Исломобод ҳанӯз ёд нагирифта, ки аз роҳҳои қонунӣ ва меҳнати ҳалол, мардуми худро таъмин кунад, аммо ҳамчунон бахти худро бар рӯи бадбахтиҳо ва ранҷҳои Афғонистон месозад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар ҳудуди даҳ соли қабл китобе навишта будам таҳти унвони “Покистон - меҳвари шарорат”, ки дар Афғонистон изофатар аз даҳ ҳазор ҷилди он ба фурӯш расид.
Ман ҳанӯз ҳам ба ин ақида ҳастам, ки Покистон меҳвари шарорат аст. Лаҳзоти пеш шунидам, ки Осиф Алӣ Дурронӣ, намояндаи хоси Покистон дар умури Афғонистон дар раъси ҳайате ба Афғонистон омадааст, то як бори дигар ба мақомоти Кобул бигӯяд, ки мо қурбонии терроризм ҳастем ва ТТП (Таҳрики Толибони Покистон) хатари бузурге барои Покистон аст.
Аммо ба ақидаи ман, ҳақиқати амр ин нест, чун ТТП ҳам сохта ва бофтаи ISI ва покистониҳо аст, чун Покистон аз ҳимояти терроризм соҳиби силоҳи ҳаставӣ шудааст.
Покистон мехоҳад нишон диҳад, ки қурбонии терроризм аст ва мустаҳиққи меҳрубонии сиёсӣ, кӯмакҳои таслиҳотӣ ва иқтисодӣ аст. Бо ин кор Покистон дар талош аст то аз як тараф, иттиҳоми ҳимоят ва бистарсозии терроризмро аз ҷабини низоми террористпарвари амниятии худ пок кунад ва аз сӯи дигар, бо дарёфти кӯмакҳои низомиву таслиҳотӣ аз Амрико ва кишварҳои дигар, ки бо он мақодири нақдина аст, дар масири рақобат ва саркӯби миллати мазлуми Афғонистон ва ҳарифони минтақавии худ истифода кунад.
Бо таваҷҷуҳ бо он чӣ, ки ба таври мухтасар гуфтам, бозии ҷадиди Покистон бо корти ТТП, як бозии хатарноки амниятии тавъам бо мақосиди сиёсиву иқтисодӣ аст. Покистон аз қазо, ба истифода аз корти терроризм ва бозӣ бо гурӯҳҳои худсохтаи террористӣ, одат дорад ва онҳоро манбаъи хубе барои даромадҳои молӣ, таъқиби аҳдоф амниятӣ ва сиёсӣ, талаққӣ мекунад. Дида шавад, ки ин бозӣ то куҷо ба нафъи Покистон пеш меравад ва ин кишвар метавонад аз корти гурӯҳҳои террористӣ ба нафъи худаш суд бибарад.
Аз сӯи дигар, қарор буд, ки интихоботи Покистон тайи ду моҳи оянда баргузор шавад, аммо назар ба мушкилоте, ки Покистон дорад, дирӯз комиссияи интихоботи он кишвар эълон кард, ки интихоботи Покистон баъд аз панҷ моҳу даҳ рӯзи дигар баргузор хоҳад шуд.
Ба ҳар сурат, ман ҳамеша ҳақоиқро навишта ва боз ҳам бо ҷуръат менависам, ки дунё бояд бидонад, Покистон омили тамоми бадбахтиҳои Афғонистон буда ва аст ва кишвари Покистон хеле дар муқобили миллат мо хоинона ва мазбуҳона сиёсат кардаву мекунад.