Чаро фурудгоҳи низомии Багром барои Толибон сарнавиштсоз аст?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Майдони ҳавоии Багром дар ҳоли ҳозир ба як захми хунин табдил шудааст.
Тайи чанд рӯзи гузашта бо тақозоҳои мукарраре, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико изҳор карда буд Толибон бо ин хости Трамп мухолифат карданд ва таъкид доштанд, ки мо ба ҳеҷ сурат ҳозир ба таслими пойгоҳи Багром нестем.
Аммо иттилооти дақиқе вуҷуд дорад, ки дар пайи фишорҳо ва машвараҳои кишвари Қатар ва дигар ҳомиёни Толибон барои Толибон машвара додаанд, ки шумо майдони ҳавоии Багромро дар дастраси Амрико бигузоред, аммо дар бадали маблағи моҳвор, дар сурате ки Толибон тасмим бигиранд ва машвараҳои кишвари Қатарро бипазиранд, майдони ҳавоии Багромро дар муқобили пардохти 20 ило 30 миллион доллар дар моҳ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷора диҳанд, ин иқдом аз манзари сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дорои паёмадҳои густурда ва печида хоҳад буд.
Оё Амрико чунин кореро анҷом хоҳад дод?
Ба ақидаи ман, бале, собиқаи чунин қарордодҳое дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Иёлоти Муттаҳида дар чандин кишвар пойгоҳҳои низомиро бар асоси қарордодҳои иҷораӣ дар ихтиёр дорад, монанди Қатар (пойгоҳи Алъадид), Кувайт, Олмон, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ.
Дар ҳамаи ин кишварҳо, Амрико ё иҷора пардохт мекунад ё ба ҷои он кумаки низомӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ ироа медиҳад. Бино бар ин, аз диди Амрико, иҷораи Багром амре ғайримумкин нест, бавежа агар аҳдофи стратегӣ дар минтақа дар авлавияти кори Амрико бошад (монанди контроли таҳаррукоти Чин, Русия, Эрон ё гурӯҳҳои террористии минтақаӣ).
Агар Толибон Багромро иҷора диҳанд, чӣ хоҳад шуд?
Мазоид:
- Толибон аз инзивои комили сиёсӣ ва иқтисодӣ фосила мегиранд.
- Даромади арзии моҳона барои идораи кишвар ба даст меоваранд.
- Мумкин аст гоме ба сӯи шиносоии байналмилалӣ ҳам бардошта шавад.
Маъоиб:
- Бо интиқоди шадиди дохилӣ ва аз ҷониби нерӯҳои тундрав ва ҷиноҳҳои ифротӣ рӯбарӯ мешаванд.
- Машрӯъияти мазҳабӣ ва идеологии онон дар миёни ҳомиёни суннатиашон осеби ҷиддӣ мебинад.
- Мумкин аст ихтилофоти дохилӣ дар раҳбарии Толибон боло бигирад (байни амалгароён ва усулгароён).
Агар майдони Багромро надиҳанд, чӣ хоҳад шуд?
- Истиқлоли сиёсии худро ҳифз мекунанд.
- Аммо ҳамчунон зери фишори иқтисодӣ ва сиёсии Амрико боқӣ мемонанд.
- Амрико эҳтимолан ба думболи пойгоҳҳои ҷойгузин дар Осиёи Миёна ё Покистон меравад.
Ҷамъбандӣ:
Тасмими иҷора додани Багром, барои Толибон як шамшери дулаба аст. Агарчи аз назари иқтисодӣ судманд аст, аммо дар сатҳи дохилӣ ва эътиқодии пурҳазина хоҳад буд. Ояндаи сиёсии Толибон ба ин бастагӣ дорад, ки оё метавонанд байни амалгароии сиёсӣ ва вафодории идеологӣ тавозун барқарор кунанд ё на, мо бояд чанд рӯзе аз ҳавсаламандӣ кор бигирем. Шумо интизор навиштаҳои баъди ман бошед.