Хабари рӯз

Ҳазрати Расули Карим (с) дар ҳадиси дигаре, ки дар робита ба Ашраф Ғании фирорӣ аст, чунин фармудааст: "Се гуноҳ аст, ки бо вуҷуди он ҳеҷ кори неке судманд нест: ширк додан ба Худо, нохушнудии падару модар ва фирор аз ҷанг!”

МУАЛЛИФ: ФАРИД ЮНУС

Дунё аҷаб дунёест. Инсон худашро фаромӯш мекунад. Худояшро фаромӯш мекунад. Ба ононе ки масъулият доранд, фаромӯш мекунад. Масалан, як падар масъулияти фарзандро фаромӯш мекунад ва як раиси давлат масъулияти раиятро.

 Асосан инсон як мавҷуди масъул халқ шудааст ва бояд масъулиятпазир бошад. Ин масъулиятҳои мост, ки моро инсонҳои мутааҳҳид ба зиндагӣ месозад. Масъулиятҳои мост, ки моро дар хонавода, иҷтимоъ ва ҳатто таърихи як кишвар сарбаланд ва сарфароз ва ё шармсор месозад.

Фирор аз масъулиятҳо инсонро дар дунёву охират шармсор месозад ва дар дини мо гуноҳи бузург шумурда мешавад. Расули Карим (с) фармудааст, ки: "Агар касе умур ва кори мусулмононро ба даст гираду дар кори онҳо монанд кори худаш дилсӯзӣ накунад, бӯи биҳишт ба ӯ нахоҳад расид".

Ашраф Ғанӣ дар имтиҳони Худо ва таърих қарор гирифт. Дар умури мусулмон ғафлат кард. Қавмпарастии ӯ ва хешхӯриҳое, ки ҳатто амаки ҳаштодсолаашро сафири Русия муқаррар кард, мисли ин ки дар кишвар қаҳтулриҷолӣ буда бошад. Воқеан дар низоми демокрасӣ бисёр музҳик аст, ки шиор он курсии мардум, аз тарафи мардум барои мардум аст ва амаки раисҷумҳур сафир шуда буд. Низоми бистсолаи Афғонистон этнократия буд, на демократия.

Ашраф Ғанӣ бо зердастон ба найрангу фиреб рафтор кард ва ҷолиб ин ки ҳамеша як тасбеҳ дар даст дошт, то мардумро фиреб дода бошад, ки шахси ботақво аст. Расули Карим (с) фармудааст: "Ҳар, ки бо зердастони худ ба найранг рафтор кунад, аҳли ҷаҳаннам аст".

Назар ба ин аҳодис ва ононе ки аз дил ба Қуръони Маҷид ва суханони гуҳарбори пешвои ислом эътиқод доранд, Ашраф Ғанӣ дар он дунё ҳам дами хуш нахоҳад зад. Худованд ҳаққи худро мебахшад ва аммо ҳаққи бандагони мазлум, ки ҳуқуқашон поймол шуда бошад, намебахшд (ҳаққуллоҳ ва ҳаққ ул-абд).

Қавмпарастӣ, хешхӯрӣ ва найранг ҳама як сӯ ва ин ки фирор кард обрӯи Афғонистонро мусолиҳа кард ва кишварро таслими чанд нафари нодон дудаста ба хотири қавмгароӣ таслим кард ва на танҳо Афғонистонро бадном кард, исломро бадном кард.

Ба гуфтаи як духтари ҷавону нозанини Афғонистон, ки як видеоклипи ҷолиб таҳия кардааст ва ба Ашраф Ғанӣ гуфта, ки тилову лоҷувард ва миси Афғонистонро дуздӣ мекардиву фирор мекардӣ, аммо ту обрӯи Афғонистонро дуздӣ кардӣ ва фирор кардӣ.

Ҳазрати Расули Карим (с) дар ҳадиси дигаре, ки дар робита ба Ашраф Ғании фирорӣ аст, чунин фармудааст: "Се гуноҳ аст, ки бо вуҷуди он ҳеҷ кори неке судманд нест: ширк додан ба Худо, нохушнудии падару модар ва фирор аз ҷанг!”

17 декабри 2021


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!