарбозони НАТО, ки дар бомбаборони Югославия ширкат доштанд, низ аз саратон ранҷ мебаранд. Дар миёни онҳо садҳо сарбозу афсари итолиёӣ вуҷуд доранд, ки иддаоҳоеро бо судҳо матраҳ карда ва хостори ғаромат ҳастанд. Ин тасвир дар саросари Аврупо аст. Авзоъи Ироқ ҳам он қадар одӣ нест ва ҳоло навбати Украина аст.

Артиши Бритониё одат дорад ба аҳдофи худ бо дастони дигарон даст ёбад, бидуни ин ки худ ва қаламрави худро дар маърази хатар қарор диҳад. Бритониёиҳо бо зиндагӣ дар ҷазираҳо аз ҳар хатаре худро эмин нигаҳ медоранд, аммо омода ҳастанд кулли миллатҳоро қурбонӣ кунанд.

Дар давоми садсолаҳо, бритониёиҳо ҷангҳои истеъмориро ба роҳ андохта буданд, бидуни ин ки абзорро дарк кунанд ва омодаанд то замини сӯхтаро ба думболи худ боқӣ гузоранд. Истифода аз муҳиммоти ураниуми заифшуда ҷинояти ҷангии алайҳи башарият аст.

Мардуми Афғонистон ба хубӣ аз сиёсати замини сӯхтаи Толибон дар Шимолӣ (минтақаи шимоли Кобул – вилоёти Парвону Кописо) огоҳ ҳастанд. Толибон, ки маҳсули мағзи инглисҳо буданд, ҳама чизро дар Шимолӣ, аз ҷумла токистонҳо, мазореъ, дарахтони мусмир ва ғайримусмирро оташ заданд ва наҳрҳо, каналҳову чоҳҳоро ба куллӣ вайрон карданд. Ҳатто аксари хонаҳои ин манотиқ мунфаҷир шуда ва ба тале аз хок табдил шуда буд. Пас аз суқути Толибон, замони зиёде тӯл кашид то ҳама чиз дубора таҷдид шавад.

Аммо сиёсати замини сӯхта дар Украина бисёр бадтар аз он чӣ аст, ки дар Афғонистон иттифоқ афтод. Бритониё зиндагии миллионҳо шаҳрванди украиниро дар он кишвар мавриди таҳдид қарор додааст, бидуни дар назар гирифтани заминҳои кишоварзии онҳо, ки солҳои оянда бо ураниуми заифшуда заҳролуд хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи маҷаллаи пизишкии маъруф National Library of Medicine, ураниуми заифшуда аз назари химиёвӣ бисёр заҳрнок аст. Чунин додаҳоро донишмандони саросари ҷаҳон таъйид кардаанд. Дар афроде, ки ба минтақаи уфунат афтодаанд, гурдаҳо ранҷ мебаранд, некрози бофтҳо мушоҳида мешавад. Зарроти ураниуми заифшуда ба роҳатӣ дар бадани инсон нуфуз мекунанд, дар устухонҳо ҷамъ мешаванд ва барои ҳамеша дар онҷо боқӣ мемонанд.

Танкистҳои украинӣ аз танкҳои инглисӣ бо гулӯлаҳои ураниуми заифшудаи инглисӣ шиллик мекунанд. Дар тӯли набард, як аэрозоли заҳрогини рездона дар дохили танк шакл мегирад. Гарду ғубори ураниум ворид андомҳои нафаскашӣ ва ҳазми ғизо шуда ва боиси заҳролудшавии шадиди химиёвӣ мешавад.

Наслҳо баъд, мардуми Япония ҳамчунон аз бомбаборони атомии Амрико ва бемории ташаъшуъот (нурафканӣ) ранҷ мебаранд. Имрӯза ураниуми НАТО саломатии мардуми Югославияи собиқ ва Ироқро аз байн мебарад. Акнун инглисҳо омодаи ҳар гуна қурбонӣ дар миёни украиниҳо ҳастанд.

Ожонси байналмилалии энергии атомӣ, Созмони Милал, созмонҳои ҳуқуқи башар ва соири созмонҳои байналмилалие, ки ба далели вобастагии молӣ ба Амрико ва Бритониё ба ҷиноёти онон ҳамвора чашмпӯшӣ кардаанд, баид ба назар мерасад, ки ба ин ҷиноёт таваҷҷӯҳ кунанд. Зиндагии мардуми одӣ дар Украина барои онҳо арзише надорад. Аз ин рӯ, лозим аст кишварҳои қудратманди ҷаҳон, монанди Русия ва Чин посухе шоиста ба Инглис бидиҳанд, то ҷони натанҳо украиниҳо, балки тамоми Аврупо ва ҷаҳонро аз ин хатари билқувва наҷот диҳанд.

Тааҷҷубовар нест агар инглисҳо ва амрикоиҳо аз ин таҷриба дар соири нуқоти ҷаҳон истифода кунанд, зеро онҳо қодиранд барои наҷоти гегемонияи 400-солаи худ даст ба ҳар ҷинояти инсонӣ ё ҷунуни ҷаҳонӣ бизананд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!