Зеленский ба зудӣ дар ҳамон музейи маҳкумият ва фаромӯшӣ меравад, ки дар як гӯшаи торики он Ашраф Ғанӣ нишастааст ва девонавор ба сӯяш чашмак мезанад...
Нависанда: Раззоқи Маъмун, узви Шӯрои машваратии "Сангар"
Ин матлаб, ки ду сол қабл (8 апрели 2022), дар айни авҷи ҷанги Русияву Укроин, навишта шуда, он рӯзҳо ҳангомаи зиёде барпо кард ва норизоиятиву интиқодҳои ҷонибдорони ҳукумати Зеленскийро дар пай дошт. Ҳол худ бихонед ва қазоват кунед, ки то куҷо пешбиниҳои муаллиф муҳаққақ шудаанд.
Бархе аз афғонистониҳо дар Аврупо ва Амрико бо завқзадагӣ аз қаҳрамоне ба номи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина сӯҳбат мекунанд ва дар баробари вай Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури собиқро накӯҳиш мекунанд, ки мисли Зеленский дар баробари толиб ё таҷовузи Покистон истод нашуд ва фирор кард.
Чун дар асли моҷаро диққат кунем, фарқи чандоне миёни Ғанӣ ва Зеленский машҳуд нест. Чӣ басо, ки Зеленский сабуксартар ва нооқибатандештар аз Ғании афғонӣ аст.
Ашраф Ғанӣ, бонии навини қавмиятсолорӣ дар Афғонистон шумурда мешавад, ки Афғонистони нимахаробаро ба ҳамтаборонаш таҳвил дод ва ба манифести зеҳниаш вафодор монд. Аммо Зеленскийи камедиан бузургтарин кишвари Аврупои Шарқиро бо ободиҳо ва маданияти қадимааш ба сарнавишти Афғонистону Сурияи осиёӣ мубтало кард.
Сифати ҳарду ҳамсон аст. Ашраф Ғании Аврупоӣ ва Зеленскийи Афғонӣ ҳарду аз фаровардаҳои сиёсати бурунмарзии Амрикоянд.
Амрико Ғаниро бо омезае аз маводу масолеҳи бадавияти осиёӣ ва рангмолии санъатии сиёсати амрикоӣ тавлид кард. Дар ҷавонӣ ӯро аз долонҳои мухталифи мағзшӯӣ убур дод. Рӯзе расид, ки ҳамчун як “технократи шариф” ва “мағзи мутафаккири дувуми дунё” ба Афғонистони имрӯз пешкаш кард.
Ин “технократ” то мағзу устухон аз назари таборӣ “мусаллаҳ” буд. Дар интихоботи бохташуда пирӯз эълом шуд ва корфармои амрикоӣ Доктор Абдуллоҳро, ки аз назари зеҳнӣ, худашро як «ҷамъиятии ҷангсолор» қабул карда буд, дар ду давр пеши поҳояш ба тамкин хам кард.
Владимир Зеленский як камедиан, ё ба қавли мардум, “масқарабоз” аст. Солҳои 2015 - 2018 дар як сериёли тиливизиёнии мавсум ба “Ходими миллат” нақш бозӣ кард, ки дар он ривояти омӯзгоре баён мешавад, ки ба мақоми раёсатиҷумҳурӣ мерасад.
Яке аз ғалатандозиҳои таърих иттифоқан дар ҳамин Украина мушоҳида шуд, ки дар ҳеҷ кишваре чунин нашуда буд.
Сериёли “Ходими миллат” ҳанӯз ба поён нарасида буд, ки бозигари нақши раисҷумҳур - Зеленский дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2019 раисҷумҳури воқеии Украина интихоб шуд.
Ин гузина воқеан аз мардум буд?
Дар олами воқеъ баъид аст, ки бозигари як драма, чунон зеҳнияти умумиро ба таври табиӣ шакл диҳад, ки ҳама якзабону муттаҳидона ба интихоби як ҳунарпешаи сериёле, ки худ достони раисҷумҳур шудани ҳунарпешаро баён карда, ба як иродаи миллӣ табдил шавад.
Ҳама чиз дарозоии чандин сол дар чаҳорчуби як барномаи ҳамаҷонибаи иттилоотӣ - расонаӣ созмондеҳӣ шуда буд. Айни ҳамон чизе, ки дар Афғонистон иттифоқ афтод ва Ашраф Ғанӣ пас аз панҷоҳ сол ба саҳнаи қудрат оварда шуд.
Дар асл, Зеленский монанди нусхаи афғониаш (Ашраф Ғанӣ) на ходими мардум, балки ходими дунёи Ғарб буд. Ҳадаф аз ин ҳама саҳнасозиҳо ва сериёлҳо, бакоргирии ҷодуии масрафи расонаӣ ва заминасозии равонӣ барои ҷоандозии як чеҳраи мавриди ҳадаф дар зеҳнияти умумӣ буд. Офариниши як дастнишонда дар як фароянди нарм, ки натиҷааш як фитнаи сахтафзоре дар таърихи Украина буд.
Чӣ гуна мешавад ба осонӣ бовар кард, ки шуури умумии Украина бо тардастӣ гӯл хӯрд ва дар як давраи ҳассоси таърихи сиёсӣ, фарде ба саҳнаи заомати кишвар боло оварда шуд, ки ҳирфааш хандонидани халқ буд ва аз нафаси дигардесиҳои печида дар таърихи як кишвари ҷанҷолӣ чизе сар дар намеовард?
Замоне, ки пурсиши будан ва набудани як кишвар матраҳ аст, як масхарабози фоқиди ҳар гуна таҷрибаи сиёсӣ ва давлатдориро бар сарири қудрат фароз оварданд. Дар ин рӯйдодҳо, навъе қаринасозии таърихӣ байни Афғонистон ва Украинаро мушоҳида мекунем.
Зеленский монанди Ашраф Ғанӣ, ба ҷои хидмат ба мардуми худашон, ба дастгоҳи сиёсати бурунмарзии Амрико дар Аврупо ва Афғонистон хидмат карданд. Ин хидмат, табоҳии ду кишваре буд, ки чашми умеди мардум ба сӯи онҳо маътуф шуда буд.
Зеленский бори масъулияти таърихии сангинтареро бар дӯш мекашад. Вай кишвареро ба харобазор бадал кард, ки нисбат ба Афғонистон аз басо ҷиҳот равнақ ва бартарӣ дошт. Вай таърихи хунии мардуми Украина ва Русияро бо шамшере, ки нерӯҳои ғарбӣ ба дасташ дода буданд, ду ним кард.
Мероси Зеленский вайрониҳои ғайриқобили ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба мардуми Украина аст. Ӯ дар риштаҳои ҳазорсарии пӯёиҳои ниҳодҳои иттилоотӣ худашро дарпечид ва гум кард. Аз зарқу барқи омадурафти мақомоти ғарбӣ ба Киев ва хушмашрабиҳои раҳбарони аврупоӣ ва бастаҳои ташвиқии камарзиши низомиву иқтисодӣ манофеъи аслии кишварашро ба ҳароҷ гузошт.
Иштибоҳи Зеленский ва аркони ростгароён дасти кам гирифтани мавқеият ва сиёсати роҳбурдии Русияи нав буд, ки таърифи милли худро аз рӯи фарҳанги қудратманди гузаштаи Русияи қадим дар ҳоли навиштан аст. Русия ба думболи таърифи аслии таърих худаш, аммо Зеленский аз таърихи худаш ба сӯи Амрико дар фирор буд.
Акнун товони аслии лағзишҳои фоҳиши ростгароёнро мардуми Украина мепардозанд. Дуруст монанди таърихи маъюби Афғонистон, ки то рост кардани дубораи қомати хеш аз гарданаҳои тоқатсӯз бояд бигзарад.
Раҳбаре, ки истиқлоли воқеиро бо бозиҳои сар ба ҳаво ва расонаиву таслим шудан ба ҳаяҷонҳои фейшании тавлидшуда дар коргоҳи алигархҳои ҳаюлоии дунёи аслиҳафурӯшон ва арбобони нафтии парворшуда дар Амрико ба фано диҳад, дар тарозуи таърих чӣ мавқеияте хоҳад дошт?
Касе, ки бо хомбозӣ ва масхарабозӣ барои ҳамлаи Русия ба хоки худ заминасозӣ кард, поёни кораш хеле ногувор хоҳад буд. Ӯ метавонист оташи ихтилофотро бо оқибатандешӣ хомӯш нигаҳ дорад ва саҳл метавонист аз нобудии куллия зерсохтҳои низомӣ, иқтисодӣ ва ҳаётии Украина ҷилавгирӣ кунад.
Русия ва Аврупо сарнавишти муштарак доранд ва ҷудонопазиранд. Дар ин миён, Украина бо сарнавишти хеш бозӣ кард.
Барандаи ин ҷанг Русия ва Амрико ҳастанд. Русия, ба ҳар баҳое шуда, нигарониҳои роҳбурдии худро сар аз нав мудирият мекунад. Амрико, аз фурӯши ҷангабзорҳо ва нотавон шудани Аврупо лаззат мебарад. Ҷанги Украина дастоварди истихбороти Амрико буд, ки дар нимароҳ саҳмияи панҷоҳдарсадиашро Путин аз дасташ рабуд.
Зеленский баъд аз ин, монанди Ашраф Ғанӣ ба фаромӯшхона меравад. Ӯ маъмурияти худро барои дигарон ба сар расонд. Он чӣ бояд баъд аз ин иттифоқ биафтад, ҳушёрии ба гарав рафтаи ҷомеаи Украина аст, ки дар гузиниши раҳбарони хеш шефтаву шайдои бозигароне нашаванд, ки дар коргоҳи амалиёти зеҳнии Ғарб парварида шуда ва якбормасрафанд.
Зеленский ба зудӣ дар ҳамон музейи маҳкумият ва фаромӯшӣ меравад, ки дар як гӯшаи торики он Ашраф Ғанӣ нишастааст ва девонавор ба сӯяш чашмак мезанад.
Таърих чӣ ҷодугари фиребкорест!