Хабари рӯз

Мулло Бародар, муовини сарвазир, ё ба истилоҳи худашон, раисулвузаро – раиси вазирони Толибон* мансабдорони ҳукуматҳои қаблӣ – Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғаниро ба фасод муттаҳам кард

Муаллиф: ФАЗЛ АҲМАД МАЪНАВӢ

Он ҳукуматҳо бидуни баҳс хеле фосид буданд ва ба номи демократия ва мардумсолорӣ фасод мекарданд, ки ҷазояшонро дар ин дунё диданд ва дар он дунё хоҳанд дид. Аммо “Толибон” ба номи ислом фасод мекунанд, ки ҷазо дар ахират барояшон маълум, аммо дар рӯи замин интизор аст. 

Фасоде, ки Мулло Бародар аз он ҳарф мезанад ва бидуни истисно ҳамаи кормандони ҳукумати гузаштаро ба он муттаҳам месозад, чист?

Оё фасод асли куштани инсон, рехтондани хуни ноҳақ ва вайронии шаҳрҳову қасабот нест? Коре, ки дар 27 соли гузашта толиб анҷом додааст.

Фасод ба таъбири Қуръон: 

“Ва ҳар гоҳ қудрат ёбед, барои фасод дар замину нобудии зироатҳо ва насл (нобудии башар) кӯшиш мекунад ва Худованд фасодро дӯст надорад”.

Истифодаи абзорӣ аз дини Худо бепосух намемонад. Интизори расвоии дунё ва охираташонро дорем. Зулму ҷиноят бедод мекунад. Аз ҳазорон намунаи зулм, беадолатӣ, ғасб, зӯргирӣ, боҷгирӣ, ришваситонӣ ва тороҷи амвол, ки дар ҷараён аст, танҳо гӯшаҳое мустанадсозӣ ва ба намоиш гузошта мешавад, ҳазорон қазияи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ҷуръати пахши онро надоранд.

Агар баҳсашон аз фасоди идорӣ дар ҳукумат гузаштааст, шахсиятҳои содиқе дар ватан буданд, ки бо икмоли иззат вазифаи хидматрсонӣ ба мардумро анҷом додаанд. Ҷаба ва диноре хиёнат накардаанд ва ҳисобашон назди мардум ва Худояшон ҳадди ақал аз лиҳози идорӣ ва ахлоқӣ пок аст.

Беҳтар аст аз маркаби ғуруру кибр андаке поин оед ва ба атрофатон бингаред, ки чӣ ҷараён дорад, баъд ба дигарон битозед.

Шумо дар низоми музҳикатон аз ҳукумати қаблӣ касеро роҳ намедиҳед!? Инро ба ёд дошта бошед, ки онҳое ки мафҳуми ҳукуматдориро мефаҳманд ва боиззат зиндагӣ кардаанд, ба худ нангу ор медонанд, ки дар ҳукумати худхондаи мағсуба (ғасбшуда)-и ғайримашрӯъ кор кунанд ва шомили гуноҳу зулм бо гурӯҳи ҷоҳил ва золим гарданд.

Бовар ин аст, ки муқовамат ва истодагӣ дар баробари ин гурӯҳ муборизаи воқеӣ бо фасоди бузург аст.

Ҳар, ки мехоҳад фасодро аз замини Худо барчинад, ба сафи муқовамат бипайвандад.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!