
Толибон маоши занонро ба 5 ҳазор афғонӣ, муодили 70 доллар, маҳдуд карданд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Ҳазор рӯз аз баста шудани макотиби духтарона дар Афғонистон, ки ба амри раҳбари Толибон масдуд гардида, гузашт ва билохира бо сипарӣ шудани се сол маоши тамоми хонумҳо аз даҳ ҳазор ва бист ҳазор афғонӣ ба панҷ ҳазор афғонӣ таназзул ёфт ва аз ҷумлаи фаромини содиршуда, 83 адади он алайҳи ҳуқуқи занон будааст.
Тибқи фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон маоши кормандони занро агар ПиЭйчДи (PhD) доранд, агар мастери (mastery) доранд, ва ё фориғи синфи дувоздаҳ ҳастанд, агар инҷинеранд ё доктаранд ва аз назари низомӣ агар рутбаи аввал ҳастанд ё рутбаи ҳашт 5000 афғонӣ таъйин кардааст.
Ин фармон на ҷанбаи исломи дорад, на ҷанбаи инсонӣ ва на ҳам ҷанбаи ҳуқуқӣ.
Мактуби фавқ ба имзои Нурулҳақ Анвар, сарпарасти раёсати умумии идораи умури Толибон ба тамоми идороти давлатӣ ирсол гардида ва гуфта шудааст, ҳама масъулини давлат мукаллаф аст, ки маош занонро аз ин бештар пардохт накунанд.
Агар ҳадафи Мулло Ҳайбатуллоҳ инсофу адолат аст, агар воқеан масъалаи ислому дин матраҳ аст, чаро ин фармон болои зану мард аз Мулло Ҳайбатуллоҳ гирифта то поинрутбатарин корманди давлат яксон 5000 афғонӣ маошро намегиранд.
Оё ин инсоф аст, ки вузаро чаҳор лаку панҷ лак маош мегиранд ва як корманди зан 5000 афғонӣ маош мегирад, чаро тамоми фаромин бар зидди занон аст.
Бидуни тардид ин як табъизи ғайриинсонии ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ аст.
Ҳама медонад, ки ин адолат нест, балки хилофи арзишҳои диниву исломӣ аст. Ман бовар дорам, ки ин ба хотири камбуди будҷа нест, ба хотири ин аст, ки хоҳарону модари мо аз қишри нисвон ҳама аз давоири давлатӣ бираванд, то кишвар ба як ҷангали ваҳшату даҳшат ва ба зидди тамаддун табдил шавад.
Бо ин маош, ки нисфи зиёдатари он кироя рафтуомад мешавад, ман бовар надорам, ки ҳеҷ хонуми дигар ба вазифа биравад, мутмаин оҳиста-оҳиста ҳама вазоифашонро тарк мекунанд.
Дар ин иртибот бояд мардуми бошарафи Афғонистон дар ҳар ҷой, ки ҳастанд, алайҳи ин беадолатиҳо ва амали нобахшиданӣ садо баланд кунанд.
Ин аст табъизи ҷинсиятӣ алайҳи хоҳарону модарони сарзамини мо...
Пайнавишт: Бидуни шак, ки ҳукумати Толибон ҳамашумул аст. Ба нақл аз Институти таҳқиқоти Ховари Миёна ташкилоти ҳукумати Толибон қарори зайл аст:
Маҷмӯъи кормандони ҳукумат - 1137 нафар:
1 - Ҳазора - 6 нафар;
2 – Нуристонӣ - 2 нафар;
3 - Қизилбош – 0;
4 - Паштун - 891 нафар;
5 - Тоҷик - 53 нафар;
6 - Содот - 1 нафар;
7 – Пашшаӣ - 1 нафар;
8 - Гуҷур – 0;
9 - Сикх/ҳинду – 0;
10 - Балуч – 0;
11 - Туркман - 1 нафар;
13 - Араб - 0;
14 - Аймоқ – 0;
15 - Ӯзбек – 28.
Аммо ҳич зан дар кобинаи ин гурӯҳ ҳузур надорад.