95 миллиард доллари Амрико кӯмак нест, балки сармоягузорӣ барои нобудии башарият аст.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Билохира Амрико изофатар аз 95 миллиард долларро барои идомаи ҷанг дар ҷаҳон тахсис дод.
Маҷлиси Амрико файсала кард, ки 60.84 миллиард долларро барои кӯмаки Украина ва муқобила бо Русия тахсис медиҳад.
26 миллиард долларро барои идомаи ҷанги Ғазза ва алайҳи мусулмонон ба Исроил, ихтисос дод.
8.12 миллиард долларро барои ҷанги минтақаи Ҳинд, Чин, Уқёнуси Ором, ба шумули Тайван ва як теъдод кишварҳои дигар манзур кард.
Агар маҷмӯъи ин маблағ барои саодату оромиши инсонҳо барои аз байн бурдани амрози гуногун, ба хотири сулҳу амният, ба хотири фақрзудоӣ, ба хотири омӯзишу таълим ва тарбия, барои умуроти сиҳӣ ва рушди фарҳангӣ, ҳампазирӣ, дӯстиву муҳаббат, сулҳу сафо масраф мешуд, чӣ қадар хуб мебуд!
Мутаассифона, зимомдорони дунёи имрӯз ин миқдор пулро дар роҳи ҷанг ва барои нобудии инсонияту башарият масраф мекунанд, ки хеле ҷои афсӯсу таассуф аст.
Ман намедонам, ин девонагӣ ва ҷунуни башарият то чӣ вақт идома хоҳад дошт?
Теъдоди зиёде аз дӯстон пурсидаанд дуруст аст, ки ин миқдор долларро Амрико барои идомаи ҷанг тахсис додааст, аммо чӣ тавру бо чӣ шева ва бо кадом шарту шароит ин миқдор доллар масраф мешавад?
Маҷбур шудам то он чиро, ки бо худ ёддошт дорам, бо дӯстони азиз низ шарик бисозам.
Дӯстони гиромӣ, идомаи ҷангҳо як навъ тиҷорат ё ба ибораи дигар як навъ бизнеси бузургест. Ҳар сиёсатмадор, ки дар Амрико мехоҳад раисҷумҳур шавад, агар бо моликони фабрикоти силоҳ задубанде надошта бошад ва заминаи силоҳфурӯшии онҳоро фароҳам насозад, ҳаргиз наметавонад раисҷумҳур мунтахаб шавад.
Аз сӯи дигар, дар мавриди хатми ҷунуну девонагӣ ҳамчу масориф, он ҳам ба манзури куштору нобудӣ, то замоне идома хоҳад ёфт, ки форматсияи иҷтимоиву иқтисодии чаҳорумин аз панҷ сохторҳои башарият то кунун, ин чаҳоруме, ки дар ду фаза, яъне капитализм фазаи нахуст ва империализм фазаи дуюм идома хоҳад ёфт: он ҳам гузор ё ба шакли иртиқоиҳои эволютсионӣ ва ё ҳам инқилобӣ, револютсионӣ!
Аммо фаромӯш нашавад, ки кишварҳои дигар ҳам, ки фабрикоти силоҳ доранд, монанди Русия, Чин ва соири кишварҳо ба зудӣ тавлиди силоҳҳои худро ҳадди ақалли 15 ило 20 фисад баланд хоҳад бурд.
Ин такомул илзомист, чунки аз се марҳалаи рушд, инкишоф ва таквини худ, сохтори чаҳорумии ду абъод аз се буъдро тай карда, ҳам сууд ва ҳам уруҷро кунун дар марҳалаи севумин, яъне уфули худ по гузоштааст, империализм ба масобаи болотарин марҳалаи капитализм.
Пас империалист ба хотири манфиати худ, фарзанди худро фидо ва қурбонии манфиати худ менамояд. Дар баробари ин миллиардҳо трилионро бо фурӯши силоҳҳои куштори инсон ба даст меоваранд ва камоӣ мекунанд.
Танҳо фурӯши аслиҳа марбут ба ин 5 кампанӣ (ширкат) намешавад. Кампаниҳои дигар ҳам ҳастанд, ки аслиҳа тавлид мекунанд ва мефурӯшанду чашм дар роҳ ҳастанд, ки сиёсатмадорон ҷангро шӯълавар созанд, то онҳо силоҳ бифурӯшанд.
Ин кампаниҳо ҷиҳати қатлу наслкушии фаластиниён, ба хотири ҷанги Украина ва Русия ва дар оянда Чину Тайван силоҳ тавлид мекунанд ва ба фурӯш мерсонанд, ки арқомро метавон баршумурд: ширкати Боинг - 30,8 миллиард, Генерал Динамик - 30,4 миллиард, Локҳид Мартин - 63,3 миллиард, Норд Труп Крумн - 32,4 миллиард, РТ Икс - 30,6 миллиард.
Дар баробари ин миқдор фурӯши сомонаҳои одамкуш, миллиардҳо, триллионҳоро ҳусул мекунанд.
Ҳоло дар ахир мехоҳам ба таври мушаххас се барандаи ин бозиро, ки бештарин судро мебаранд, ном бибарам.
1- Касоне, ки фабрикоти силоҳ доранд, бахусус яҳудиҳо дар Амрико;
2 - Касоне, ки алоқа доранд аз ин пулҳо ҳайфу майл кунанд, дуздӣ кунанд ва бубаранд;
3 - Билохира додани ин пулҳо боиси ин мешавад, то сиёсатмадорони беҳиммат, ки пуштибони миллӣ ва мардумӣ надоранд, дар қудрат бимонанд.
Дур дор аз хоку хун доман чу бар мо бигзарӣ,
К-он дар ин раҳ кушта бисёранд, қурбони шумо.
Ҳофиз
Нидои қабри хуфта дар баробари раҳгузар беэътиност, ки бар сараш бемуҳобо мегузарад.
Аммо сиёсатмадорони дунё ба хотири таҳфизи қудрат барои инсонкушӣ ва маҳви башарият камар бастаанд, вале мо ҳама хомӯшем ва ҳама сар фуруд овардаем ва намегӯем бас кунед аз ин ҷиноётатон дастбардор шавед.