Масири ояндаи ҳамкориҳои амниятии Амрико бо муттаҳидонаш, ки маркази сиқли он ин кишвар маҳсуб мешавад, камокон дар ҳолае аз ибҳом боқӣ мемонад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Гузориш шуда, ки Амрико дар ҳоли ройзанӣ барои хурӯҷи низомӣ аз кишварҳои Руминия, Полша, ҳавзаи Балтика ва Аврупои Шарқӣ аст. Қабл аз он, ҳамалоти лафзии Трамп бар алайҳи аврупоиҳо, вокуниши даступочаи аврупоиҳо барои ташкили “НАТО-и аврупоӣ” ва як назми амниятии ҷудо аз Амрико, паёми ҷадиде барои муҳандисии шамоили амнияти байналмилалӣ бо рӯйкарди якҷонибагароёна ва масире барои тарроҳии манзумаи амниятии мубтанӣ бар манофеи мушаххаси Амрико, боиси тақвияти ин мафрузоти амниятӣ шудааст.
Дар ин хусус, пурсишҳои зиёде матраҳ мешавад, ки Амрико бо иқдомоти ахир ва дар пайи шикасту рехт ва талош барои вожгунӣ дар манзумаи классики амниятии ҷанги сард, ки ин кишвар ба унвони меҳвари аслии он қаламдод мешуд, ба думбол чӣ аст? Оё назми амрикоии амниятӣ дар ҷаҳон дигар матраҳ нест?
Иқдомоти вежа ва бепешинаи Амрико мубтанӣ бар рӯйкарди якҷонибагароёнаи сиёсӣ ва амниятӣ дар арсаи низоми амнияти байналмилалӣ, ки ин кишвар дар он нақшӣ асосиро аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум бозӣ карда, дидгоҳи нахуст амнияти Амрико ва манофеи муртабит ба он, боҷхоҳӣ аз шуракои қадимии аврупоӣ барои идомаи маъмурияти таъмини амният ин қора аз ҷониб Амрико ва талошҳои даступогир барои навсозии зарфиятҳо ва сохтори низомии Амрико, чизе қобили нигарониро дар зеҳнияти амниятии ин кишвар нишон медиҳад, ки таҳлилҳои бархоста аз ҳаводис, аз баррасии он ғофил будаанд.
Аммо ҷолиб ин аст, ки бо вуҷуди иқдомоти ғайримутаорифи Трамп ва зӯргӯиҳои бепешинаи вай бо шуракои қадимии амниятии он ҳеҷ тасмиме барои хурӯҷи низомӣ аз Бритониё ва Олмон гирифта нашудааст. Яъне Трамп намехоҳад охирин мехро бар тобути назми амниятии Аврупо, ки устухонбанди он худи Амрико аст, бикӯбад!
Дар айни ҳоле, ки ин кишвар дар талош аст, то аз тааҳҳудоте, ки дорои ҳазинаҳои сангини молӣ ва иқтисодӣ барои Амрико буда, шона холӣ кунад ва бори масъулияти онро ба шонаҳои аврупоиҳо бигузорад, бидуни ин ки эҳсос шавад, Амрико дигар дар меҳвари ин пӯёииҳои амниятӣ нест. Ба ин ҳисоб, агар Аврупо дар майдон танҳо гузошта шаванд, мумкин қадами баъдии Трамп хурӯҷ ва тасмими ниҳоӣ дар мавриди паймонҳои амниятии Шарқи Осиё, монанди Аукус (AUKUS) ва Квод (QUAD) бошад, ки манзумаи ҷадиде аз нигаришҳои тавъам бо эҳтиётро дар зеҳнияти амниятии ин кишвар ба намоиш хоҳад гузошт.
Дар зимн, бисёр муҳим аст, то бидонем, ки Русия, Чин ва меҳвари амниятии Осиё, чӣ тавр ба ин иқдомоти Трамп нигоҳ мекунанд? Бар илова, пурсиши асосӣ ин аст, ки назми амниятии мавриди назари Трамп чӣ тавр роҳҳалле мабнӣ бар муқобила бо чолишҳои бунёдии фаророҳии ин кишварро таъбир карда ва иқдомоти муқтазиро дар хусуси он мадди назар хоҳад гирифт? Бидуни шак, ки вокуниши руқабои Амрико дар ин хусус низ дар тағйири масири инкишофи ин раванд ва муодилаи печидаи амниятӣ, ки таъсири он бар тамоми ҳавзаҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ҷаҳон, қобили ламс аст, дида хоҳад шуд.
Гуфтанӣ аст, ки то соли 2022, Иёлоти Муттаҳида беш аз 100 ҳазор сарбоз дар Аврупо дошт, ки 10 ҳазору 500 сарбози он дар Полша, 4 ҳазор сарбоз дар Литва, 3 ҳазору 300 сарбоз дар Венгрия ва 900 сарбоз дар Булғория мустақар буданд. Ин ақибнишинии Амрико дар идомаи тааҳҳудоти амниятӣ он ки ҷонмояи аслии тафаккури амниятии Амрикоро дар сохтори низоми амнияти байналмилалӣ шакл медиҳад, боис хоҳад шуд, то Аврупои Шарқӣ дар маърази нуфузи Русия ба унвони бахше аз музокироти ҷанги Украина қарор диҳад. Ҷуғрофияе, ки ба таври суннатӣ алорағми соя ва нуфузи густурдаи Амрико баъд аз фурӯрехти назми байналмилалии дуқутбӣ камокон ҳавзаи суннатии нуфузи Русия ба унвони қудратмандтарин кишвари аврупоӣ маҳсуб мешавад.
Русия дар ҳоли ҳозир, бо мадди назар доштани тағйир дар сиёсати давлати ҷадиди Амрико ба раҳбарии Трамп, мавқеияти беҳтаре барои таъйини марзҳои ҷуғрофиёӣ дар Аврупоро ёфта ва гумон меравад рӯйкарди оштиҷӯёнаи Трамп дар баробари он мунҷар ба хурӯҷи Амрико аз тааҳҳудоти амниятии мутааддид дар соири нуқоти ҷаҳон гардад, ки ҳама ба нафъи меҳвари осиёӣ, ба вежа Русия ва Чин тамом хоҳад шуд.
Ба ҳар ҳол, масири ояндаи ин ҳамкориҳои амниятии Амрико бо муттаҳидонаш, ки маркази сиқли он ин кишвар маҳсуб мешавад, камокон дар ҳолае аз ибҳом боқӣ мемонад. Чун дар сурати хурӯҷи Амрико аз ин паймонҳо ва тааҳҳудоти байналмилалии амниятӣ нисбат ба муттаҳидонаш сохтори амнияти байналмилалӣ шаклу шамоили дигаре хоҳад дошт. Ин масъаларо метавон бо мафрузоти мухталиф дар арсаи амнияти байналмилал ҳал сохт.
Ба таври намуна, мумкин ин паймонҳои амниятии амрикоӣ баъд аз хатми тааҳҳудоти ин кишвар нисбат ба муттаҳидони қадимиаш дар Аврупо, Шарқи Осиё ва Ховари Миёна, манотиқи ёдшударо дар халои як назми амниятӣ фурӯ барад. Ва ё ин ки меҳвари амниятии осиёӣ талошеро дар ҷиҳати пур сохтани ин хало ва анҷоми тааҳҳудоти тоза бо мадди назар доштани манофеи хосси амниятиаш анҷом диҳад, ки дигар Амрико дар маркази ин таомулот ва пӯёиҳои амниятӣ қарор надошта бошад.
Ба ҳар ҳол, инкишофи масири ҳаводис дар моҳҳои оянда ба тамом ин пурсишҳо, посух хоҳад дошт.