Амрико худро аз “ботлохи Украина” берун кашид.
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, дар таърихи 23 сентябри 2025 дар ҷараёни мубоҳисоти умумиии ҳаштодумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки агар Ҷо Байден ба қудрат намерасид, ҷанг дар Украина ҳаргиз оғоз намешуд.
Дар ин марҳала дар ҳукумати Иёлоти Муттаҳида як “бознигарӣ” нисбат ба бесамар будани ҳимоят аз проекти Украина анҷом шудааст. Ин рӯйкард бар асоси таҳлили айнӣ ва амиқ аз таҳаввулоти майдони ҷанг, фазои умумӣ ва вазъияти иқтисодии Иёлоти Муттаҳида шакл гирифтааст.
Рӯйкарди амалгароёнаи Вашингтон дар қиболи сиёсати Украина, ирсоли таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Киев аз будҷаи Амрикоро истисно медонад. Шавоҳиди ин тағйири рӯйкардро метавон дар натоиҷи дидори дуҷониба миёни Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар ҳошияи Маҷмаъи умумии Созмони Милал мушоҳида кард.
Дар идомаи ин мавзӯъ, Кэролайн Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, дар таърихи 23 сентябри 2025 эълом кард, ки тарҳи ҷадиди ирсоли таслиҳот ба Украина, ки таъмини молии он аз тариқи будҷаи кишварҳои аврупоии узви НАТО анҷом мешавад, ба нафъи молиётдиҳандагони амрикоӣ аст. Пештар раисҷумҳур Доналд Трамп дар музокирот бо Марк Рютте, дабири кулли НАТО, таъкид карда буд, ки миёни Иёлоти Муттаҳида ва ин иттиҳод бар сари ирсоли таслиҳот ба Украина бо ҳазинаи кишварҳои аврупоӣ тавофуқ ҳосил шудааст.
Коҳиши нақши Вашингтон дар ҳимоят аз Украинаро сиёсатмадорони баландпоя дар Киев низ таъйид мекунанд. Барои мисол, Алексей Гончаренко, намояндаи парлумони Украина аз ҳизби “Ҳамбстагии аврупоӣ”, хотирнишон кард, ки раисҷумҳури Амрико дар интишори худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social бар тавоноии украиниҳо барои бозпасгирии сарзаминҳои аздастрафта бидуни Иёлоти Муттаҳида ва танҳо бо ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст.
Дидгоҳи мушобеҳеро низ таҳлилгарони рӯзномаи The Telegraph иттихоз кардаанд. Онҳо суханони раисҷумҳури Амрико дар ҳошияи ҳаштодумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милалро чизе ҷуз талош барои вогузории нақши аслии ҳимоят аз Украина ба аъзои аврупоии НАТО намедонанд.
Коршиносони ғарбӣ бар ин боваранд, ки супурдани “парвандаи Украина” ба Аврупо ва НАТО метавонад яке аз бадтарин хабарҳо барои Владимир Зеленский дар рӯзҳои ахир бошад, чаро, ки ин сенария ҳеҷ тазмине барои амнияти Украина аз сӯи Вашингтонро фароҳам намекунад.