Хабари рӯз

Омӯзиши ҷангҷуёни Чин, Русия, Сурия ва Осиёи Марказӣ дар пойгоҳҳои Афғонистон

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори вижаи “Независимая газета”

Дар Кобул маркази ҳамоҳангии фаъолиятҳои ҷиҳодистҳои хориҷӣ, афроде, ки аз Чин, Русия, Сурия ва Осиёи Марказӣ ба Афғонистон омадаанд, эҷод шудааст. Ин марказ таҳти контроли дастгоҳҳои амниятии “Толибон”-и Афғонистон, сохторе аст, ки тавониста намояндагони аслии гуруҳҳои ҷиҳодиро дар як бистари воҳид гирд оварад. Нақши калидӣ дар ин маркази ҳамоҳангӣ дар Кобулро ҷангҷуёни ӯйғур ифо мекунанд.

Манобеъи огоҳ гузориш медиҳанд, ки ҳадди ақал аз сентябри 2025, пойгоҳе барои ҷиҳодистҳои хориҷӣ дар минтақаи Шашдараки Кобул фаъолият дорад. Фармондеҳи ин пойгоҳ “Суҳайл Муҳоҷир” - як ӯйғури аҳли Минтақаи худмухтори Шинҷони Чин - аст. Ӯ бар атбоъи хориҷӣ, умдатан ӯйғурҳои чиниву шаҳрвандони Ӯзбекистон раҳбарӣ мекунад. Теъдоди нерӯҳо тағйир мекунад, аммо ҳастаи собит байни 15 то 20 нафар аст.

Пойгоҳи Шашдарак таҳти назорати мустақими Абдулҳақ Васиқ, раиси Раёсати умумии истихбороти Афғонистон, қарор дорад (дар ҳамон минтақа низ мақарри аслии истихборот воқеъ шудааст). Қорӣ Фасеҳуддини Фитрат, раиси ситоди артиши Толибон, фаъолияти ин пойгоҳро ҳамоҳанг мекунад ва робити сохторҳои Толибон, бавижа дар шимоли Афғонистон аст. Ӯ, ки аҳли Бадахшон аст, дар миёни Толибон ба “подшоҳи Бадахшон” шӯҳрат дорад, зеро ин вилоят ҳаммарз бо Тоҷикистон, Чин ва Покистон аст ва барои шабакаи террористии минтақаӣ аҳамияти зиёде дорад.

Пойгоҳи Шашдарак бо гуруҳҳои ҷиҳодии хориҷӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Бадахшону Бағлон, иртиботи наздик дорад. Дар ин гуруҳҳо низ ҷангҷуёни ӯйғур нақши меҳвариро бозӣ мекунанд. Дар Бадахшон, манобеъ бар нақши “Абдураҳмон Муҳоҷир”, як ӯйғури аҳли Туркистони Шарқӣ (Чин) таъкид мекунанд, ки чанд солест дар Афғонистон асту узви фаъоли шабакаҳои ҷиҳодии минтақа ба шумор меравад. Ӯ муовини “Шайх Зокир”, фармондеҳи низомии “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” аст.

Абдураҳмон Муҳоҷир нақши муҳим дар таъмини ниёзҳои ҷиҳодистҳои хориҷӣ дар шимоли Афғонистон дорад. Ӯ ғолибан дар Бадахшон ҳузур дораду силоҳ, муҳимот ва таҷҳизот барои онон харидорӣ мекунад. Дар сентябри имсол ӯ бори дигар ба манотиқи Бадахшону дараи Хустак рафт ва як маҳмулаи бузурги аслиҳаву муҳимот таҳия кард. Мақомоти Толибон на танҳо монеъи кор ӯ нашуданд, балки ба ӯ кӯмак низ карданд: Муҳоҷир ин маҳмуларо дар хонаи “Заҳироллоҳ” - муовини молии фармондеҳи марзии Толибон дар Қалъаи Токи вулусволии Баҳорак анбор кард.

Дар вилояти Бағлон, ҷое, ки Абдураҳмон Муҳоҷир бо хонаводааш зиндагӣ мекунад, яке аз бузургтарин пойгоҳҳои ҷиҳодистҳои хориҷӣ қарор дорад. Ин пойгоҳ дар дараи Каркар воқеъ шудаву ҳудуди 1000 метри мураббаъ масоҳат дорад. Дар он ҷо дафотири раҳбарони ӯйғуру ӯзбек, аз ҷумла Ҳоҷӣ Фурқон, фармондеҳи “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва Зокир, раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, мустақар аст. Ҳамчунин Қорӣ Сироҷ, муовини Ҳоҷӣ Фурқон, Қорӣ Зайд, масъули луҷистики пойгоҳ ва фармондеҳони калидӣ ҳамчун Ҷаъфар, Салоҳуддин ва Ҳоҷӣ Салмон низ бахши зиёде аз вақти худро дар он ҷо мегузаронанд.

Ба гуфтаи манобеъ, дар пойгоҳи Каркар коргоҳҳое барои монтажу таъмири паҳподҳои таҳоҷумӣ ва ҳамчунин анборҳое барои аслиҳаву муҳимот вуҷуд дорад. Як “мадрисаи ҷиҳодӣ” вижа барои омӯзиши нерӯҳои интиҳорӣ низ дар он фаъол аст. Ҳудуди яку ним моҳи пеш, ҷазби нерӯ дар миёни толибони шимоли Афғонистон, бавижа тоҷикҳову ӯзбекҳо, ба шакли густарда оғоз шуд ва то кунун ҳудуди 500 нафар ҷазб шудаанд.

Фармондеҳони ӯйғуру ӯзбеки пойгоҳ тамаркузи зиёде бар нуфузи худ дар шимоли Афғонистон доранд: ӯйғур “Форуқ Муҳоҷир” масъули меҳвари Бадахшон аст (ва ҳар рӯз ба сурати онлайн классҳои яксоата барои ҷангҷуёни хориҷӣ баргузор мекунад), Зокир масъули меҳвари Кундузу Қорӣ Зайд масъули меҳвари Бағлон аст (ӯ ҳамчунин мудирияти пардохти ҳуқуқи нерӯҳои ҷадидро бар дӯш дорад). Пуштибонии луҷистикии пойгоҳро Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши Толибон, бар дӯш дорад.

Ба таври куллӣ, ҷангҷуёни хориҷӣ башиддат дар сохторҳои режими Толибон дар Афғонистон идғом шудаанд. Дар ноябри 2025 мушаххас шуд, ки беш аз 400 ҷангии ӯйғур, ӯзбеку тоҷик - аъзои гуруҳҳои мухталифи террористӣ - дар воҳидҳои низомии “Толибон”-и Афғонистон дар вилояти Бадахшон мустақар шудаанд. Ба таври муътабар гузориш шуда, ки садҳо ҷангҷӯи мусаллаҳ аз Шинҷони Чин, Тоҷикистону Ӯзбекистон акнун дар гурдонҳои марзӣ ва лашкари сеюми “Умарӣ”-и артиши Толибони Афғонистон ҳузур доранд.

Бисёре аз ин ҷангҷуён дар даргириҳои ахир бо артиши Покистон ширкат карда буданд ва пас аз поёни даргириҳо дубора ба маҳалҳои истиқрори доимии худ дар вилоятҳои Бадахшон, Бағлону Кундуз бозгардонда шуданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки 74 муҳоҷими интиҳорӣ, ки дар пойгоҳи Каркар омӯзиш дида буданд, бино бар дастури Ҳоҷӣ Фурқон аз Бағлон ба Қандаҳор эъзом шуданд, то дар амалиёт алайҳи Покистон ширкат кунанд.

Дар 5 ноябр, дар яке аз меҳмонхонаҳои Шашдараки Кобул, нишасте миёни раҳбарони аслии гуруҳҳои ҷиҳодии хориҷӣ ва раиси истихбороти “Толибон”-и Афғонистон Абдулҳақ Васиқ баргузор шуд. Дар ин нишаст, Мулло Талҳа аз “Толибон”-и покистонӣ, Ҳоҷӣ Фурқон, раҳбари ҷангиёни ӯйғур, Зокир, Ҷаъфар, намояндаи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон (гуруҳи мамнӯъ дар Русия), Абдулҳақ Ӯйғурӣ, намояндаи “ДИИШ” (гуруҳи мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон ва низ ҳудуди 30 узви фаъоли бахши истихбороту пропаганда дар Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ҳузур доштанд.

Дар ин ҷаласа, аз ҷумлаи мавзӯъоти дигар, имкони иҷрои амалиёти муштарак алайҳи Тоҷикистон тавассути ҷангҷуёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва толибони покистонӣ бо ҳимояти ҷиҳодистҳои ӯйғур баррасӣ шуд. Ширкаткунандагон муносибтарин замон барои анҷоми чунин амалиётҳоеро баҳори соли 2026 донистанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!