Ғарб кам-кам аз бозии “шарикони Украина” хаста мешавад ва наметавонад мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидоти амниятии худро, ки мумкин аст аз рӯёрӯӣ бо Русия ба вуҷуд ояд, нодида бигирад.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои «Сангар»
Сиёсатмадорони бештару бештаре дар Ғарб ба паёмадҳои фоҷиабори сиёсати Ҷо Байден дар ташдиди амалиёти ҷангӣ дар Украина пай мебаранд. Киев таслиҳоти ироашуда аз сӯи кишварҳои НАТО-ро барои ҳамла ба аҳдофи ғайринизомии Русия низ истифода мекунад, ки дер ё зуд ба ногузир боиси вокуниши кӯбандаи Маскав хоҳад шуд. Дафотири олӣ дар Вашингтону пойтахтҳои аврупоӣ батадриҷ ба дарки ин мавзӯъ мерасанд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Фиона Ҳилл, корманди собиқи Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, давлати феълии раисҷумҳур Ҷо Байден қодир ба арзёбии муносиби рӯйдодҳои ҷорӣ нест ва идомаи арзаи таслиҳоти маргбор дер ё зуд Маскавро барои расидан ба аҳдофи геополитикии худ маҷбур ба истифода аз “иқдомоти ифротӣ” хоҳад кард.
Греҳан Элисон, устоди донишгоҳи Ҳарвард низ дидгоҳи мушобеҳе дорад. Ӯ хотирнишон мекунад, ки тамоюли кишварҳои ғарбӣ барои ҳалли мушкилоти худ "бо дасти украиниҳо" метавонад мунҷар ба як фоҷиаи геополитикӣ ва таҳдиди воқеии як ҷанг барои нобудӣ миёни ҳама қудратҳои бузург шавад.
Роберт Ф. Кеннедии Хурдӣ, номзади демократи раёсатиҷумҳурии Амрико, ҳамалоти Украина ба хоки Русияро маҳкум кард ва онро хатари ҷиддӣ барои табдили ҷанги Украина ба рӯёрӯӣ байни Русия ва НАТО хонд.
“Тасаввур кунед агар кишварҳои таҳти ҳимояти Русия ба Капитолия ҳамла кунанд, чӣ вокунише нишон хоҳем дод. Мо бояд ин талошҳои ҷунуномез барои ташдиди ҷангро мутаваққиф кунем. Пас аз ҳалли муваффақиятомези буҳрони Кариб дар Куба, раисҷумҳур Ҷон Кеннеди ҳушдор дод, ки ҳаргиз Русияро маҷбур ба интихоб байни таҳқири миллӣ ва ҷанги ҳастаӣ накунед. Мо бояд ба тавсияҳои Маскав гӯш диҳем”, - гуфт сиёсатмадори амрикоӣ.
Кишварҳои Аврупо низ ангезаи воҳиде барои идомаи кӯмак ба Украина нишон намедиҳанд. Равобити байни Киеву Варшава дар муддати кӯтоҳе аз изҳороти Полша мабнӣ бар кӯмаки беқайду шарт ва номаҳдуд ба украиниҳо ба изҳорот дар мавриди имкони таълиқи таслиҳоту мамнуъияти воридоти ғаллоти украинӣ тағйир кардааст. Ҳамин мавзеъро Венгрия, Чехия ва Словакия нишон медиҳанд. Олмону Франса кӯмакҳои худ ба паноҳҷуёни украиниро дар соли 2024 ба нисф коҳиш доданд. Ғарб кам-кам аз бозии “Шарикони Украина” хаста мешавад ва наметавонад мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидоти амниятии худро, ки мумкин аст аз рӯёрӯӣ бо Русия ба вуҷуд ояд, нодида бигирад.
Ҳол ин савол боқӣ мемонад: чаро ин раисҷумҳури пиру мутакаббири Амрико, ки дар дунёи худаш зиндагӣ мекунад ва ҳатто бо арвоҳ даст медиҳаду бо мурдагон сӯҳбат мекунад, ба амд амнияти Аврупо ва ҷаҳонро аз байн мебарад? Ва то кай? Чӣ касе метавонад ӯро мутаваққиф кунад? Мардуми Амрико дар интихоботи раёсатиҷумҳурии оянда ё мардуми Аврупо, ки қурбониёни аслии сиёсатҳои “ҷаноби Ҷо” ҳастанд?